Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 16-уми май дар қарорҳои ҷудогона гуфт,
- Муҳаммадсобир Файзов
- Далерҷон Мирзоев
- Саидакрам Раҷабализода
- Фаридуни Шамсиддин
- Лутфуллои Назримад
- Ҷумъахон Қурбонов
- Ёқубҷон Юсуфзода
- Муҳаммад Шарифзода
то 22-юми августи имсол дар Боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳанд монд.
Мақомоти Русия ҳамаи онҳоро ба "амали террористӣ" муттаҳам медонанд, вале дар ин миён Далерҷон Мирзоевро шахсе номбар кардаанд, ки "дар анҷоми амали террористӣ мустақим ширкат дошт".
Наздикони чанде аз онҳо дар Тоҷикистон ба иттиҳоми эълоншуда бовар надоранд. Худи онҳо низ хоҳони бозбинии парванда шуданд, аммо посухи мусбат нагирифтанд.
Бар асоси қонунҳои Русия, муфаттишон бояд то охири моҳи август айби онҳоро дақиқ карда, парвандаро барои баррасӣ ва эълони ҳукм ба додгоҳ фиристанд. То ин дам мақомоти Русия далеле пешниҳод накардаанд, ки даст доштани зодагони Тоҷикистонро дар ҳамла исбот кунад. Шубҳаҳо дар бораи ин ҳодиса зиёд аст ва мақомоти Русия ба ҳеч кадоми онҳо посухи рӯшан надодаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ
Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба Додгоҳи ноҳияи Басманни оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Ҳангоми амалиёти боздошт як чашмаш осеб дидааст.
Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир Файзов, моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст. "Писарам шахси мазҳабӣ набуд, намозро ҳам соз намехонд, қазо мекард," -- нақл карда буд ӯ.
Дар аксу наворҳояш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-и русӣ Муҳаммадсобир Файзов гоҳе бо риш ва дар бархе маврид бидуни риш ҷавони шод ва коргари хуб тасвир ёфтааст. Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ низ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.
ДАЛЕРҶОН МИРЗОЕВ
Далерҷон Мирзоеви 32-сола аз деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 23-юми марти имсол дар Брянск боздошт шуд. Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда, сипас ба дастонаш завлона мезананд.
Ба нақли наздиконаш, ӯ шаш моҳ пеш аз ҳодиса ба Русия рафта, дар хонаи амакбачааш дар Новосибирск мезист ва таксӣ меронд. Дар Тоҷикистон низ ба таксиронӣ машғул будааст.
Модараш, Гулракат Мирзоева, гуфта буд, ки бовар надорад, ӯ дар ҳодисаи террористӣ даст дошта бошад.
САИДАКРАМ РАҶАБАЛИЗОДА
Мақомоти Русия Саидакрам Раҷабализодаро рӯзи 23-юми март дастгир карда, дар аввал барои ду моҳ (то 22-юми май) ба ҳабс гирифта буданд. Ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар аввали моҳи январи имсол барои кор ба Русия рафт, аммо "тақрибан се моҳ на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод".
Манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфта буданд, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуда, 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт.
Саидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ҳамсараш мегӯяд, "ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад.”
Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова мегӯяд, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягонҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд.”
ФАРИДУНИ ШАМСИДДИН
Мақомоти Русия мегӯянд, номи Фаридуни Шамсиддини 25-сола дар "рӯйхати террористон ва ифротгароён" дар ин кишвар сабт шудааст. Аз шаҳри Ҳисор аст. Рӯзи 23-юми март дастгир карданд.
Дар навори бозпурсии мақомоти Русия Фаридуни Шамсиддин дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон ба дурустии он шубҳа карданд.
Шабакаҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд. Бахши русии Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот бо такя ба саҳифаҳои Фаридуни Шамсиддин дар шабакаҳои маҷозӣ маълум кардааст, ки ӯ чанд аксе аз ҳузураш дар Истанбули Туркия нашр карда ва номашро дар бархе шабакаҳои маҷозӣ Абдулло гузоштааст.
