Гулкан – як сокини вилояти Ӯши Қирғизистон, ки тақрибан се моҳ боз дар гӯшае аз фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав ба сар мебарад, иддао дорад, як шаҳрванди Тоҷикистон 150 ҳазор рубли ӯро аз худ кардааст. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Далер Юнусов ном бурда, вале ҷузъиёти дигаре надодааст.
Мо дар фурудгоҳ на бо хости худ зиндагӣ мекунем. Мехоҳем баъди гирифтани пулҳоямон ба макони худ биравем. Аммо то он вақт аз ҷоямон намеҷунбем.
Маълум нест, ки Далер Юнусов чандсола аст ва оё дар Тоҷикистон аст, ё ҷойи дигар. Аммо аз онки Гулкан гуфтааст, дар пайи ҷустуҷӯи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Маскав рафт ва дар бораи боздошташ ба пулиси онҷо шикоят кард, зоҳиран дар қаламрави Русия қарор дорад. Вале пулиси Русия ва худи Далер Юнусов расман изҳори назар накардаанд.
Ҳамроҳи Гулкан духтари ҳабдаҳсолааш Улара низ дар фурудгоҳ зиндагӣ мекунад. Бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон хостаанд, ба ӯ дасти ёрӣ дароз карда, харҷи билеташро ҳам пардохт кунанд, аммо ӯ гуфтааст, то замоне ки пулҳои худро нагирад, аз фурудгоҳ нахоҳад рафт.
Ин занро нахустин шуда таксиронҳои қирғиз дар пойтахти Русия мушоҳида кардаанд ва, ҳамин тавр, қиссаи ӯ аз даҳон ба даҳон гузаштааст. Курсант, яке аз таксиронҳои қирғиз, гуфт, Гулканро тӯли тақрибан як моҳ боз мебинад. “Ҳангоми қабули мусофирон дар фурудгоҳ аз ҳамкорон фаҳмидам, ки дар инҷо як зани лӯлӣ ба сар мебарад. Вақте ба наздаш рафтам, дидам, ки ба қирғизҳо шабеҳ аст. Дар назди ҳамкорон чизе нагуфтам, аммо дертар аз ӯ ин суолро кардам, ки қирғизистонӣ аст, ё не? Ӯ гуфт, ки воқеан аз вилояти Ӯш мешавад”, - афзуд Курсанд.
Ин таксирони қирғиз мегӯяд, борҳо талош кард, ба ин зан кӯмак намуда, ӯро ба Ӯш бифристад, вале ӯ рафтан намехоҳад. “Баъзеҳо мегӯянд, ки гӯё ӯ се моҳ боз дар инҷо зиндагӣ дорад, бархеи дигар мегӯянд, ки ним сол боз”, - афзуд ӯ.
Худи Гулкан, ки номи хонаводагиашро низ ошкор накард, мегӯяд, то замоне ҳаққи ҳалоли худро нагирад, ором нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, гӯё шаҳрванди Тоҷикистон аз роҳи фиреб пулҳои ба заҳмат ҷамъовардаи онҳоро гирифтааст. “Мо дар Маскав кор карда, тақрибан 150 ҳазор рубл ҷамъ овардем ва ба Ӯш рафтем. Духтарам дар саҳифаи Одноклассники бо як марди ҷавон ошно шуд ва ӯ қарз пурсидааст. Духтарам ҳам не нагуфтааст. Вай ба Ӯш омад ва корти “Сбербанк”-и моро гирифту бо ҳамин гум шуд. Ин ҳодиса моҳи августи соли гузашта рух дод.”
Гулкан мегӯяд, ки онҳо дар бораи ин ҳодиса бо пешниҳоди маълумоти шиноснома ва нишонии шаҳрванди Тоҷикистон ба маъмурони пулис ва сафорат муроҷиат кардаанд. Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. “Мо бо духтарам интизор ҳастем. Кадом вақте ки гумонбарро боздошт карда ва пули моро баргардонанд, ба хона меравем,” – гуфтааст ӯ.
Бино ба нақли ин зани сокини Ӯш, як писараш дар Русия кор мекунад ва наздиконаш дар Қирғизистон аз шароити зиндагии ӯву духтараш хабар доранд, вале ин шабу рӯз ҳар кас дар фикри зиндагии худ аст. “Духтарам ҳанӯз ба ҳабдаҳсолагӣ нарасидааст. Ӯро дар ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд. Мо дар фурудгоҳ на бо хости худ зиндагӣ мекунем. Мехоҳем баъди гирифтани пулҳоямон ба макони худ биравем. Аммо то он вақт ба ҳеҷ куҷо намеравем.”
Дар ҳамин ҳол, кормандони сафорати Қирғизистон ваъда додаанд, ки ин қазияро пайгирӣ ва то ҳадди имкон ба шаҳрванди дармондаашон дар фурудгоҳ ёрӣ хоҳанд кард. Аммо на Далер Юнусов ва на мақомоти дигари Тоҷикистон ба ин қазия вокуниш накардаанд ва дақиқ нест, ки воқеан Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст, ё нест.