Баъди гузориши Озодӣ: Саломова ба кор баргашт, раиси ноҳия танбеҳ гирифт

Акси Зиёда Саломова аз сайти "Бонувони Тоҷикистон"

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзодаро “бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш” танбеҳ дод. Матни амри президент рӯзи 24 август дар сайти президент нашр шуд.

Дар ин шарҳ навишта шудааст, ки фактҳои дар матубот нашршуда оиди сабабҳои аз мақоми раиси Кумитаи занон ва оилаи ноҳияи Хуросон

Сафарҳои президент ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол, ки мардум аз сари сидқу вафо ва самимият Пешвои худро истиқбол мегиранд. Вебсайти президенти Тоҷикистон

барканор шудани Зиёда Саломова мавриди санҷиши хизматӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа, Саломова дар мақомаш барқарор шуд ва раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода бо як амри президент аз рӯзи 24 август танбеҳ гирифт. Матни танбеҳ дар вебсайти президент нашр шудааст.

Дар бораи ин ҳодиса аввал шуда рӯзи 14 август Радиои Озодӣ хабар дод. Дар ин гузориш шоҳидон ва мақомот гуфтанд, ки сабаби ба истеъфо фиристода шудани Саломова дар он будааст, ки гурӯҳи бонувони доиранавози "Очаҷонҳо" ба ҳангоми истиқболи президент дар ноҳия, ки рӯзи 9 август сурат гирифт, ба иштибоҳ роҳ доданд. Мақомоти ноҳия Саломоваро дар иштибоҳи кори доиранавозҳо гунаҳгор карда гуфтаанд, ки гӯё ин хато табъи президентро хира кард.

Дар изҳороти рӯзи 24 августи вебсайти президенти Тоҷикистон дар ин замина таъкид шудааст, ки сафарҳои президент ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат “бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол, ки мардум аз сари сидқу вафо ва самимият Пешвои худро истиқбол мегиранд”. Баъди санҷиши хизматӣ муайян шудааст, ки “ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи мусиқии доиранвозҳо” нашудааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Зиёда Саломова рӯзи 11 август “дар баробари дигар камбудиҳо” аз вазифа сабукдӯш шудааст.

З.Саломова: Сарам ба осмон расид

Зиёда Саломова, ки ҳоло ба вазифаи пешинааш барқарор шудааст, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол амри президентро нахондааст, вале аз ин ки раҳбари давлат ба мушкили ӯ таваҷҷӯҳ кардааст, сараш ба осомон расид.

Ӯ гуфт: “Аз ин ки Ҷаноби Олӣ таваҷҷӯҳ кардааст, хеле хурсандам, вале намехостам, ки раиси ноҳия танбеҳ гирад. Ҳамон вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ тамоми ҳаёт барои ман басанда ҳаст, ки бо ӯ сухан кардам. Ҷаноби Олӣ аҳволи моро пурсид ва либосҳоямонро таъриф кард. Ҳамин барои ман бас буд".

Зиёда Саломова гуфт, ки дирӯз бо раиси ноҳия сӯҳбате доштааст ва ин сӯҳбат хеле хубу дӯстона гузашт. Вай мегӯяд, ҳайрон аст, ки ин хабар то президент расид, чунки ӯ "ба ҳеҷ ваҷҳ намехост", ки аз вазифа барканор шуданаш расонаӣ шавад.

“Аз ин ки раис аз пушти ман гап шунидааст, каме дар хиҷолатам". Ӯ гуфт, ки таваҷҷӯҳи хоси президент ба қазияашро "як ғамхорӣ дар ҳақи занон" арзёбӣ мекунад.

9 август чӣ гузашт?

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмонӣ Ҷомӣ рӯзи 9-уми августи имсол сурат гирифт. Зиёда Саломова, мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Хуросон он рӯз масъули таҳияи барномаи ҳунарии дастаи “Очаҷонҳо” буд.

Ин даста дар варзишгоҳи Хуросон ба истиқболи президент бояд оҳанги зарбиро иҷро мекард. Зоҳиран баъзе навозандаҳо зери бори эҳсосот натавонистанд мусиқиро якмаром ва аз рӯи қоида иҷро кунанд. Дар натиҷа, иштибоҳ дар иҷрои мусиқии зарбӣ ба ҳозирин аён шуд ва боис ба интиқоди масъули барнома гардид.

Асомиддин Шеров, як масъули идораи фарҳанги ноҳияи Хуросон, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ хабари аз вазифа озод шудани Зиёда Саломоваро дар пайи саҳлангории доиранавозон тасдиқ карда буд. Аммо Зебуннисо Асомиддинова, раиси бахши коргузории ҳукумати ноҳияи Хуросон, гуфт, Саломова расман бо сабаби беморӣ аризаи аз кор рафтанашро навиштааст. “Муаллима бемор шуданд. Ду рӯз пеш аризаашонро навишта, аз кор рафтанд”, - афзуд ӯ.

“Раис дар маҷлис гуфт, ки озод карда шавад”

Худи Зиёда Саломова дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ пайванди барканории ӯ бо иштибоҳи занони доиранавозро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 14-уми август гуфт, аз чунин ранг гирифтани кор зиёд нороҳат ва аз касе ҳам домангир нест. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, дар ин кор бояд раҳбари дастаи занони доиранавозон ҷавобгӯ мебуд, на ӯ.

Барканории масъули идораи занони ноҳия беш аз ҳама бонувони доиранавозро нороҳат кардааст. Саъбагул Ҳикматова, роҳбари дастаи занони доиранавози "Очаҷонҳо" дар ноҳияи Хуросон гуфт, онҳо беш аз 10 соли ахир дар маросими истиқбол ва гусели меҳмонони баланмақом дар сафи пеш буданд ва бори аввал ба чунин иштибоҳ роҳ доданд. “Сабабаш ҳам дар эҳсоси шодӣ ва фараҳи доиранавозон аз истиқболи раиси ҷумҳур буд”, - гуфт ӯ.

Зиёда Саломова дар тӯли 9 соли охир дар вазифаи мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Хуросон кор кардааст.

Сафари раиси ҷумҳур ба манотиқи Тоҷикистон агар аз як тараф бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии навоҳияву вилоятҳо сурат гирад, аз сӯи дигар, барои бархе аз сокинон имкони рӯбарӯ шудан бо ӯро фароҳам мекунад. Мақомоти маҳаллӣ омодагӣ ба пешвози президентро дар остонаи ин сафарҳо моҳҳо пеш шурӯъ мекунанд.

Дар гузашта президент аз миёни мардуми оддӣ баъзе истеъдодҳои навро кашф карда, дар муаррифиву пешбурди ҳунарашон дар телевизиону саҳнаҳои калон супоришҳо додааст.