Дар ноҳияи Восеъ дуздиҳои пай дар пай тоҷирони мағозаҳои бозори марказиро нигарон кардааст. Дар 2 моҳи охир дар ин ноҳия 15 мағоза ва чор хона ғорат шудааст, ки дар минтақаи Кӯлоб собиқа надоштааст. Тоҷирони бозори марказии ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ иллати афзоиши дуздиро дар лимити шадид ва бебарқии бесобиқа медонанд. Торикӣ барои дузду ғоратгар заминаи роҳати расидан ба ҳадаф аст, - мегӯянд ин тоҷирон.
Як тоҷири мағоза дар маркази ноҳияи Восеъ, ки маводи ғизоӣ ва либосворӣ мефурӯшад, рӯзи 20 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дуздӣ дар ҳоле ба амал омадааст, ки бо супориши раиси ноҳия Мӯсо Ғафуров хатти қувваи барқи мағозаҳоро буридаанд ва қувваи барқ баъди соати 10 шаб то субҳ комилан хомӯш карда мешавад.
Ӯ мегӯяд: «Ба ҷои он ки соҳибкоронро дастгирӣ кунанд, бо супориши раис хатти барқи мағозаҳоро буриданд. Баъди ин кор яке дуздӣ сар шуд. Ҳарчанд мо, соҳибкорон, ин ноҳияро обод карда истодаем, аммо ин кор тоҷиронро нигарон кард. Далели раис танҳо дар он аст, ки гӯё дар симчӯбҳо симҳои дуздӣ бисёр мушоҳида мешудааст.»
Аммо раиси ноҳияи Восеъ ин иддаои тоҷиронро рад мекунад. Мӯсо Ғафуров рӯзи 20 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Восеъ дар шоҳроҳ ҷойгир буда, ҳодисаҳое мисли дуздиро имконпазир мекунад.
Ӯ мегӯяд, дар пайи санҷиш маълум кардаанд, мағозаҳои назди бозорӣ марказӣ ба талаботи амниятӣ ҷавобгӯ нестанд: «Мо санҷиш гузаронидем, маълум кардем, ки ягон мағозаи маркази ноҳия ба талабот ҷавоб намегӯяд, ҳатто камераҳои назоратӣ надоранд. Дар баробари ин Восеъ дар шоҳроҳ қарор дорад, ки ҳар кор шуданаш имкон дорад. Вале дар масъали қувваи барқ онҳо мушкилӣ надоранд.»
Дуздии бесобиқа дар мағозаҳои ноҳияи Восеъ, ки хисороти он ҳазорҳо доллар ҳисоб шудааст, охири моҳи ноябр оғоз шуда, то кунун идома дорад. Ғоратгарон аз торикии шаб истифода карда, натанҳо мағоза, балки дороиҳои 4 хонаи дигар дар гирду атрофи бозорро низ ба яғмо бурдаанд. Дар ин замина кормандони пулиси ноҳияи Восеъ парванда боз карда, се нафарро боздошт намуданд, аммо нисбат ба дигар мағозаҳое, ки чанд рӯз қабл ғорат шуда буд, кофтукоб идома дорад.
Мансур Ҷаъфаров, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ рӯзи 20 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти се ғоратгарро тасдиқ кард ва гуфт, нисбати онҳо бо 11 далели дуздӣ бо моддаи 244 парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва муттаҳамонро ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристодаанд. Ӯ мегӯяд, Ҷамшед Ҳакимов, Фирдавс Қурбонов ва Саймӯмин Бедаков, ҳарсе зодаи ноҳияи Восеъ буда, гуфтаанд, ки онҳоро бекорӣ ба дуздии моли мардум водор кардааст. Яке аз ин се нафар дар гузашта низ собиқаи зиндон доштааст.
«Ин дуздон ҷавонанд, ду нафари он таввалуди 1987, як нафари дигар 1993 ҳастанд. Сабаби аслии даст ба дузди задани ин ҷавонон бекорӣ аст. Зарари 11 мағозае, ки инҳо ғорат кардаанд, зиёда аз 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,» - гуфт Ҷаъфаров.
Вақтҳои охир даст ба дуздӣ задани ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб низ бештар мушоҳида мешавад. Як моҳ қабл нафаре, ки моли 10 мағоза ва базаи дурбинҳои назорати ин дӯконҳоро ба яғмо бурда буд, дар дуздии хонаи Ҷумъахон Раҷабов, ё «Ҷумъа-Мускул» гумонбар дониста шуд. Мирзоалии Сабзаалӣ ҳудуди 1 моҳи пеш бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад, аз бекорӣ, «фаъолияти касбӣ»-ашро ин бор аз хонаи «Ҷумъа-Мускул» оғоз кард, вале зуд боздошт шуд.
Афзоиши ҷиноятҳои мисли дуздӣ дар ин минтақа баъди қабули қонуни афв дар соли 2014, ба озодӣ баромадани дуздҳои таҷрибадор, ва ҳамчунин бозгашти муҳоҷирони депортшуда аз Русия бештар ба мушоҳида мерасад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки минтақаи Кӯлоб корхонаҳои саноатӣ ва имкони бо кор таъмин кардани садҳо ҳазор сокинашро надорад. Пешгӯӣ мешавад, ки бо ҷорӣ шудани патенти муҳоҷират дар Русия ва бозгашти бахши умдаи муҳоҷирон ба хонаҳояшон ва ҳамчунин бекории рӯзафзун вазъи иҷтимоӣо боз ҳам буғранҷ шавад.
Ноҳияи Восеъ дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ ҷойгир буда, ҳаррӯз ҳазорҳо нафар аз ҳудуди ин ноҳия рад мешаванд. Аммо бо дуздии бесобиқа, ки ду моҳ боз идома дорад, тоҷирон мегӯянд, дигар наметавонанд мағозаҳояшонро нимашаб партофта, дар хонаҳои худ бо роҳат хоб кунанд.