Фаридуни Шамсиддини дар соли 2014, замони таҳсил дар синфи 7-уми як мактаби миёнаи Ҳисор бо гумони озори ҷинсии ноболиғи 6-сола боздошт ва шаш сол зиндонӣ шудааст. Соли 2020 аз зиндон раҳо ва пас аз ду сол оиладор шуд. Ҳоло як тифли даҳмоҳа дорад. То рафтан ба Русия дар шаҳри Ҳисор дар нонвойхонае кор мекардааст.
Хешовандони Фаридуни Шамсиддин дар деҳаи Лойоба мегӯянд, пас аз раҳо шудани аз зиндон дар рафтору кирдори ӯ амалкардҳои ғайриинтизореро мушоҳида накарда буданд.
ЛУТФУЛЛОИ НАЗРИМАД
Мақомоти тафтишотии Русия алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи "анҷоми амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта, ки боиси марги инсон шудааст" парванда боз кардаанд.
Баъзе аз расонаҳои Русия қаблан навишта буданд, ки ӯ як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав барои дағалӣ бо полис боздошт ва дертар гуё рабт доштанаш ба ҳодиса собит шудааст. Азбаски он замон мурофиа паси дарҳои баста гузашта буд, мавқеи худаш маълум набуд. Дар зодгоҳаш ба дурустии он шубҳа доранд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони Лутфуллои Назримад ба ноҳияи Панҷ рафтанд, аммо онҳоро наёфтанд. Ҳамсояҳои ин ҷавон гуфтанд, ӯ мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ба иттиҳоми эълоншуда нисбат ба ӯ дар Русия бовар надоранд. Вай тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафтааст.
Лутфуллои Назримад фарзанди калонии Назримад Ҳаётов, корманди идоари фарҳанги ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, будааст. Ба гуфтаи наздиконаш, падари хонадон ӯро барои кор ба Русия фиристода буд, то бо мадади писараш соҳиби манзил шаванд.
ҶУМЪАХОН ҚУРБОНОВ
Ҷумъахон Қурбонови 21-сола рӯзи 27-уми апрел бо қарори додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ва ба гумони “маблағгузорӣ барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ” ба ҳабс гирифта шуд.
Манзили волидони Ҷумъахон Қурбонов дар ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҷойгир аст. Модараш омӯзгор аст, падараш деҳқонӣ мекунад. "Бо саводи худаш ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дар Душанбе дохил шуда буд. Зӯрамон нарасид, ки пули иҷора ва харҷҳои дигарашро диҳем. Ночор барои пулкоркунӣ ба Русия рафт," – нақл кард Бегиёр Саидов, падари Ҷумъахон, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ.
Ӯ афзуд, Ҷумъахон ҳамроҳи бародараш, Сӯҳроб Қурбонов, дар як макон дар пойтахти Русия зиндагӣ ва дар сохтмон кор мекарданд. Ҳар моҳ барои харҷи оила то 20 ҳазор рубли русӣ ё зиёда аз дусад доллари амрикоӣ мефиристодааст. "Ман ба бегуноҳии фарзандам бовар дорам," -- гуфт Саидов ва афзуд, “ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот дар Русия бовар надорем. Пайваста насиҳаташ мекардам, ки танҳо ба роҳи рост рав.”
ЁҚУБҶОН ЮСУФЗОДА
Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой "тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст".
Муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул "баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд." Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест. Назари худаш ё наздикону вакили мудофеъ ва ҷузъиёти парванда дастрас нест.
Саҳифаи "Маш" дар Телеграм нигоштааст, ки Ёқубҷон Юсуфзода ҳангоми амалиёти “Нелегал” ва тасодуфан рӯзи 26-уми март дастгир шуда, сипас робитааш бо ҳамлаварон ошкор гаштааст.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Ёқубҷон Юсуфзода 25 сол дорад, оиладор ва соҳиби се фарзанд. Ҳангоми боздошт дар сохтмон кор мекардааст.
МУҲАММАД ШАРИФЗОДА
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 5-уми апрел дастури ҳабси Муҳаммад Шарифзодаро содир кард. Ӯ ба "амали террористӣ" муттаҳам аст, вале ба сабаби пӯшида будани мурофиа назари ӯ ё вакили мудофеаш дастрас нест.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.