Шаҳбоз Салоҳов, донишҷӯи соли дувуми факултаи муштараки мошинсозии Тоҷикистону Беларус дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст ва мегӯяд, роботи сохтааш барои кандани нақб дар шароити душвор ва гоҳе хатарноки куҳӣ ё таҳқиқи чоҳу конҳое, ки мумкин аст, маводи заҳролуд доранд, муҳим хоҳад буд. Дар ин ҳолат ҷони кӯҳканҳо ба хатар гузошта намешавад ва робот аз фосилаи дур ба воситаи пулт идора карда мешавад.
Шаҳбоз мегӯяд, дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми кандани нақб аз даруни хок ё маъдан метавонад моддаҳои заҳрнок хориҷ шаванд, ки ба саломатии инсон зарар доранд. Дар ин шароит ба гуфтаи Шаҳбоз, кори нақбканҳоро метавонад асбоби ихтироъкардаи ӯ идома диҳад.
Вай гуфт: “Ин асбобро тавассути пулт муҳандис аз берун метавонад идора кунад ва ҳаракаташро дар монитор мушоҳида намояд. Робот имкони ҳам сӯрох кардан ва ҳам парма кардани ҷинсҳои кӯҳиро дорад. Асбоб метавонад аз даруни нақб қисматҳои хоку сангро берун барорад ва баъдан мутахассисон дар шароити озмоишгоҳ метавонанд санҷанд, ки хоку сангуи даруни нақб аз чӣ моддаҳо таркиб ёфтааст.”
Ин ягона асбоби ихтироъкардаи Шаҳбоз нест. Қаблан ӯ, асбоберо сохта буд, ки бидуни сарфаи нерӯ обро метавонад аз чуқурӣ боло барорад. Вай ҳамчунин чаҳор асбоби муҳими рӯзгор, компас, фонус ва тарозуро дар шакли як рукча бо ҳам васл карда ва ин асбоби сохтааш дар озмуни ихтироъкорон ҷавони Академия улуми Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал шуд. Вай афзуд: “Ин асбоби сохтаи ман барои сайёҳон зиёд кор меояд. Ба кишвари мо сайёҳони зиёд меоянд ва агар ин асбобро дар истеҳсолот ҷорӣ мешуд, фикр мекунам харидор меёфт.”
Шаҳбоз мисли ин асбобҳои зиёди дигареро ҳам сохтааст, аммо мегӯяд офаридаҳояш рӯи коғаз ва дар шакли намунаҳо боқӣ мемонад, аммо дар истеҳсолот аз онҳо истифода намешавад. Ӯ мегӯяд, дар сабти номи ихтирооташ ҳам мушкил дорад ва аз ин рӯ аз онҳо суди молие намебинад. Вай аз як пойафзоли таҳия кардааш ёд кард, ки ҳанӯз ҳангоми мактабхониаш сохта буд, ки ҳангоми роҳгардӣ метавонист пойи соҳибашро гарм кунад.
Шаҳбоз дар зери ин кафш аз нихром (номи метал) омода карда буд, ки ҳини роҳгардӣ ҳарорат тавлид мекунад. Ӯ мегӯяд, бо ин ихтирояш дар як озмуне дар Конибодом ғолиб шуд. Аммо пас аз ҳафтае тариқи телевизион дид, ки нафари дигаре ин кашфиётро ба номи худ муаррафӣ намуда, худро ситоиш мекарду, баъди ним сол хабаре расид кафши ӯро дигарон ба ширкати чиние фурӯхтаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон робитаи байни илм ва истеҳсолот гусаста аст ва бисёре аз ихтирооти олимон ё рӯи коғаз мемонад ва ё ширкатҳои хориҷӣ идеяҳои онҳоро мехаранд.
Ринат Мадяров, муттахассиси иноватсия дар бизнес мегӯяд, барои васли ихтироот бо истеҳсолот ва ё бизнес паркҳои технологӣ заруранд, ки шумори онҳо дар Тоҷикистон ниҳояд кам аст. Вай гуфт: “Дар Тоҷикистон то ба ҳол технопарки мустақил ва фаъоле вуҷуд надорад. Чанд технопарке, ки ҳаст дар назди донишгоҳҳо чандон фаъол нест ва бизнес аз ихтироотҳои дар он суратмегирифта, огоҳ нест.”
Дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2010 қонун дар бораи паркҳои технологӣ қабул шудааст, аммо то ба ҳол парки мустақили технологӣ дар кишвар вуҷуд надорад. Бинобар иттилои маркази патенту иттилоот дар соли 2014 танҳо панҷ нафар барои қайди ихтирроташон ба онҳо муроҷиат кардааст. Аммо ин марказ ҳам мегӯяд, сатҳи ихтироъҳо ба талабот ва зарфиятҳои имрӯзаи иқтисодиёт ҷавобгӯ нест ва аз ин рӯ бисёре аз онҳо дар амал татбиқ намешаванд.