Пас аз 23 соли сукут Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон сукуташро шикаст ва дар як ҳамоиши вижа ҳудуди 3 соат ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфт.
Пас аз 23 соли сукут Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон сукуташро шикаст ва рӯзи 22-уми май дар як ҳамоиши вижа дар шаҳри Душанбе ҳудуди 3 соат ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфт.
Ӯ гуфт, далели ин ҳама сол хомӯш буданаш нобоварӣ ба рӯзноманигорон буд, ки ҳамеша сӯҳбатҳошяро бо таҳриф дар матбуот нашр мекарданд. Дар зимн, аз Отахон Латифӣ, рӯзноманигори маъруф ёд кард, ки ба гуфтаи ӯ, «бо як сабти номаҳфум ва ношуниданиаш» дар мавриди ГКЧП раванди истеъфои ӯро тезонид.
Иқрор кард, ки бинобар бузург шудан дар муҳити русӣ забони тоҷикиро хуб намедонад ва воқеан, хилофи қабули «Қонуни забони тоҷикӣ» буд. Ӯ гуфт, нахустин эътирозгарони ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 бо таҳрики қозикалони вақт, Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода ба кӯча баромада буданд. Аммо ӯ гуфт, ҳеҷ кушта шудани 25 нафар дар ҳодисаҳои «Баҳманмоҳи хунин»-и соли 1990 бо супориши ӯ сурат нагирифта буд, балки ҳангоми саркашии сокинон аз амри полис кушта шудаанд. Маҳкамов бо дифоъ аз худ гуфт, он замон онҳо бидуни Маскав ҳеҷ тасмиме гирифта наметавонистанд ва бо дахолати Горбачёв, раҳбари вақти Шӯравӣ, ки ҳамеша мегуфт, ба «гирдиҳамомадагон даст нарасонед, кор то хунрезӣ кашид». Дар ҳоле ба гуфтаи ӯ, сари вақт имкони ҷилавгирӣ аз хунрезӣ вуҷуд дошт.
Ба суоли Акрам Сангов, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж», ки «воқеан, аз рафтани шумо мо пушаймон шудем ва оё худи шумо пушаймон нашудед?», гуфт, аз он изҳори таасуф мехӯрад, ки натавонист, тарҳҳои дар нақшадоштааш, мисли бунёди Нерӯгоҳи Роғун ва нақби «Анзоб»-ро, ки он замон бо суръат идома доштанд, анҷом диҳад.
Дар ин нишаст бо хоҳиши Иброҳим Усмонов, раҳбари маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо” ширкаткунандагон бештар ба ҳарфҳои Маҳкамов гӯш андохтанд ва суолҳои кунҷкобона ва далелнок аз ӯ талаб карда нашуд.
Ҷаноби Усмонов мегӯяд, барои чунин як сӯҳбат фурсати зиёд дар ихтиёр надоштанд ва имкон набуд, ки давоми се соат ҳамаи масоилро бо тафсил байён кард. Аз сӯи дигар, Усмонов мегӯяд, то ба маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо» овардани Маҳкамов барояш осон даст надодааст. Хоҳиши зиёд, фаҳмонидани муҳимияти масъала ва бо истифода аз шиносоие, ки қаблан бо ӯ доштааст, ӯ барои сӯҳбат бо аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ розӣ шудааст. Усмонов мегӯяд, сӯҳбати Қаҳҳор Маҳкамов аҳамият муҳими таърихӣ дорад: «Дар солҳои навад ҳодисаҳои муҳиме дар таърихи Тоҷикистон рух додааст. Ман, ки дар заминаи ин мулоқотҳо мавод омода мекунам. Мо фикри чанд нафари муҳим дар ин солҳоро пурсидам. Бо Нур Табаров сӯҳбат кардем ва бо Бурӣ Карим ҳам моҳҳои наздик тасмими сӯҳбат кардан дорем. Фикри Маҳкамовро ҳам гирифтем. Инҳо ду тарафи муқобил дар ҳодисаҳои солҳои навадум буданд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки бо ёдоварӣ аз ин воқеаҳо ҳатман номашон гирифта мешавад. Бо анҷоми сӯҳбат бо инҳо кор кардан дар бораи ҳодисаҳои солҳои навад барои ман рӯшантар хоҳад шуд, ҳарчанд, дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадум китоби алоҳидае дорам. Аммо барои пурра кардани китоб ва рӯшантар кардани ҳодисаҳо мавқеи тарафи ҳукумати он вақтаро фаҳмидан муҳим аст. Аҳамияти сӯҳбат бо инҳо дар ҳамин аст. Бубинед, ки кӣ ба ҷуз Маҳкамов дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадум гапи тарафи ҳукуматро пурра гуфта метавонад?»
