Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғоратгарони муҳоҷирони тоҷик боздошт шуданд


Дар паи амалиёти муштараки ходимони вазорати умури дохила ва хадамоти федеролии амният дар вилояти Омски Русия, ду узви гурӯҳи ҷиноие боздошт шудааст, ки ба ғорат ва азияти муҳоҷирони кории тоҷик машғул буданд. Чор узви дигари ин гурӯҳ фирор карда ҷустуҷӯи онҳо идома дорад. Матбуоти русӣ аз қавли полиси Омск хабар медиҳад, ки боздоштшудаҳо мардони 44 ва 56-солаи сокини ин шаҳр буданд.

Кори онҳо – ғорати пулҳои муҳоҷирони корие буд, ки маъмулан охири ҳар мавсими корӣ ҳаққи заҳматҳои худро ба даст мегирифтанд. Дафтари матбуоти полиси вилояти Омск гуфтааст, ки дар маҷмӯъ 6

Дар тӯли солҳои 2012 то 2014 ҳадди аққал 9 нафар аз дасти ин гурӯҳ азият шудаанд. Ҳаҷми умумии пулҳои ғоратшуда 1,4 миллион рубро ташкил додааст.

нафар узви ин гурӯҳи ҷиноӣ буд ва ба ҳангоми ғорати муҳоҷирони тоҷик онҳо аз силоҳ истифода мекарданд. Полис аз ин гурӯҳ ҳамчун "махсусан хатарнок" ёд мекунад.

Онҳо инчунин даст ба оташ задани мошинҳо зада бо силоҳ муомилаҳои сиёҳи тиҷоратӣ мекарданд. Ин ду нафар лаҳзаи аз дасти як муҳоҷир гирифтани 200 ҳазор рубли русӣ боздошт шуданд. То ҳол мушаххас шудааст, ки ин гурӯҳ махсус зидди муҳоҷирони корӣ амал мекард ва аллакай як силсила ҷиноятҳои онҳо ошкор шудааст. Дар тӯли солҳои 2012 то 2014 ҳадди аққал 9 нафар аз дасти ин гурӯҳ азият шудаанд. Аз онҳо дар ҳаҷми 50000 то 300000 рубл мусодира шудааст. Ҳаҷми умумии пулҳои ғоратшуда 1,4 миллион рубро ташкил додааст.

Қурбониҳо ба полис шикоят намекарданд

Матуботи русӣ таъкид мекунад, ки қурбониёни ғоратгариҳо аз муроҷиат ба полис худдорӣ мекарданд, ба он хотир, ки аз амнияти худ меҳаросиданд. Феълан гуфта мешавад, ки эҳтимолан ба ҷинояткорон то 15 соли зиндон таҳдид кунад.

Русия дар солҳои истиқлолият ба макони аслии кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст. Онҳое, ки аз бекориву даромадҳои паст дар ватани худ шикоят мекунанд, омода ҳастанд ба Русия рафта дар сохтмону корҳои хоҷагиву коммуналӣ, тиҷорат ва соҳаҳои дигар кор кунанд, то ки тавонанд рӯзгори худу оилаашонро таъмин кунанд. Даромад аз коре, ки дар Тоҷикистон пули ночиз медиҳад, дар Русия нисбатан беҳтар аст ва дар солҳои 2010 танҳо аз кори фаррошӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври расмӣ метавонистанд моҳе 600-700 доллар ба даст оваранд.

Бо сабаби бӯҳрони иқтисодии ду соли охир, мавҷи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳадди аққал 6 % коҳиш ёфт. Вале бо ин вуҷуд, аксари муҳоҷирон бо сабаби ошно будани шароити кор ва умумиятҳои фарҳангиву забонӣ барои тағйири макони кор кардан намешитобанд. Айни замон, кору фаъолияти онҳо на ҳамеша амну бехатар аст. Оҷонсии lenta.ru мегӯяд, дар соли 2015 дар саросари Русия 16,5 ҳазор муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои мухталиф мавриди ҳадафи ҷинояткорон қарор гирифтаанд. Дар миёни ин ҷиноятҳо – куштор, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва дигар қонуншиканиҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG