Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидони ГКЧП ва лаҳзаҳои озмуни ҷасорат


Қаҳҳор Маҳкамов
Қаҳҳор Маҳкамов

Дар ҳоле ки президенти вақти Тоҷикистон аз Кумиссиюни давлатии вазъияти фавқулода ё ГКЧП хомӯшона пуштибонӣ мекард, ҷумбишҳои навхези демократӣ мухолифати шадиди худро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ ошкоро баён мекарданд.

Аммо бо гузашти 20 сол аз он рӯйдоди муҳими таърих сарнавишти мухолифони ГКЧП он гуна ҷараён нагирифт, ки пешгӯӣ мешуд.

МАМЛАКАТ ҶАЙЧИЕВА, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон он рӯзҳо дар ҳайати ҷунбишҳои демократӣ ва бо талаби маҳкум шудани табадуллот аз тарафи мақомоти аввали кишвар, ба назди раҳбари вақти Тоҷикистон рафт.

Мамлакат Ҷайчиева
Вай чунин ба ёд меорад: "Рӯзи 21-уми август мо чанд нафар, аз ҷумла худораҳматии Имомназари Холназар, Дӯстмуҳаммади Дӯст ва чанд тани дигар ба назди қасри ҳукумат омадем. Мустақиман бо президент Қаҳҳор Маҳкамов сӯҳбат кардем. Мо талаб кардем, ки ӯ бо мо вохӯрад ва андешаҳояшро гӯяд. Ӯ моро хуб қабул кард. Аммо ҳеҷ андешаи худ, мавқеи худро нагуфт. Хомӯширо ихтиёр карда буд. Тавре сӯҳбат мекард, ки чизе аз ҳарфаш намешуд фаҳмид, инро ҳам ки оё ӯ ҷонибдори ГКЧП аст ё мухолифи он."

Хонум Ҷайчиева дар замони Шӯравӣ аз омӯзгорони маъруф ва муваффақи кишвар номбар мешуд. Дар таҳаввулоти сиёсии даврони бозсозӣ узви "Растохез" ва аз саромадони Ҳизби демократ буд. Пас аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ ба Маскав ҳиҷрат кард. Ним сол дар як ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи инсон ва як соли дигар дар сафорати Эрон дар Маскав минҳайси тарҷумон, ошпаз ва фаррош кор карда, баъд аз имзои қарордоди сулҳи тоҷикон ба Душанбе баргашт.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:03 0:00
Линки мустақим



Дар пойтахт ӯ ба "шӯъбаи шашум"-и Вазорати корҳои дохилӣ эҳзор ва пас аз бозпурсӣ раҳо гардид. То шаш соли пеш дар мактабҳо омӯзгорӣ мекард. Ҳоло устоди таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи технологӣ аст.

САЙИД ИБРОҲИМИ НАЗАР он замон муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва рӯзи 19-уми август мебоист аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард. Вай мегӯяд, рафиқонаш ба хотири ҷилавгирӣ аз иттифоқоти эҳтимолии ногувор ба ӯ маслиҳат доданд, ки сафарашро қатъ кунад.

Сайидиброҳими Назар
Вай мегӯяд: "Мо на фақат аз маҳкам кардан ё накардани Ҳизби наҳзат ҳарос доштем. Дар умум ГКЧП қобили қабул набуд. Маълум буд, ки онҳо агар сари қудрат меомаданд, корҳои зиёде мекарданд. Бардошти мо он замон ин буд, ки инҳо боз мехоҳанд соли 1937, соли репрессияҳои сталиниро барпо мекунанд. Бар ин фикр будем ва ба фикрам, хато намекардем."

Сайид Иброҳими Назар пас аз истиқлол аз фаъолони ҲНИТ буд ва ба ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори дигар аъзои ИНОТ ба Афғонистон фирор кард. Соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло муовини раиси ҲНИТ аст.

ТОҶИНИСО АЗИЗОВА, аз аъзои созмони мардумии «Растохез» ва мухолифони ГКЧП ҳоло сухангӯи Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон аст. Мо ӯро ҳангоми табобат дар Хуҷанд дарёфтем. Вай гуфт, ҷузъиёти он рӯзҳоро дуруст дар хотир надорад, зеро фаромӯшхотир шудааст.

Ӯ афзуд: "Пас аз он айём ягон рӯзи хуширо надидем. Пайваста мавриди бозпурсиву фишорҳо қарор доштем. Ҳамроҳи худораҳматии шавҳарам қабл аз ҳама тарсам аз он буд, ки ба фарзандонамон ягон зиёне нарасонанд."

