Созмони “Хати нав”, ки дар арсаҳои гуногун иҷрои барнома мекунад, мегӯяд, Толибон ба кишоварзони вилояти Балх пешакӣ пул додаанд, то кӯкнор кишт кунанд ва ҳосилашро ба онҳо бидиҳанд, ё бифурӯшанд.
Муҳаммадқодир Мисбоҳ, намояндаи “Хати нав” ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Балх гуфт, деҳқонон дар вилояти Балх дар 21 ҳазор гектар кӯкнор киштаанд ва дар ин кор, мухолифони давлат ба мисли Толибон ва афроди мусаллаҳи худсар саҳм доранд. Ба гуфтаи Муҳаммадқодир Мисбоҳ деҳқонон имсол кӯкнорро на танҳо дар минтақаҳои ноамн, балки дар қаламравҳои зери назари давлат ҳам кишт кардаанд.
Ӯ афзуд: “Дар манотиқи ноамни вилояти Балх маводи мухаддирро ба таври густурда кишт кардаанд ва ҳатто дар вилоятҳое, ки амният доранд. Ҳатто дар наздикиҳои идораҳои пулис ҳам кишт кардаанд.”
Намояндаи “Хати нав” мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб қабл аз оғози ҷамъоварии ҳосил қимати онро ба деҳқонон пардохтаанд ва барои ҳамин нақши онҳо дар зиёд шудани кишти кӯкнор дар Балх бисёр зиёд аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: НАТО гапи деринаи Тоҷикистонро гӯш кард. САДОБа гуфтаи Муҳаммадқодир Мисбоҳ, ихтилоф байни Толибон ва зӯрмандону фармондеҳони худсар барои тақсими маводи мухаддир дар вилоят сабаби ноамнӣ дар ноҳияҳои вилояти Балх мешавад.
Ӯ мегӯяд: “Деҳқононе, ки кӯкнор киштаанд, дар ихтиёри худ нестанд. Ин ҷо на танҳо мавзӯи боҷситонӣ аз онҳо, балки мавзӯи пешхариди маводи мухаддир ҳаст. Деҳқононе ҳастанд, ки аз қаблан аз мухолифон (Толибон) пул гирифтаанд ва бояд онро ба Толибон бидиҳанд. Вале инҷо байни фармондеҳони маҳаллӣ ва Толибон аз ҳоло барои тақсими маводи мухаддир низоъ идома дорад.”
Намояндаи созмони ғайриҳукуматии “Хати нав” иддао кард, ки баъзе аз мақомоти расмӣ дар вилоят ва ноҳияҳо низ ба кишти кӯкнор даст доранд, вале ҳеҷ асноду далеле дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ нишон надод ва ироа накард.
Айни замон мақомоти амниятии вилояти Балх кишти кӯкнор дар ҳазорон гектар дар заминҳои вилоятро таъйид мекунанд, вале мегӯянд, ин киштзорҳо асосан дар манотиқе ҳастанд, ки Толибон онҳоро зери назорат доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оҷонсӣ: "Қочоқи ҳероин дар дасти Толибон ва Ансоруллоҳ аст"Одилшоҳ Одил сухангӯи Раёсати пулиси Балх иддаоҳо дар бораи даст доштани мақомоти расмӣ ба кишту қочоқи кӯкнорро рад ва ё таъйид накард. Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Балх гуфт, ки онҳо ҳар сол барои маҳви киштзорҳои кӯкнор амалиёт анҷом медиҳанд ва имсол ҳам амалиёт зери номи “Шоҳин -204”- ро ба зидди Толибону фармондеҳони худсар дар вилоят раҳандозӣ кардаанд.
Ӯ афзуд: “Манотиқе ки кӯкнор кишт шудааст, мухолифони давлат онҷо ҳузур доранд. Мо ӯ манотиқи аз мухолифони давлат пок мекунем ва баъдан пулиси мубориза бо маводи мухаддир киштзҳорҳои маводи мухаддирро аз байн мебарад.”
Бар асоси иттилооти мавҷуда, кӯкнор асосан дар ноҳияҳои Чоргулак, Чимтол, Кишиндӣ, Шулгара, Шӯртеппа ва Давлатободи вилояти Балх кишт шудааст.
Балх яке аз вилоятҳои наздик ба марзи Тоҷикистон аст ва додугирифти он бо Тоҷикистон зиёд аст. Кӯкнор умдатан дар вилоятҳои ҷанубӣ дар Қандаҳору Нангарҳори Афғонистон кишт мешавад ва ба шимол омадани он бешак нигаронии мақомоти Тоҷикистонро ҳам бармеангезад.
Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи 1400 километрӣ дорад, бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир аз ҷумла ҳероин ба ҳисоб меравад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нигаронии СММ аз афзоиши истеҳсоли афюн дар АфғонистонМақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши кишти кӯкнор ва тавлиди маводи мухаддир аз он ба мисли тарёку ҳероин барои Тоҷикистон ҳам дарди сари зиёд эҷод мекунад. Қисме аз маводи мухаддири Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон гузашта то ба Русияву Аврупо мерасад.
Танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2018 дар марз бо Афғонистон 20 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон сурат гирифтааст ва 11 нафари онҳоро ҳам куштаанд. Зимистони ҳамон сол Хайриддин Аҳтамов, полковники нерӯҳои марзбонӣ дар даргирӣ бо гурӯҳе аз қочоқбарони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуд.