Дастгоҳи мазкур мушкили ҳазорон нафар аз сокинони Тоҷикистонро, ки дар истифодаи батарея ё анбозаҳои барқи хуршедӣ бо мушкил рӯбарӯ шудаанд, осон мекунад. Ҳоло нархи он 400 доллар буда, ба гуфтаи масъулон, дар сурати ба роҳ андохтани тавлиди саноатии ин дастгоҳ арзишаш коҳиш хоҳад ёфт. Муҳимтар аз ҳама, ба ақидаи олимони тоҷик, ин дастгоҳ мардуми Тоҷикистони офтобиро ба истифодаи анбозаҳои барқи хуршедӣ дубора дилгарм хоҳад кард.
Ҳаким Аҳмадов, котиби илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 12-уми март дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, муҳандиси тоҷик Абдумалик Солеҳов ин дастгоҳро бо супориши Академияи илмҳо сохтааст. Дастгоҳ «контроллер» ё «танзимгар» ном дошта, фаъолияти муътадили анбозаҳои барқиро таъмин мекунад: «Ин асбоб он нерӯи барқеро, ки панел аз офтоб мегирад, мӯътадил карда, ба аккумулятор медиҳад. Ва шабҳангом замоне ки нури офтоб несту мо бояд барқ гирем, контроллер барқро мӯътадил карда, ба муштарӣ медиҳад. Яъне намегузорад, ки аккумулиятор то ба охир шинад.»
Ҷаноби Аҳмадов меафзояд, ин нерӯгоҳ имкон дорад телевизор, магнитофон ва лампочкаҳои каммасраф барин асбоби камхарҷро то 15 соат бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Батарея ё анбозаҳои барқии офтобӣ кайҳост дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешаванд ва нархи панеле, ки дар шабонарӯз то як киловатт-соат барқ тавлид мекунад, аз 200 то 250 доллар аст. Чун қариб 6 моҳ дар як сол аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон азияти бебарқиро мекашанд, бисёриҳо бо майли том аз ин панелҳо харидаанд, вале он интизории аксариятро бароварда накард ва бисёриҳо худро фирефта эҳсос карданд.
Ба таъкиди он ҳамсӯҳбатони мо, ки аз ин панелҳои офтобӣ харидорӣ кардаанд, камбудии ҷиддиаш дар он аст, ки барои рӯзгори як оила барқӣ кофӣ тавлид намекунад ва ҳамчунин аккумуляторҳояш тез-тез корношоям мешаванд.
Аммо онҳое, ки ба панелҳои офтобии худ «танзимгар» васл кардаанд, аз кори анбозаҳои нерӯи хуршедӣ розианд.
Қурбон Кабутов, корманди Пажӯҳишгоҳи физикаи Академияи улум мегӯяд, ин асбобро ин олими тоҷик дар ҳузури ӯ ва дигар олимон дар академия муаррифӣ кардааст: «Аксарияти узвҳои ин нерӯгоҳ аз хориҷа, аниқтараш аз Чин ворид карда шудааст. Муҳимаш он ҷо ҳамон асбоби «контроллер», сохтаи олимони мо аст. Лекин ҳоло ин комёбии калоне нест, ихтироъҳо дар ин самт то ҳоло ҳам зиёд буданд. Муҳим он аст ки истеҳсоли ин асбоб дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Пас он вақт ин хабари хуш мешавад.»
Дар ҳамин ҳол, бархе аз энергетикҳои тоҷик мегӯянд, таҷҳизоте ки аз офтоб нерӯи барқ тавлид мекунанд, хеле гаронарзишанд ва ҳамзамон барқи кофие мисли нерӯгоҳҳо обӣ истеҳсол намекунанд.
Собит Зоиров, як муҳандиси тоҷик мегӯяд, ҳар гоҳ дар саҳфаҳои матбуот даъвоеро мехонад, ки чаро дар Тоҷикистони офтобӣ аз энергияи офтоб барқ истеҳсол намекунанд, хандааш мегирад: «Чунки истеҳсоли барқ аз энергияи офтоб дар қиёс аз барқи гидроэнегетика ҳадди ақал панҷ маротиба гаронтар аст. Барои он ки аз офтоб як киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол шавад, 4-4 500 доллар масраф кардан зарур аст. Гузашта аз ин, дар давоми 7 сол аккумулияторҳои чунин нерӯгоҳҳо корношоям мешаванд ва онро иваз бояд кард. Нархи аккумулиятор бошад 70-80 дарсади нархи умумии ин нерӯгоҳҳоро ташкил мекунад.»
Зоиров мегӯяд, барои Тоҷикистон беҳтарин ва арзонтарин роҳи истеҳсоли барқ ин бунёди нерӯгоҳҳои обии бузург аст. Ба таъкиди Зоиров, дар дунё аз ҳама нерӯи барқи арзонтарин аз нерӯгоҳи атомӣ ва дувум аз нирӯгоҳҳои обист. Ин муҳандиси тоҷик меафзояд, чун Тоҷикистон аз захираҳои об бой аст, бинобар ин кӯшиши давлат бояд асосан барои бунёди нерӯгоҳҳои обии бузург равона шавад. Чунки ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳар чӣ қадар нерӯгоҳ бузургтар бошад, ҳамон қадар нархи барқаш арзонтар мешавад.
Аммо нақшаҳои давлати Тоҷикистон барои бунёди нирӯгоҳҳои азим бар фарози рӯдхонаҳояш ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон дучор шудаанд, ки тарс доранд, дар чунин сурат заминҳои кишташон беоб хоҳад монд. Аз ҷумла мухолифати Тошканд боис шудаааст, ки Тоҷикистон то ҳол наметавонад барои сохтани нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳими Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, сармоягузор пайдо кунад. Ин дар ҳолест ки Тоҷикикистон ҳар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва мегӯяд, бидуни сохтани Роғун аҳолӣ ва корхонаҳояшро бо барқи доим таъмин карда наметавонад.
Бисёриҳо ба ҳамин далел бар боми хонаҳои худ батареяҳои офтобӣ шинондаанд, то дар фасли сармо ҳадди ақал хонаашон равшан бошанд. Ва ихтироъи Абдумалик Солеҳов бояд акнун мушкили ин мардумро, ки зуд-зуд аз кор мондани ин панелҳо нороҳаташон мекунад, осонтар гардонад.