Дар ҳоле ки аҳли нишаст воқеоти солҳои навадуми асри гузаштаро аз забони раҳбари вақт шунидан мехостанд, худи Маҳкамов зимни суоле, ки «Оё тасмим навиштани хотироти худро дорад?», ба навъе гуфт, ӯ ҳеҷ гоҳ «наметавонад ҳақиқатро дар бораи он солҳо рӯи қоғаз орад, аз ин рӯ худаш чизе дар ин бора нахоҳад навишт.»
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар ин маҳфил ширкат дошт, мегӯяд, бо назрдошти оне ки ӯ таҷрибаи корӣ бо Қаҳҳор Маҳкамовро дорад, эҳсос кард, ӯ хеле самимонаву табии сӯҳбат кард.
«Кӯшиш кард, ки бо далелҳо сӯҳбат кунад. Ба беш аз 20 суоле, ки ӯ посух дод, талош кард, то воқеиятро гӯяд ва сохтакориву дурӯғгӯи ба назар намерасид. Эҳсос кардам, ки ҳар чӣ гуфт, асоси воқеӣ дошт.»
Аксари ширкаткунандагон мегӯянд, ҳарчанд, ғайриихтиёр дар ин нишаст ӯ рух додани ҳодисаҳои феврали соли 1990-ро ба рӯҳониён рабт дода бошад, аммо сӯҳбатҳош бидуни ғараз сурат гирифт. Ҳикматулло Сайфуллозод, сардабири нашрияи ҲНИТ, «Наҷот» гуфт, ҳузури Маҳкамов дар ин чорабинӣ як ҷасорати хос буд, ки бо синни болотар аз 80 ҳозир шуд, ба суолҳо бо хотираи қавӣ посух бигӯяд. Аммо Сайфуллозода мегӯяд, Маҳкамов бештар бидуни далел ва ба ибораи «ба ман гуфтанд» сӯҳбат мекард, ки ба воқеият он наметавон бовар кард.
«Ишораҳояш маълум буд, ки мегуфт, ки ба ман гуфтанд. Гуфт, ки ба ман гуфтанд, ки Қозидомулло аз ин ҳодиса огоҳ ҳаст. Аммо ошкоро гуфт, ки дар масҷидҳо ташвиқоту тарғибот буд, ки арманиҳо дар Душанбе хона мегиранд. Инро ҳам аз манбаъҳои ғайрирасмӣ мегуфт. Ӯ мустақим аз гуфтаи мақомоти зери итоаташ сӯҳбат намекард. Ё ӯ дар он марҳала ба ҷое расида буд, ки дигар касе ба ӯ иттилоъ намедод ё худаш ба ин корҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекард. Аммо то ҷое ғайримустақим як гуна иттиҳом ба қишри рӯҳоният гузошт, ҳарчанд, ин ошкоро набуд. Аммо норӯшан монд, ки чаро худи онҳо натавонистанд, аз ин ҳодисаҳо пешгирӣ кунанд.»
Қаҳҳор Маҳкамов дар ҳоле бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат мекард, ки ба синни 82 расидааст. Ӯ соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти Шӯроб шурӯъ кардааст. Аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Баъди барканории Раҳмон Набиев аз мақоми котиби аввали кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақти коммунист ба ин симат таъин шуд. Соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва дар поёни ҳамон сол дар порлумон нахустин президенти Тоҷикистон интихоб шуд.
Рӯзи 28 августи соли 1991, баъди суқути табаддуллоти давлатие, ки бо номи ГКЧП маъруф аст, Қаҳҳор Маҳкамов низ таҳти фишори эътирозгароне ки дар майдони марказии Душанбе барои 3 рӯз хайма заданд, истеъфо дод. Дар моҳи ноябри ҳамон сол Раҳмон Набиев президенти Тоҷикистон интихоб шуд, вале ӯ ҳам дар тирамоҳи соли 1992 истеъфо дод ва бо ҳамин даврони раҳбарии ба истилоҳ, «сулолаи Хуҷанд» бар Тоҷикистон, ки аз солҳои 40 қариб ним аср давом кард, ба поён расид.
Қаҳҳор Маҳкамов баъди истеъфояш аз ҳаёти сиёсӣ канор рафт ва аз сӯҳбат бо матбуот низ дурӣ меҷуст. Аз соли 1999 ба унвони раисиҷумҳури собиқ узви умрбоди Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.