Хонум Азизоваро аз ҷои кораш дар нашриёти давлатии «Ирфон» ихроҷ карданд, аммо азбаски дар рухсатӣ буд, дигарбора ба кор даромад ва худ аризаи истеъфо навишт. Баъдтар ӯ дар Иттиҳоди рӯзноманигорон ва бо тавсияи ин ниҳод сарвари маркази матбуоти собиқ «Тоҷиккомунсервис» таъйин шуд.

САЙФУЛЛО САФАРОВ, он замон корманди Академияи улуми Тоҷикистон, шояд аз он мухолифони ГКЧП аст, ки сарнавишташ ба гунаи дигар ҷараён ёфт.

Сайфулло Сафаров
Ӯ бозгашти раҳбарон ва низоми пешинро ғайриқобили қабул медонист: "Бозгашт чизи бад аст. Худи президенти кишвар ҳам як замон гуфта буданд, ки «подшоҳгардиш» чизи бадест ва бадтарин кор дар таърих бозгашти раҳбарони қаблӣ аст. Мардуми мо аз қадим ин ҳикматро дорад, ки бадбахтарин инсонҳо дар замони «подшоҳгардиш» зиндагӣ мекунанд. Мо ҳам бар ин будем, ки чун ҷараёни нав пеш омад, набояд он қафо гардад. Балки пеш рафта ҳамаро фаро мегирифт ва пайи ислоҳи вазъ дар ҷомиа мешуд."

Ҷаноби Сафаров то соли 1995 дар Академияи улум кор кард. Се соли дигар сармушовири расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ва аз соли 1998 то соли 2001 муовини раиси Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон буд. Ҳоло муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Нақл ва шарҳи Бобоҷон Икромов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим


МУХОЛИФАТ ҶАСОРАТ БУД

Шумораи онҳое, ки ба талоши табаддулоти давлатӣ дар СССР мухолиф буданд, зиёд буд. Чунончӣ, онҳо дар рӯзи эътирози хеш майдони 800-солагии Маскавро дар назди Театри опера ва балети ба номи Айнӣ пур карда буданд. Ба эҳтимоли зиёд онҳо ҳамчунон ба ҳукумате мухолиф монданд, ки аз зумраи тарафдорони табаддулот ва мухолифони истиқлолияти Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Бо ҳамон ҷасорат монданд ва шояд аксарият дар оташи ҷанги Тоҷикистон сӯхтанд.

Номҳои зиёде ҳастанд, ки он замон вирди забонҳо буданд. Аммо ин далел, ки имрӯз касе аз онҳо ёд намекунад, баёнгари он аст, ки аз саҳнаи сиёсӣ дур шудаанд ва мавҷи зиндагӣ онҳоро ба соҳилҳои дигар бурдааст.

Отахон Латифӣ
Аммо қиссаҳои ҳамсӯҳбатҳои мо гувоҳи як воқеъиятест, ки сарнавишти мухолифони ГКЧП дар Тоҷикистон ҷараёнҳои мухталиф доштааст ва бо вуҷуди табдил шудан ба пешдаргирони гулхани озодипарастӣ аксарият ба ҷое нарасиданд.

Ҳамсӯҳбатҳои ман аз ҷумла дар бораи Отахон Латифӣ, рӯзноманигори маъруф нақл карданд, ки баъдан сабти сӯҳбаташ бо Қаҳҳор Маҳкамов, президенти Тоҷикистонро фош кард. Дар ин сабт президент аз ГКЧП ҷонибдорӣ мекард ва маҳз ин мавқеъ мӯҷиби суқути ҳукумати ӯ шуд. Худи Отахон Латифӣ, ки аз афроди соҳибнуфузи ИНОТ ба шумор мерафт, пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар назди манзилаш дар шаҳри Душанбе кушта шуд.

Ҳамчунин аксари ҳамсӯҳбатони мо сарнавишти мухолифи ашаддии ГКЧП, раиси созмони мардумии «Растохез» ва муаллифи тарҳи истиқлолияти Тоҷикистон - Тоҳири Абдуҷабборро бахусус зикр мекунанд, ки пас аз истиқлол умдатан дар ҳиҷрат зиндагӣ кард ва танҳо чанд соле пеш аз марг ба ватан баргашт. Охири умри ӯ бо тангдастӣ гузашт ва соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд дар манзили духтараш фавтид.

XS
SM
MD
LG