Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Кӯдакон дар боздоштгоҳҳо таҳқир мешаванд" (ВИДЕО)


Бештари кӯдакони пурсидашуда гуфтаанд, ки ҳангоми боздошт аз сӯи кормандони милиса ҳадди ақал як бор дашном шунидаанд.

Натиҷаи як пажӯҳиш (таҳқиқот) дар Тоҷикистон мегӯяд, аксар кӯдаконе, ки аз сӯи маъмурони пулис боздошт мешаванд, мавриди таҳқир қарор мегиранд. Ин таҳқиқотро созмони "Ислоҳоти зиндонҳо" анҷом додааст ва ба қавли масъулонаш дар он беш аз сад кӯдаки боздоштшудаи тоҷик иштирок кардаанд. Ба иттилои онҳо, аз ин теъдод кӯдакони пурсидашуда ҳаштод дарсадашон иқрор намудаанд, ки ҳангоми боздошт аз кормандони милиса ҳадди ақал як бор дашном шунидаанд.

Азамат Шанбилов, намояндаи созмони "Ислоҳоти зиндонҳо" бо эълони натиҷаи пешакӣ ё муқаддамотии пажӯҳиш гуфт, танҳо 37 дарсади кӯдакони пурсидашуда, аз кумаки ҳуқуқӣ бархӯрдор будаанд. "37 дарсади онҳо изҳор доштанд, ки беш аз як шабонарӯз дар тавқифгоҳ нигоҳдорӣ шудаанд, ки ин ғайриқонунӣ аст ва 20 дарсади кӯдакон гуфтаанд, онҳо якҷоя бо калонсолон нигаҳдорӣ шудаанд, ки ин ҳам тибқи қонунҳои байналмиллалӣ мумкин нест",-афзуд ӯ.

Ба қавли Шанбилов, 90 дарсади пурсидашудагон дар пажӯҳиши онҳо ҷавонписар буда, бори аввал боздошт шудаанд. Пажӯҳиши мазкур дар доираи барномаи «Ҷилавгирӣ аз зӯроварии кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида» дар 3 кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон - анҷом шудааст. Ба гуфтаи Азамат Шанбилов, намояндаи созмони «Ислоҳоти зиндонҳо», ҳадаф аз ин назарпурсӣ, ки миёни афроди аз 13 то 18-сола анҷом шудааст, омӯзиши вазъи ноболиғоне будааст, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва пӯшида ба сар мебаранд. Ҳамин пажӯҳиш дар Қазоқистону Қирғизистон муайян кардааст, ки ҳангоми боздошт ноболиғон ба бадрафторӣ ва табъиз рӯ ба рӯ мешаванд ва ин ҳолат дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешудааст.

Наврасон гуфтаанд, ҳангоми боздошт таҳқир шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Муаллифони ин пажӯҳиш мегӯянд, 24 соати аввалӣи боздошти ноболиғон барои ҳомиёни ҳуқуқ бисёр муҳим аст ва дар ин лаҳзаҳо бояд кӯдакон ҳатман кумаки наздикони худро эҳсос кунанд ва волидонашон ҳам бояд дар наздашон бошад.

Конфронси рӯзи 16 сентябр дар Душанбе таҳти унвони "Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон" дар доираи лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо ("Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон") ва бо кӯшиши Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) ва Комиссияи назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG