Мақомоти беҳдоштии зери назари "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) дар Ғазза аз кушта шудани беш аз 44 ҳазор фаластинӣ дар як солу ду моҳ ҷанг хабар дод.
Дар миёни кушташудаҳо ҷангҷӯён низ ҳастанд, вале "Ҳамос» мегӯяд, аксари онҳо мардуми одӣ, аз ҷумла 13 ҳазор нафарашон кӯдаконанд.
Ҳамлаҳои Исроил маҳаллаҳои аҳолинишинро дар Ғазза ба хок яксон кардааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, 1,9 миллион нафар, яъне 90 дарсади аҳолии Ғазза бехона шудаанд. Созмонҳои мададрасон аз хатари гуруснагии шадид дар шимоли Ғазза ҳушдор медиҳанд.
Афви Байнулмилал дар гузориши тозаи худ рафторҳои Исроилро генотсид ё наслкушӣ гуфтааст. Агнес Каламард, дабири кулли созмон, гуфт: “Ин ҷиноятҳо ҳадфамандона буда, ҳамонгуна барои нобудсозии фаластиниҳо дар Ғазза идома доранд. Онҳо бе тарс аз ҷазо дидан амал кардаанд. Хулоса, далелҳои зиёд вуҷуд дорад, ки Исроил даст ба наслкушӣ задааст.”
Ин созмон ба ҳарфи мақомдорони Исроил, аз ҷумла Бен Гвир, вазири амнияти миллии ин кишвар ишора намудааст, ки даъват карда буд, Ғазза “ба хок яксон карда шавад.”
“Мо баёнияҳое ёфтем, ки ба наслкушӣ ва ҷиноятҳое даъват мекунанд, ки хилофи қонунҳои байнулмилалӣ ҳастанд. Мо наворҳоеро санҷидем, ки сарбозон ҳам ин ақидаро такрор ва ба нобудии комили сокинони Ғазза даъват мекунанд,” -- гуфт Агнес Каламард, дабири кулли Amnesty International.
Исроил иттиҳоми наслкуширо шадидан рад мекунад ва мегӯяд, гузориши Amnesty International “пурра дурӯғ аст”. Низомиёни ин кишвар мегӯянд, ҷангҷӯёни “Ҳамос” дар мактабу беморхонаҳо пинҳон шуда, аҳолии осоиштаро чун сипар истифода мекунанд.
Тасдиқи ин иддао мушкил аст, чун Исроил ба рӯзноманигорони хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Ғаззаро намедиҳад. Исроил ҳамзамон “Ҳамос”-ро ба наслкушӣ дар ҳамлаи рӯзи 7-уми октябри соли 2023, ки боис ба кушта шудани беш аз 1200 нафар ва рабудани беш аз 240 нафар шуда буд, айбдор мекунад.
Исроил амалҳояшро худдифоӣ бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ меномад. Даннӣ Данон, сафири Исроил дар Созмони Милал, гуфт: “Мо ҳеч гоҳ аз иродаи худ барои дифоъ аз мардуми кишвар ва ҳифзи ояндаи худ ва баргардондани тамоми гаравгонҳо ба хонаҳояшон даст намекашем.”
Гузориши Авфи Байнулмилал таъсире ба рафторҳои Исроил дар Ғазза хоҳад дошт? Коршинос Андреас Криег мегӯяд, “ду омили таъсиррасон ба ҷанги Исроил ва исроилиҳо ҳаст. Яке ҳукумати Амрико ва кумакрасонии Амрико. Дигаре афкори омма дар дохили кишвар аст, ки ҳукуматро ба ин ё он тасмим зери фишор гирад. Ман фикр мекунам, ки гузориш ба ин ду омили таъсиррасон ҳеч таъсире надорад”.
Афви Байнулмилал ҳушдор дод, ки Амрико ва ҳампаймонҳои дигари Исроил имкон дорад, ки дар наслкушии эҳтимолӣ шарик бошанд, аз ин рӯ, даъват кард, ки аз додани силоҳ ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад