Ба зудӣ 83 тан аз маҳбусони афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, барои идомаи адои ҷазо ба кишварашон интиқол дода мешаванд.
Абдулғафур Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, дар раъси ҳайати панҷнафараи мақомоти вазорати адлия, додситонӣ ва дигар ниҳодҳои марбутаи Афғонистон, Азизуллоҳ Сабоҳ, мушовири ҳуқуқии вазорати адлияи ин кишвар қарор дорад.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон афзуд, ин ҳайат тайи чанд рӯзи оянда бо ҳамтоёни тоҷики худ мавзӯи истирдоди ин теъдод аз маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба Афғонистонро ниҳоӣ хоҳанд кард. Вай гуфт, интиқоли ин теъдод аз зиндониён бар асоси як санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар сурат мегирад.
Ба таъкиди сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, 83 тан аз зиндониёни афғон то поёни ҳафтаи оянда ба Афғонистон истирдод хоҳанд шуд ва идомаи ҷазоро дар зиндонҳои он кишвар сипарӣ хоҳанд кард.
Тибқи иттилои ин манбаъ, зиндониёни афғонӣ умдатан ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир, нақзи қоидаҳои будубош ва дигар ҷиноятҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Бояд гуфт, ду соли пеш 250 зиндонии афғон аз Тоҷикистон ба Афғонистон истирдод шуда буданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бар асоси санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Афғонистон адои ҷазо мекарданд, дар чанд соли ахир ба ватанашон баргардонида шудаанд.