Душанбе шикояти маҳбусони афғонро рад кард

Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон иддаои бархе аз маҳбусони афғонро, ки гӯё дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳуқуқҳои онҳо нақз мешавад, радд кард.

Як масъули баландпояи раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 20 феврал дар тамос бо Радиои Озодӣ, иддаои бархе аз зиндониёни афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистонро, ки гӯё ба онҳо расидагии дуруст сурат намегирад, такзиб кард. Ин манбаъ, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, ки шароит барои ҳамаи зиндониён -- чӣ хориҷӣ ва чӣ маҳаллӣ яксон аст ва то кунун дар бораи шароити танги на маҳбусони на афғон ва на тоҷик, ба онҳо шикояте ворид нашудааст.

Ба гуфтаи вай, ин гуна даъвоҳо асос надорад, чун назар ба солҳои қаблӣ, ҳоло шароит дар зиндонҳои кишвар беҳтар шудааст. Аз ҷумла вай ба шароити маҳбусони афғон ишора кард, ки то кунун аз онҳо ҳеҷ шикояте дарёфт накардаанд. Аммо ин манбаъ дар иртибот ба дархости ин зиндониён барои интиқоли онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон гуфт, ин кор дар салоҳияти онҳо нест ва ниҳодҳои дигар бояд ба ин кор расидагӣ кунанд

Ин дар ҳолест, ки шуморе аз зиндониёни афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки агар раҳо ва ё ба кишварашон интиқол дода нашаванд, худкушӣ хоҳанд кард. Бо шикоят аз вазъи худ дар маҳбаси Тоҷикистон, шаҳрвандони Афғонистон гуфтаанд, мехоҳанд, ба маҳбасҳои кишвари худ интиқол дода шаванд. Онҳо мегӯянд, омодаанд, монанди боздоштшудае, ки дар дохили панҷара сӯзонда шуд, бисӯзанд, аммо машаққати зиндонҳои Тоҷикистонро накашанд. Ба гуфтаи ин зиндониён, беш аз 160 тан аз афғонҳо аз солҳо ба ин тараф дар зиндониҳои Тоҷикистон маҳбус мебошанд ва борҳо мушкилоташонро бо сафорати Афғонистон дар Душанбе матраҳ кардаанд, аммо ба гуфтаи онҳо, сафорати Афғонистон дар ин бора хомӯш аст.

Яке аз онҳо дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон на танҳо аз дидору хонаводаҳояшон маҳруманд, ҳатто ба хадамоти тандурустӣ дастрасӣ надоранд:​ "Соли 2010 низ зиндониён дар ин кишвар раҳо шуданд, аммо ҳанӯз дар ин зиндон ба сар мебарем. Вақте бо сафорат дар тамос мешавем, мегӯянд, шумо муҷрим ҳастед. Охир мо ҳаққу ҳуқуқ дорем, намехоҳем озод шавем, аммо ҳадди ақал дар кишвари худамон бошем, то хонаводаи худро дида ва ё мулоқот карда битавонем. Бештари мо дар ин зиндон, ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаем. Дар ҳоле, ки дар миёни мо касоне ҳатман девона ва гунг ҳастанд, дар зиндон ба сар мебаранд, аз сари роҳ ё аз марз оварда шуда ва дар инҷо зиндонӣ шудаанд."

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари сафорати Афғонистон дар Душанбе дар робита ба ин шикояти зиндониён, бенатиҷа анҷом ёфт.

Ин зиндониён ҳамчунин гуфтаанд, ки дар миёни онҳо беморони равонӣ ва касоне ҳастанд, ки ҳатто сухан гуфта наметавонанд: "Ҳолате, ки мо зиндониён дар инҷо дорем, Парвардигор ба касе нишон надиҳад. Кош монанди ҳамон касоне, ки мо дар телевизион дидем, сӯзонида шавем, ба ҳамон розӣ ҳастем, на ба ин зиндон. Бемор ҳастем, инҷо ҳатто як дору бароямон пайдо намешавад."

Гуфта мешавад, ки бештари афғонҳое, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Аммо бештари зиндониёни тоҷик дар Афғонистон, ба иттиҳоми амалҳои террористӣ зиндонӣ мебошанд.

Акнун Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки қарор аст бар пояи як созишномаи табодули зиндониён миёни ду кишвар, феҳристе аз маҳбусони Тоҷикистон дар ин кишвар тартиб дода шавад, ки бар асоси он зиндониёни афғон бо онҳо иваз хоҳанд шуд. Сироҷулҳаққ Сироҷ, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки ҳафтаи оянда ҳукумати Афғонистон ҳайатеро барои баррасии ин мавзӯъ ба Душанбе хоҳад фиристод.

"Тамосе, ки бо бахши консулии худамон дар Афғонистон доштем, ба ин натиҷа расидаем, ки ҳайате таъйин шавад аз сӯи сафорати Тоҷикистон ва вазорати хориҷаи Афғонистон, гуфтугӯ мекунем ва феҳристе аз сӯи сафорати ин кишвар дар Кобул тартиб дода, то бар асоси он бар сари чигунагии механизми мубодилаи зиндониёни ҳар ду кишвар тасмим бигирем."

Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистон солҳои гузашта қарордодеро дар мавриди мубодилаи зиндониён ба имзо расонида буданд. Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки бар асоси ин санад, танҳо зиндониёне иваз хоҳанд шуд, ҳукми ниҳомии додгоҳҳо дар нисбати онҳо содир шудааст.