Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замоне, ки чун руъё гузашт


БА НОМИ ХУДОВАНДИ ЧОНУ ХИРАД, К-АЗ У БАРТАР АНДЕША БАР НАГЗАРАД. Абулкосими ФИРДАВСИ

... Холо, ки 47 сол дорам, дар соли 1991 чавони 27 сола будаам , яъне бештар аз 20 сол дар дар айни чушу хуруши даврони ба истилох гул-гулшукуфони тахсилу фаъолият намудаам.

Бале, ман дар давлате, ки мухтасаран СССР ном доштаву бо сиёсати булачабонаву мулхидонааш дар тамоми олам машхур будааст , зистаам .Замонеро дидаву мушохида намудаам, балки бевосита шахрванду мукимаш будаам ,ки бунёдгузоронаш бошевикон-комунистон будаанд ва ин давлати абаркудрати "вайроннашаванда" 30 декабри соли1922 бо шумули чахор чамохир ташкил ёфтааст.

Точикистони мо бошад, ба кавли шоири шахир Лохути писари хафтуми сосиализм махсуб мешуд ва 16 октябри 1929 ба хайати СССР дохил мегардад. Он вактхо аз устодон ва падарону бобоёнамон шунида будам, ки дар гузаштаи начандон дур мо точикон гуё хечбудагон будаему махз СССР моро начот додааст, вагарна дар асорати зулми феодалону босмачихо ё худ Германияи фашисти мемондаем. Махз эшон буданд, ки ба мо чанде дар арафаи рузхои сурхи таквими шурави киссахо кардаву сабакхо додаанд. Ва ин киссагуихову сабакдихихо минбаъд дар бунёди чахонбинииам накши мухим бозида, маро дар тафаккурварзи ба робот табдил сохт.

Хамин тавр, дар магзи сари ман ба чуз "СССР ягона давлати абаркудрат-такягохи сулхи чахон, мардумаш хушбахттарини руи чахон ва бо нобуди давлате чун СССР дунё ба охир мерасад" чизе беш намегунчид..

Аввалин маротиба вожаи СССР-ро огози солхои хафтодум, вакте ки бори нахуст ба мактаб кадам ранча намудам, шунидаам, замоне ки муаллими аввалинамон- шодравон Хочихон Халимов бар хифзи шеъри машхури вакт Ватанам СССР, Гулшанам СССР амр фармуда дарси ватандориву ифтихор аз СССРро меомухтанд.

Табиист ки кудаки синфи якум ба мафхумоте ба мисли ватан , гулшан ва СССР сарфахм намеравад. Чун ба синни навраси расидам, дар бораи табиати дехи хеш тарона навиштам ,ки бо дастгирии муаллими забон ва адабиёти точик Чамолиддин Шоххасанов дар рузномаи нохиявии "Комунисти Исфара " дарч гардид ва маро дар байни мактабиён ва хамсафонам багоят рухбаланд намуд, ки дар натича тез тез як чиз ним чиз менавиштаги шуда, ба маркази шахр -кучаи ба номи Ленин17 -ба идораи рузнома, ки дар он чо навкаламон маводхои навиштаашонро пешкаши кормандон -мухбирон мегардонданд, мерафтам ва дар натичаи таърифу хавасмандии атрофиён ва волидайнам ба яке аз аълонхонхои мактаби диёри худ мубаддал гардидам.

30 январи соли 1977 соати 20 - 30 дакика шабонгах замин дар Исфарамарз чунбид ва дехаи Офтобруйи мо зарари чониву моли дид , Чахордах чамохири шурави ба имдоди кишвари мо расидаги намуданд. 72 нафар талабаву толибаи аълохони мактабхои нохияро низ чун ёрдам ба макони зарардида ба лагери умумииттифокиии Артек - ба Ялта фиристоданд ки ба бахтам ман низ шомили ин гурух шуда, такрибан чихил руз аз 1апрел то 9май дар лаби Бахри Сиёх истирохат ва тахсил доштам.

Махз дар хамин макон ман бо намояндагони понздах чамохир шинос шудам ва дар он чо баъд аз вохури бо Котиби Генералии Партияи Комунистии Иттиходи Совети Леонид Илич Брежнев фахмонданд, ки мо пионерон босаъодатем ва фарзандони шурави хушбахттарини кудаконанд.

