Аскар 16 сол дорад ва мисли даҳҳо ҳамсоли дигараш дар яке аз бозорҳои пойтахт аробакашӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, борҳо бегуноҳ “меҳмон”-и боздоштгоҳи муваққат шуда, мавриди бадрафтории милисаҳо қарор гирифтааст. Мусоҳиби мо иддао мекунад, ҳар бор дар бозор дуздӣ ё қонуншикание рух диҳад, аввал наврасоне, ки дар бозор кор мекунанд, ба боздоштгоҳ бурда мешаванд.
Дар ҷараёни чунин боздоштҳо Аскар, ба гуфтаи худаш, борҳо шатта хӯрдаву дашномҳои қабеҳ шунидааст: “Ғам медиҳанд, дар бозор ягон дуздӣ шавад, мебаранду мепурсад, ки ту кардӣ ё не? Бо шатта мезананд, азоб медиҳанд.»
Ҳодисаҳое мисли қиссаи мусоҳиби мо, яъне шиканҷаву бадрафтории милисаҳо нисбат ба ноболиғони боздоштшуда, солҳои охир ҳарчӣ бештар расонаӣ мешавад. Моҳе пеш додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои куштори як наврас дар ҷараёни як занозании гурӯҳӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-соларо ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард. Аммо волидайни Бобоҷон ҳукми додгоҳро беинсофона хонда, аз он шикоят карданд, ки фарзандашон дар пайи шиканҷаву латту кӯб ба ин ҷурм иқрор шудааст. Модари Бобоҷон иддао мекунад, милисаҳо писарашро шиканҷа кардаанд ва бахше аз мӯи сари ӯро якҷо бо пӯсташ кандаанд.
Соле қабл гурӯҳе аз дигар модарон ба ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳамчунин Омбудсмени Тоҷикистон шикоят бурда буданд, ки бо фарзандони ноболиғашон дар муассисаҳои ислоҳӣ бадрафторӣ сурат мегирад. Яке аз ин модарон, ки писараш дар муассисаи ислоҳотии ноболиғон нигоҳубин мешудааст, гуфт, фарзандонашон пайваста аз бадрафторӣ ва зӯроварии пулис шикоят мекунанд.
Ин хонум дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Рӯзе набуд, ки модаре аз он ҷо бо оби дида набарояд. Бачаҳое буданд, ки мегуфтанд агар чора набинед, худамро мекушам. Мо дар як ҳафта ду бор меравем, бо ҳар баҳона намемонданд, ки вохӯрем. Ҳоло баъд аз шикоятҳои мо вазъ камее беҳтар шудааст. Вале ҳар қадами онҳо зери назорат аст.»
Бино ба як пажӯҳиши созмони байналмилалии «Ислоҳоти зиндонҳо», аз байни беш аз 100 кӯдаки пурсидашуда дар муассисаҳои ислоҳӣ 80 дарсад гуфтаанд, ҳангоми боздошт милисаҳо онҳоро дашномҳои қабеҳ медиҳанд ва таҳқир мекунанд. Танҳо 37 дарсади кӯдакон зимни боздошт аз кумаки ҳуқуқӣ бархӯрдор мешудаанд. Ин пажӯҳиш дар миёни кӯдакони аз 13 то 17-солаи муассисаҳои пӯшида ва махсуси кишвар гузаронида шудааст.
Азамат Шанбилов, намояндаи созмони «Ислоҳоти зиндонҳо» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт: “37 дарсади онҳо изҳор доштанд, ки беш аз як шабонарӯз дар тавқифгоҳ нигоҳдорӣ шудаанд, ки ин ғайриқонунӣ аст. 20 дарсади кӯдакон гуфтанд онҳо якҷоя бо калонсолон нигаҳдорӣ шудаанд, ки ин ҳам тибқи қонунҳои байналмиллалӣ мумкин нест». 90 дарсади пурсидашудагон дар пажӯҳиши онҳо ҷавонписарон буда, 96 дарсад бори аввал боздошт шудаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, кӯдакони муттаҳам ба қонуншиканӣ ғолибан дар марҳилаи аввали боздошт аз ҷониби милисаҳо ғайриқонунӣ бидуни ширкати волидайн ва ё ҳимоятгарҳо бозпурсӣ мешаванд ва зери фишору шиканҷа гуноҳеро бар дӯш мегиранд, ки шояд содир накардаанд. Аммо, ба гуфтаи Тоҷиддин Ҷалолов – раҳбари Маркази ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар аксар ҳолат ин ҳодисаҳо аз чашмҳо дур мемонанд. «Чунки аксар волидон ба хотири амнияту ояндаи фарзандон ҷое шикоят намебаранд»,-гуфт ӯ.
Оқои Ҷалолов афзуд, «метавонам аз парвандае дар Ёвон ёдовар шавам, ки нозири минтақавӣ бо зӯроварӣ ва латту кӯб кӯдакро маҷбур месозад, ба содир кардани ҷиноят иқрор шавад. Кӯдак дар пайи такрори ин ҳодиса ва латту кӯб аз тарсу ҳарос ва шарму ҳаё худро ба дор овехтанӣ буд ва шукр, ки наздиконаш тавонистанд аз ин худкушӣ ҷилавгирӣ кунанд. Яъне, дар ин самт бояд ҳоло қабл аз ҳама ҳукумати ҷумҳурӣ ба тамоми ниҳодҳо дастуру супоришҳо диҳад, то дар муассисаҳо зӯроварӣ ва бадрафторӣ нисбат ба ноболиғон ҷилавгирӣ шавад.”
Тоҷиддин Ҷалолов мегӯяд, чунин ҳодисаҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳам рух медиҳанд. Дар Тоҷикистон як маҳбас барои ноболиғон вуҷуд дорад ва писарони қонуншикан дар он нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо духтарони ноболиғе, ки ба қонуншиканӣ муттаҳам мешаванд, ба зиндони занона дар шаҳри Норак интиқол меёбанд. Вазорати маорифи Тоҷикистон низ мактаб ва омӯзишгоҳҳои махсусе дорад, ки дар онҳо умдатан бачаҳои душвортарбия таълим мегиранд.
Вале Саидраҳмон Ҳафизов, муовини раҳбари ин муассиса дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо он ки дар ин мактаб бо шогирдон бадрафторӣ ё таҳқир раво дида намешавад, вале тарбияи чунин кӯдакон кори бисёр мушкил будааст. “Кор бо ин кӯдакон, ки ба дуздиву оворагардӣ машғул будаанд, мушкил аст, вале мо бештар бо онҳо сӯҳбат мекунем. Чун медонем, ки ба зӯроварӣ ва латту кӯб ба натиҷае намерасем, баръакс, бо роҳи зӯроварӣ ин кӯдакон боз бештар бетартибу ҷинояткор мешаванд”,-мегӯяд Ҳафизов.
Дар ҳоли ҳозир, дар парлумони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи «ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» дар дасти баррасист ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон бовар доранд, бо тасвиби ин қонун вазъи ҳуқуқи кӯдакон беҳбуд хоҳад ёфт. Бар асоси иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар соли 2013 аз ҷониби ноболиғон беш аз 700 ҷиноят содир шудааст, ки ин дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 беш аз 3 дарсад бештар будааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад