Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷои пулу героин - намаки "Хоҷа Мӯъмин". Ҳабси як сокини Деваштиҷ ба 12 сол


Додгоҳи ноҳияи Деваштич як сокини 59-соларо, ки ба ҷои героин ба "харидори шартӣ" бар ивази 15 ҳазор сомонӣ бастаи ду кило намаки ошро овардааст, ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Раҳим Қодиров, сокини деҳаи Даҳкати ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичро додгоҳ рӯзи 20-уми декабр ба иттиҳоми "қасди қочоқи маводи мухаддир", гунакор эълон кард. Ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Раҳим Қодиров худро танҳо барои иштирок дар "қаллобӣ" гунаҳкор дониста, аз додгоҳи вилоятӣ бозбинии парванда ва таъини ҷазои ғайриҳабсиро талаб кардааст.

Вакили дифои Қодиров мегӯяд, ки ӯ ва зерҳимояаш ин ҳукмро ноодилона ва ҷазои додгоҳро барои касе, ки на героин, балки намаки ош интиқол додааст, хеле сангин арзёбӣ мекунад. Вакили дифоъ гуфт, ки Қодиров дар додгоҳ ба гуноҳи кардааш эътироф кардааст, вале аз ҳукми сангини додгоҳ норозӣ буда, дар шикояти кассатсионӣ бозбинии ҳукмро тақозо намудааст.

Дар парванда инчунин исми се шарики дигари Қодиров ҳам зикр мешавад, ки дар як муомилае дар Душанбе ба ӯ ба ҷои героин, дар бастаи селлофанӣ ду халтача намаки истеҳсоли "Хоҷа Муъмин"-ро додаанд. Додгоҳ ин се нафарро ба "қаллобӣ" айбдор кард ва ба пардохти ҷарима ба андозаи аз 400 то 550 нишондиҳанда ваё аз 20 то 27,5 ҳазор сомонӣ муваззаф намуд.

Додгоҳ бо ин таъини ҷарима онҳоро аз толор озод кард. Аммо онҳо давоми се сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои раис ва ҷонишини раис дар ҳукумат, хидматчии давлатӣ ва вазифаҳое, ки ҷавобгарии пурраи молӣ доранд, маҳрум шуданд.

Ҷӯрабой Мирзобоев, сокини ноҳияи Деваштич, Муртазоқул Зубайдов, сокини ҷамоати Фароби Панҷакент ва Рустам Иброҳимов, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Ғафуров дорои танҳо маълумоти миёна буда, дар замони содир шудани ҷиноят ихтисос ва ҷойи кори доимӣ надоштанд.

Раҳим Қодиров охири моҳи сентябри ҳамин сол, замоне ба додугирифти шубҳанок даст зад, ки дар беморхонаи сили Деҳмой дар ноҳияи Ғафуров табобат мегирифт. Ӯ гирифтори бемории сил буда, корношоями дараҷаи 2 мебошад. Додгоҳ гуфтааст, ки бемории Қодировро ба инобат гирифта, аз содир кардани ҳукми сангинтаре дар нисбати ӯ, ки 15-20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, худдорӣ кардааст.

Аз бемористон то ба зиндон

Ҳомид Қодиров, бародари Раҳим Қодиров.
Ҳомид Қодиров, бародари Раҳим Қодиров.

Бародари ӯ Ҳомид Қодиров мегӯяд, дар яке аз рӯзҳои моҳи сентябр ба беморхона ба аёдати бародараш рафта, аммо аз ғайб задани ӯ дар ҳайрат афтод. Баъди чанд рӯз кормандони пулис ба хонавода хабар доданд, ки Раҳим Қодиров дар Душанбе бо иттиҳоми қасди қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.

Бино ба ҳалномаи додгоҳи Деваштич, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, кормандони пулиси ноҳияи Деваштич Қодировро дар ҷараёни гузаронидани амалиёти "хариди озмоишӣ" бо ҷалби "харидори шартӣ" бо номи Фарҳод дар шаҳри Душанбе, боздошт карданд.

Дар ҳукми додгоҳ дар шарҳи қазия гуфта шудааст, ки Раҳим Қодиров ҳамроҳи шахсе, ки худро Фарҳод муаррифӣ кард, ба пойтахт рафта, ба ӯ ваъда додааст, ки 2 кило героин дастрас мекунад. Вале шариконаш, ки яке аз онҳо - Ҷӯрабой Мирзобоев ҳамдеҳа ва дӯсти даврони кӯдакии Қодиров мебошад, героинро пайдо карда наметавонанд.

