Мубошира Раҳимова, ки ахиран дар озмуни байналмиллалии ихтироъкорон дар Корея ҷоизаи «беҳтарин зани ихтироъкорро»соҳиб шуд, мегӯяд, агар ихтирооти ӯ дар истеҳсолот ба роҳ монда шавад, хоҷагии қишлоқ ба вижа кишту парвариши пахта ба маротиб рушд хоҳад кард.
Ин зани навовари тоҷик доктори фанҳои кимиё, устоди Донишгоҳи миллӣ ва ҳамакнун яке аз беҳтарин занони ихтироъкори ҷаҳон Мубошира Раҳимова аст, ки ба тозагӣ аз як ҳамоиши байналмилаллӣ бо 4 медал, аз ҷумла бо нишони тиллоӣ барои кашфиёт дар соҳаи кимиё ва тиб баргашт.
Мубошира Раҳимова дар қатори бештар аз 400 зани ихтироъкор аз 26 давлат дар ҳамоиши ҳафтуми байналмиллалии бонувони ихтироъкор, ки аз 14 то 24 май, дар пойтахти Кореяи ҷанбуӣ шаҳри Сеул, баргузор шуд, ширкат дошт. Ӯ дар ин ҳамоиш 3 ихтироъ дар соҳаи кимиё ва тиб пешниҳод кард, ки дар ҳаммуаллифӣ бо шогирдонаш таҳия шудааст.
Озодӣ: Пирӯзӣ ба шумо дар байни олимони беш аз 20 кишвар чӣ тавр даст дод ва аслан худи шумо аз ширкат дар ин ҳамоиш чӣ интизороте доштед?
М.Раҳимова: Ин бори саввум аст, ки ман дар ин озмун ширкат мекунам. Бори аввал ман соли 2012 ва дуввум соли 2013 ба ин ҳамоиш даъват шуда будам ва имсол хушбахтона пирӯзӣ насибамон шуд. Албатта ман чандон боварии комил надоштам, вале албатта умед буд, чун ҳар сол мо ба ин ҳамоишҳо дар муддати на камтар аз як моҳ омодагӣ мебинем. Сабаби аслии ин дастовард, танҳо дастгирии ҳамкорону ҷавонон ё шогирдоне, ки ба ин илм таваҷҷӯҳ доранду ҳамеша ба ман кӯмак мекунанд зиёд буд.
Озодӣ: Фикр мекунед, бартарии кори шумо аз кашфиёти олимони дигар кишварҳо дар ин ҳамоиш дар чӣ буд?
М.Раҳимова: Медонед, 2 ихтирои мо дар хоҷагии қишлоқ натиҷаҳои хубе доданд ва ман фикр мекунам ҳамин диққати онҳоро ҳам ҷалб кард. Аз сӯи дигар ин дафъа як сирри муваффақияти мо дар он буд, ки тавонистем кори худро хубтар муаррифӣ кунем ва кашфиётамонро тавассути маводҳои намоишӣ ва маълумотии ҷолиб тарғиб намоем ва олимонро бо кори худ хуб ошно кунем. Ҳамчунин ман барои ширкат дар ин озмун, набераамро, ки донандаи забони англисӣ ва куриёӣ аст, бо худ бурдам. Ӯ ки аз кори ман хуб огоҳ шуда буд, тавонист кашфиёти моро ба ҳайати комиссия хуб тарҷумаву муаррифӣ кунад. Ва бинобар ин ман ҳам имсол фишори равонӣ надоштам ва худро озод ҳис кардам.
Озодӣ: Аммо агар дар бораи худи ихтироотатон сӯҳбат кунем, чӣ кашфиёт аст он агар барои хоҷагии қишлоқ аст, то куҷо корро дар ин соҳа осон мекунад?
М.Раҳимова: Аслан беш аз 40 сол аст, ки мо дар самти ҳосил намудани пайвастаҳои комплексӣ ё координатсионӣ таҳқиқот мебарем. Ихтироотӣ якуми мо ҳам, ки дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд, ин моеи аз пайвастаҳои комплексии оҳан бо анионҳои тезобҳои узвӣ, масалан тезоби сирко, тезоби лиму буд, ки барои кишти пахта истифода мешавад. Пеш аз кишти пахта чигитро дар муддати 18-20 соат дар маҳлул тар мекунанд ва баъд кишт мешавад. Ин имкон медиҳад, ки решта пурқувват, беморӣ кам ва ҳосилнокии пахта дар як гектар аз 3,5 то 5 сентнет зиёд шавад. Тавассути ин маҳлул сифати пахта ҳам хеле хуб мешавад. Солҳои тӯлонӣ пахтакорон заминро истифода мекунанд ва бо сабабҳои иқтисодӣ имкон намеёбанд заминро бо нуриҳои менералӣ сер кунанд, бинобарин ҳосилнокӣ ҳам паст мешавад. Мо ин корро дар чанд хоҷагӣ истифода бурдем ва натиҷаи хубе ҳосил шуд. Ихтирооти дигари мо, ҳосил намудани пайвастаи комплексии оҳан аз партобҳо буд. Ҳамчунин як ихтироӣ мо тарзи ҳосил намудани шираи райҳон аст. Мо шираи райҳонро дар маҳлули 50 -60 фоизаи спирти этил ҳосил мекунем ва то 35 соат тар мекунем, то он моддаҳое, ки дар таркиби райҳон аст ба маҳлул гузарад. Ин мавод бо ҳадафи табобатӣ ё косметологӣ истифода мешавад. Масалан, ин маҳлул барои бемории қалб ва рӯйи одам фоида дорад. Ва як кори дигари мо ҳам, ки ҳоло дар осоишгоҳи «Баҳористон» истифода мешавад, ин намаки табобатӣ барои гармобаҳо аст. Ин намак аз намакҳои дигар бо он фарқ мекунад, ки аз шираҳои гиёҳҳои маҳаллӣ, мисли пудинаи боғӣ, райҳон ва гули садбарг омода мешавад ва он барои дарди буғуму дасту пой, кори дил ва рафъи хастагӣ кӯмаки хуб мекунад.
Озодӣ: Аммо муаллима ҳамин намакҳое, ки гуфтед ба пусту ҷисми инсон фоида доранд, кай метавон гуфт мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад?
М.Раҳимова: Намакҳоро мо истифода карда истодаем, бо миқдори кам. Барои истеҳсоли оммавӣ, як қатор монеаҳо ҳоло мавҷeданд. Ин аз он вобастааст, ки кай ҳуҷҷатҳои мо аз кумитаи формокологӣ мегузаранд. Он вақт мо метавонем як завод кушоем ва ба миқдори зиёд истеҳсол кунем. Зеро бартарии ин намаки мо дар он аст, ки он фақат аз растаниҳои шифобахши табии омода шудааст ва ягон моддаи кимиёвӣ надорад. Аз сӯйи дигар вақте дар дохил истеҳсол шавад, нархи он ҳам дастрас хоҳад шуд.
Озодӣ: Ҳоло аксар олимону кормандони риштаи илм аз он нигаронӣ мекунанд, ки воқеан ихтироот зиёде ҳаст ҳамасола олимони зиёде барои кашфиёти худ иҷозатнома мегиранд, аммо аксаран ин ҳама кору кашфиёт рӯйи қоғаз мемонанд ва дар амал татбиқ намешаванд. Шумо чӣ умед доред, оё ин кашфиёти шум то куҷо ба истеҳсолот роҳ хоҳанд ёфт?
М.Раҳимова: Бале воқеан ҳама ихтироъкорон бо ҳамин мушкил дучор мешаванд. Ман ҳамеша мегӯям, ки барои он, ки кору заҳмати як ихтироъкор дар ҷое истифода шавад ва натиҷа диҳад, як сохтори вижае лозим аст. Ин сохтор бояд сирф дар масъалаи дар амал татбиқ кардани ихтирои олимон фаъолият барад. Чун барои истифода шудан ҳуҷҷатҳои зиёд, вақт ва маблағ лозим аст. Агар ихтироот дар соҳаи кимиё бошад, заводҳо лозим аст, то ин кашфиётҳо дар амал татбиқ шавад. Дар он сурат ҳама соҳа рушд хоҳад кард. Вале мутаассифона имрӯз, ихтирооти зиёде воқеан рӯйи қоғаз мемонад. Ҳоло оиди намакҳо гуфта метавонам, бо кӯмаки фарзандон як озмоишгоҳи хурдакак таъсис додем. Дар он ҷо намакҳоро истеҳсол мекунем, албатта ба миқдори кам 500-700 килло, ин ҳам дар ҳоле, ки мо аз Афғонистону Русия ва чанд кишвари дигари дархостҳои зиёде ба миқдори 5-7 тонна мегирем. Вақте ихтиро аз худат ҳаст, дилат месӯзад ва бо ҳар роҳе набошад мехоҳӣ худат кӯшиш бикунӣ ва натиҷаашро бубинӣ.