Як гурӯҳ соҳибкорони тоҷику афғон аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то дидбонгоҳи гумрукии Айваҷ дар ноҳияи Шаҳритусро ҳарчи зудтар фаъол намояд.
Ба қавли ин гурӯҳи соҳибкорони тоҷику афғон воридоти молу коло аз тариқи дидбонгоҳи Айваҷ дар муқоиса ба постгоҳи гумрукии Панҷи Поён бартарӣ дорад ва 70 дарсади харҷи онҳоро камтар месозад. Онҳо мегӯянд, агар равуо аз тариқи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён ба Афғонистон 12 соатро дар бар бигирад, убуру мурур аз тариқи Айваҷи Шаҳритус ҳамагӣ то як соатро фаро мегирад.
Ин нуктаро беш аз бист соҳибкори тоҷику афғон, ки имрӯз, 12-уми декабр, дар Панҷи Поён дидору мулоқот карданд, баён доштанд. Онҳо гуфтаанд, ба зудӣ ба ин мазмун ба ҳукумати Тоҷикистон низ муроҷиатнома мефиристанд ва ҳалли ин масъаларо дархост мекунанд.
Ҳамзамон соҳибкорони афғон аз амалкарди масъулини тоҷик, ки додани визаро ба онҳо то соли нави 2013 муваққатан қатъ кардаанд, изҳори нигаронӣ карданд ва гуфтаанд, ки амал фаъолияти онҳоро кундатар хоҳад кард.
Соҳибкорони афғон аз ба дарозо кашидани муҳлати гирифтани иҷоза ва тафтишу санҷишҳои зиёд дар дидбонгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон низ шиква карданд.
Аммо масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур доштаанд, гуфтаанд, ки ин ҳама мушкили муваққатист ва ба наздикӣ ҳалли мусбати худро пайддо мекунад. Онҳо гуфтаанд, бо тағйири Кодексҳои андозу гумруки Тоҷикистон ва ба иллати баста будани роҳи оҳани Узбакистон воридот аз тариқи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён бештар шудааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тафтишу санҷишҳо дар марз ба хотири амният мебошад ва минбаъд то ҳадди имкон талош мекунанд, ки чораҳои амниятӣ монеаи рушди додугирифт бо Афғонистон нагардад.