Бар асоси тағйирот ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", аз ин ба баъд танҳо афроди соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ ҳаққи кор кардан дар идораҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрандиро доранд.
Нилуфар Мамадсаидова дар идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ишкошим чор сол аст, ки кор мекунад. Ӯ рӯзи 17 май аз тасвиби қонун дар бораи маълумоти ҳатмии ҳуқуқии кормандони идораҳои САҲШ хабар ёфт ва мегӯяд, агар зарур бошад, таҳсили худро дар ин соҳа такмил мекунад. Ӯ аз соли 2013, замони донишҷӯӣ дар риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи омӯзгорӣ дар идораи САҲШИ-и Ишкошим ба кор шурӯъ кардааст. Ҳоло ӯ 24 сол дорад ва мегӯяд, аз идомаи таҳсил, агар зарур бошад, намеҳаросад.
Бар асоси тағйирот ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", аз ин ба баъд танҳо афроди соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ ҳаққи кор кардан да ин идораҳоро доранд.
Идеяи бо ҳуқуқшиносони касбӣ таъмин кардани идораҳои САҲШ-ро дар парлумон вазири адлия Рустам Шоҳмуродзода ҳимоят кард. Вай зимни баррасии тарҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар парлумон рӯзи чоршанбеи 19 май гуфт, ҳамакнун танҳо шахсони соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ ҳаққи кор кардан дар ин идораҳоро доранд.
Вазири адлия мегӯяд, ки дар сурати аз ҳисоби ҳуқуқшиносони касбӣ такмил шудани кормандони САҲШ ба шаҳрвандон "ёрии ҳуқуқии босамар" расонида мешавад. Айни замон, зоҳиран ба хотири рафъи нигарониҳои кормандони амалкунандаи ин идораҳо, ки шояд аз таҳдиди бекорӣ андеша кунанд, вазир гуфт, ки ба онҳо имкони таҳсил дар мактабҳои олӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ фароҳам оварда мешавад.
Нозирон мегӯянд, тақозои вазорати адлия барои бозбинии ихтисоси кормандони САҲШ аз он сарчашма мегирад, ки дар даҳсолаҳои охир мушкилоте мисли бисёрҳамсарӣ, набуди шиносномаи таваллуди фарзанд, бебандуборӣ дар исми шаҳрвандон дар шиносномаҳо ва ғайра, боиси пеш омадани мушкилоти санадии бисёр хонаводаҳо шуд.
Майсара Мирзобайтова, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти мухтори Бадахшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам ҳузури ҳуқуқшиносони касбӣ метавонад аз роҳ ёфтани иштибоҳ дар санадҳо ва ҳам ислоҳи хато дар фурсати кӯтоҳ мусоидат кунад. Хонум Мирзобайтова аз як моддаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” мисол овард, ки мегӯяд, кӯдак бояд бо насаби падар ба қайд гирифта шавад.
Ба гуфтаи вай, “вале, дар ҷамоатҳо шаҳрванд меояду мегӯяд, “фамилияи кӯдакро бо номи бобояш нависед. Корманди САҲШ, ки қонунро намедонад, кӯдакро дар номи падари аризадиҳанда менависад. Вақте, ки масалан, падар дармегузарад, дар масъалаи мерос ин тифл бо мушкил рӯбарӯ мешавад, чунки исми падар дигару исми писар дигар. Гӯё онҳо ба ҳамдигар рабте надоранд”. Дар натиҷа, мегӯяд ӯ, худи ин шаҳрванд ва як хонавода сарсон мешавад.
Мирзобайтова инчунин аз афзоиши мавридҳои бебандуборӣ бо санадҳои афроди аз Русия ихроҷшуда ҳам ёдовар шуд. Вай гуфт, ин гурӯҳи афрод, ки илоҷи дигаре ҷуз бозгашт ва кор дар Русияро надоранд, гоҳҳо ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд ва бо табдили ному фамилия шиносномаи нав гирифта дубора ба Русия мераванд. Дар натиҷа, ин шахс дар қонуншиканӣ айбдор шуда, ҳабс ва дубора ба Тоҷикистон ирсол мешавад: “Аз рӯи қонун, ин кор мумкин нест. Аз ин рӯ, кадоме, ки ҳуқуқшинос нест, ин чизро намедонад”.
Некрӯз Наврӯзов, ҳуқуқшиноси тоҷик низ бо ишора ба иштибоҳҳои бархоста аз дониши нокофи ҳуқуқии кормандони идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ин тағйирот ба қонун ҳимоят кард. Вай гуфт, дар идораҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ “бештар шахсони бо маълумоти филология, таърих ё дигар маълумотҳои ғайриҳуқуқӣ доранд”.
Ин ҳуқуқдон бо ишора ба таҷрибаи кории худ мегӯяд, ҳолатҳои буданд, ки кормандони САҲШ ҳангоми қатъи ақди никоҳ, ба иштибоҳ роҳ доданд: “Барои мисол, агар дар ҳолати қатъи ақди никоҳ кӯдак ва баҳс бар сари тақсими мерос набошад, ҳарду ба идораи САШҲ ариза менависанд ва бо тавофуқи дуҷониба, ба онҳо шаҳодатномаи қатъи никоҳ дода мешавад. Аммо, дар таҷриба ҳолате буд, ки барои онҳо иштибоҳан рад карданд.”
Аз сӯи дигар, бархе мегӯянд, ҳадаф аз тағйирот ба қонун – таъмини ҳуқуқшиносони дипломдор бо кор аст, ки солҳои охир шуморашон хеле зиёд шуда, онҳо низ бо мушкили пайдо кардани кор рӯбарӯ шудаанд.