Ман акнун нисбати дигар хамсолонам ба маънои вокеии мамлакати пахновар мерафтаги шудам ,зеро хануз дар чордахсолаги Симферополу Севастопол ,Алупкаву Алушта ва Одессаву Москва ва аз хама асосиаш он вактхо маркази вилоятамон -шахри Ленинободро дидам , ки дигар рафиконам хануз ба чунин "фатх "нарасида буданд.

Мохи апрели соли 1979 мачаллаи чумхуриявии "Машъал" ба муносибати 110 солагии бунёдгузори СССР В,И,Ленин дар мавзуи "Ордени Лениндор дар оилаи мо" озмун эълон кард ва иншои ман дар бораи фаъолияти кухкан Шайх Муъминови ордендор, ки алъон 87солаанду давлати пири меронанд, нашр гардид ва барандаи чоиза шудам. Ёд дорам, хамон вакт аз номи мачалла ба нишонии хавлимон: кучаи Стаханов ,103 мактуб омада буд ва моро мундаричааш рахбаланд мегардонд.

Баъди хатми мактаби миёна ба УДТ ба номи В,И,Ленин ба факултаи филологияи точик бо умеди рузноманигор шудан хуччат супорида ,мутаассифона, аз имтихони саввум "афтидам". Возехтараш, ман ки фарзанди сеюми хонадони ёздахнафара будам, ба тагову восита зурам нарасид, чун падарам хизматчии оддии чамъият буданду халос. Баъд аз хидмат дар сафи Куввахои Мусаллах тахсилро дар шуъбаи шабонаи факултаи мазкур идома дода, сохиби диплом бо тахассуси муаллими забон ва адабити точик гардидаам..

...Хамин тавр, камина низ дар замони шурави зистаам ва холо, ки бо мурури вакт чашмам кушода гаштааст,хамаи он пиндору айём чун руъёе гузаштаву хотироти талху шири боки гузоштааст. Холо хушбахтам ,ки дар замони истиклолият ба сар мебарам ва дигар ягон деологияи дуругин маро фирефта наметавонад.

Бале, назари ман минбаъд ба истилоххое чун босмачи,хамрох шудани Осиёи Миёна ба Россия, истило ва хушбахти дигар шудааст , зеро маводхои лозимии худогохиро омухтам ва чун ба ойина ба таърихи миллати хеш назар карда, худро накутар мешиносам, ба диди тоза таърихи навинро меомузам , гузаштаеро шиносои дорам ки дар замони СССР куллан махфиву дастнорас буд.

Агарчи аксаран мардуми атрофиёнам маро дарк намекунанд ва хануз ба умеди эхёи ин руъё -СССР хастанд . Рухи ин кабил инсонхоро хуйи бардаги фаро гирифтаву худогохи дар он чой нест .Яъне танашон зиндаву гуё рухашон кайхо мурдааст.Онхо танхо дар гами шикаманд ва аз фанои Шурави мотам доранд. Хатто хар гох бо тамасхур аз мушкилоти руз масал мезананд ва тутивор мепурсанд, ки озоди ба мо чи додааст? Гуё точикон шуравиро шикаста бошанду Ленинро куштаанд.Бахусус , падарон-хочибобохоямон, аксаран манкуртмаобанд, дар масчид низ нишаста чизеро дарк намекунанд ва шукрона намегуянд

Хамеша ёдашон ба 12 суми ёрдампули ва нархи орди 12 сума будаву пайваста охи сабук мебароранд. Чунин афрод якинан гузаштаро фаромуш карда, ба рухияи гуломи тан додаанд Чунин тоифа гайр аз бозсозихои горбачёву шикасти ГКЧП ва хайкали Ленин гуё чизеро намедонанд ва дастовардхои истиклолиятро фахмидани хам нестанд. Аммо хушгумонам, ки фазои худогохиву мардумсолори охиста бошад хам, рузе тамоми атрофи кишварро фаро мегирад ва нихоятан мардуми миллати ман дар симои насли нави бедору хушёр сарафрозу хештаншинос мегардад. Чуноне ки шоир фармуда:
Хештандони сарафрози бувад,
Аз худогохон Худо рози бувад.


Бахтиёри МЕХРУБОНЗОД,
Исфарамарз
XS
SM
MD
LG