Онҳо бо машварат барои аз худ кардани пули нақди Қодиров 2 баста намаки ошро бо селлафан ва скотч баста, ба ҷои героин ба ӯ медиҳанд. Вақте ки ӯ он бастаҳоро дар маҳаллаи "Семзавод"-и шаҳри Душанбе ба харидори шартӣ дода, аз ӯ 14250 ҳазор сомонӣ ва 100 доллар пул мегирад, кормандони пулис ӯ ва сипас шариконашро дастгир мекунанд.

"Намаки ош буд, на героин"

Ҳабибулло Мирбобозода, раиси додгоҳи ноҳияи Деваштич, ки таҳқиқи ин парвандаро анҷом додааст, рӯзи 27-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Раҳим Қодиров барои харидани героин рафта буд. Ӯ бехабар аз он буд, ки дар он баста ба ҷои героин ба ӯ намак додаанд. Барои ҳамин ӯ барои сӯиқасди содир кардани ҷинояти харидан ва ба каси дигар додани маводи мухаддир айбдор дониста шуд."

Раиси додгоҳи ноҳияи Деваштиҷ дар идома гуфт, "агар ӯ медонист, ки дар он бастаҳо ба ҷои героин намак аст, ӯ ҳам барои шарикӣ дар "қаллобӣ" гунаҳкор мешуд. Чунки шариконаш дидаву дониста ба мақсади бо роҳи қаллобӣ пули муфт ба даст овардан ба ӯ ба ҷои героин намакро додаанд. Бинобар ин онҳо барои "қаллобӣ” айбдор дониста шуданд".

Ба гуфтаи Ҳабибулло Мирбобоев, ҳодисаҳои ба фиреби шарикон афтода, ба ҷои героин чизи беарзиш овардани қочоқгарон зиёд иттифоқ афтодааст. Мирбобоев мегӯяд, ки шуморе аз ин гуна қочоқгарони фиребхӯрда бо ҳукми додгоҳҳо паси панҷараи зиндон рафтаанд.

Вале Раҳим Қодиров ба ин баҳодиҳии додгоҳ ба аъмолаш розӣ нест. Ӯ дар шикояти кассатсионии худ навиштааст, ки дар кирдори ӯ аломатҳои харидан ва ба каси дигар додани маводи мухаддир мавҷуд нест. Чунки дар бастае, ки ӯ ба харидори шартӣ фурӯхт, намаки ош буд, на героин.

Ҳомид Қодиров, бародари ӯ мегӯяд, "ғайр аз ин, бародарам аз аввал медонист, ки дар он баста героин не, намаки ош ҳаст. Инро шариконаш пешакӣ ба вай фаҳмонидаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ҳар чӣ набошад, пули харидорро гирад ва онро байни ҳам тақсим мекунанд."

Ҳукми "сабуктар"-и додгоҳ

Раҳим Қодиров худро танҳо барои иштирок дар "қаллобӣ" гунаҳкор дониста, аз додгоҳи вилоятӣ бозбинии парванда ва таъини ҷазои ғайриҳабсиро талаб кардааст. Тафтиши пешакии парвандаро шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Девштич анҷом додааст. Дар давраи тафтиш Қодиров дар боздоштгоҳи Истаравшан нигоҳ дошта мешуд.

Дар ҳукмномаи додгоҳ омадааст, ки Раҳим Қодиров то солҳои 2000-ум бо мошинаи шахсиаш дар Узбекистон ба мусофиркашонӣ машғул буд. Ӯ боре дар соли 1997 маводи нашъадорро дар мошинаш ба Русия бурд. Пулиси шаҳри Уренгой ӯро дастгир ва маводи мухаддирро ошкор кард ва ӯро ба мӯҳлати 3 сол ба зиндон маҳкум намуд. Баъд аз бозгашт ба ватан Қодиров аз роҳи деҳқонӣ зиндагиашро пеш мебурд.

Додгоҳи Деваштич мегӯяд, Раҳим Қодиров, ки гирифтори бемории сил ҳаст, ба гуноҳаш иқрор шудааст. Бинобар ҳамин, додгоҳ соҳиби панҷ фарзанд ва ягона таъминкунандаи хонавода будани ӯро ба эътибор гирифта, аз рӯи модаи 200, қисми 4, ҷазои камтарин додааст. Ин модда ҷазои то 20 соли ҳабс бо мусодираи амволи гунаҳкорро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG