Модари Бахтиёр Шеров: "Намедонистам, ки Сурия рафтааст"

Бахтиёр Шеров

Пас аз як моҳи нашри хабари ҳодисаи ҳалокати Бахтиёр Шеров, сокини Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия, модари ӯ Хосият Шерова бо "Озодӣ" сӯҳбат кард.
Замоне, ки ҳалокати ӯ дар сафҳаи интернетии марбут ба ҷангиёни мухолифи режими Башор Асад аз кишварҳои пасошӯравӣ нашр шуд, мо ба хонаи онҳо ба маҳаллаи 9-уми шаҳри Кӯлоб рафтем. Он замон зоҳиран модари ӯ аз ин ҳодиса хабар надошт ва бо мо сӯҳбати зиёд накард. Аммо пас аз огоҳ шудан ҳам ин модар ба марги фарзандаш дар Сурия бовар надорад ва мегӯяд, то ҳол ба «Худораҳматӣ» гуфтани фарзандаш забонаш намегардад ва ба касе ҳам иҷоза намедиҳад, ин калимаро дар нисбат ба фарзандаш ҳоло истифода бубарад:

-Замоне мо хонаи шумо омадем, зоҳиран аз нашри хабари ҳалокати фарзандатон хабар надоштед. Баъдан аз кадом тариқ аз ин ҳодиса огоҳ шудед?

-Худатон нағз медонед, ки гап дар атрофи писарам бисёр шуд. Овоза даҳон ба даҳон рафт. Ҳама шаҳр дарак доштааст, ба ғайри ман. Баъдан дигар омаданд аз ҳар ҷо, пурсиданд ва ман аз ин кор огоҳ шудам, вале бовар накардам. Ҳатто то ҳол дилам пур нест ва ба ҳалокати писарам бовар надорам. Ҳоло ҳам баъзан бе рақам аз ягон ҷо телефон мешавад, ба умед мешавам ва фикр мекунам, ки Бахтиёр аст. Дар ин бора баъзан гап мезанам, аммо ҳеҷ гоҳ дилам пур нест. Фақат як хабари интернетӣ дар бораи писарам буд. Савод дорам, медонам, ки дар интернет ҳар гапро чоп мекунанд. Дигаре ҳеҷ факту далел дар бораи писарам надорам. Бовар ҳам надорам, ки писарам фавтида бошад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мусоҳиба бо модари Бахтиёр Шеров


-Вақте ба ин ҳодиса бовар надоред, оё талоше барои маълумоти бештар пайдо кардан дар бораи фарзандатон анҷом додед?

-Боз мегӯям, ки бовар надорам. Дуюм ин ки ба ғайри ҳамин писарам ман дигар касе надорам. Додару бародар, падару модарам нестанд ва Бахтиёр ягона фарзандам буд, ягона умедам буд. Бовар надорам, ки аз ҳамин ягона такягоҳам дар зиндагӣ халос шуда бошам. Аз дастам дигаре чизе намеояд, ки ӯро суроғ кунам. Албатта, кадом модар намехоҳад фарзандашро пайдо кунад? Магар модари ту ё ту ҳамчун падар фарзандатро дидан намехоҳӣ? Мехоҳӣ. Кадом модар намехоҳад, ки бо фарзандаш ё ақалан бо рӯҳӣ ӯ во бихӯрад ё ӯро дар хоб бубинад. Ақалан, мазори фарзандашро бубинад. Лекин чунин корҳо аз дастам намеояд. Намефаҳмам чӣ кор кунам. Фақат ду ракъат намоз мехонам ва дуо мекунам, ки худованд дар ҳар кунҷу каноре бошад, саломат бошад ва назди ман биёрадаш. Модар дигар чӣ мехоҳад. Ҳоло дар сари ҷойнамоз мешинам, дилам намешавад, ки гӯям, ки фарзандамро Худо раҳмат кунад. Вақте дуо мекунам, фақат мегӯям, ки ҳар ҷое бошад, сиҳату саломат бошад. Парвардигор нигаҳбонаш бошад. Дар забон ба ғайри ҳамин гапҳо вақти дуо дигар чизе намеояд. Фикр мекунам, ки ҳоло ӯ дар Масква ҳаст ва рӯзе занг мезанад.

- Гуфтед, ки ин ҳодиса дар интернет нашр шудааст ва он қадар ба воқеияти он бовар надоред. Он ҷо акси писаратон низ нашр шуда буд, магар он акс ба акси воқеии писаратон шабоҳат надошт?

- Аз рӯзи аввал гуфтам, ки бароям суратҳои интернетро нишон надиҳед, зеро таҳаммули дидани аксҳои писарамро дар вазъияти бад дидан намехоҳам. Ҳарчанд, бисёриҳо гуфтанд, ки мо сурати Бахтиёрро дар Интернет дидем. Аммо дар газетаҳо сурати писарам болои мотосикл чоп шуда буд, ки риш дошт. Ҳозир замонае шудааст, ки ҳама чизро бо компютер месозанд. Ба писарам монанд буд, аммо кӣ медонад, ки ӯро мумкин бо компютер карда бошанд. Дили ман боз ҳам мегӯяд, ки ӯ зинда аст.

- Пас аз нашри ин хабар худи шуморо касе дар бораи писаратон напурсид?

- Аз амният омаданд, пурсиданд. Мефаҳмам, ки пурсидан вазифаатон аст, вале камтар фикри маро ҳам кунед. Ман модарам. Кадом модар мехоҳад, ки фарзандаш ба ким-кадом давлати бегона равад? Модари шумо мехоҳад? Албатта, ҳеҷ модар намехоҳад. Аз ман мепурсанд, ки чӣ тавр ба он ҷо (Сурия) рафтааст. Охир медонистам, ки кай ва чи гуна рафтааст, магар розӣ мешудам? Ҳоло ҳам ба худ наомадаам, намедонам, чи кор кунам. Ба ғайри дуо кардан ягон кор аз дасти ман намеояд. Шабу рӯз корам дуост.

-Албатта, мо дарди шуморо дарк мекунем, аммо чи иттифоқ афтод, ки як ҷавони маҳаллӣ, фарзанди шумо аз Кӯлоб то Сурия бирасад?

- Бароям ин тасаввурнокарданӣ аст. Дар гӯшаи хотирам ҳам намеомад, ки фарзандам чунин ҷое меравад. Алҳамдуллилоҳ, ҳамаамон мусулмонем, писарам ҳеҷ кори хато надошт, панҷ вақт намозашро мехонд. Шумо худатон сӯҳбат кардед, дидед, ки дар ҳамин маҳалла ягон кас дар бораи писарам гапи ганда нагуфт. Ин ҷо як писари намунавӣ буд, намунаи ибрати ҳама буд. Як кас гап мезад, бачаи маро мисол меварданд, ки дидед, чӣ хел боодоб аст, модарашро ҳурмат мекунад. Ман фарзандамро Русия равон карда будам. Бачаи беодоб набуд, ҷангара набуд, охир бо ягон кас ҷанг накарда буд. Ягон ҳамсоя аз беодобии писарам шикоят накарда буд. Аз фарзандам чунин боварӣ надоштам ва ҳоло ҳам бовар надорам. Барояш билет гирифта, Русия равон кардам ва ҳоло ҳам пули қарзи билетро надодаам. Ба он хотир ӯро Русия равон кардам, ки як майда зиндагиаш хубтар шавад. Дар аввал намехостам, ки ягона писарам ғарибӣ равад, аммо худаш гуфт, ки барои зиндагии хубтар бояд биравад. Дигар ҳамааш тақдир, ҳар чӣ дар тақдир бошад, мебинем. Сурия гуфтани ҷоро ман намедонистам ва ақлам ҳам намегирифт, ки дар дунё ин хел гапҳо ҳаст ва писарам рӯзе ба ин ҷо меравад.

-Медонистед, ки дар Русяи писаратон бо кӣ кор мекунад ва бо он рафиқонашон баъди ин ҳодиса тамос нагирифтед?

-Не. Намедонистам, ки дар он ҷо бо кӣ кор мекунад. Ягон бор ҳам телефон мекард, рақамҳо номаълум буд. Охирон бор моҳи феврал занг зада буд. Маслиҳат кардем, ки ман ҳам наздаш меравам. Гуфтам, ки меоям ва дар ягон хона дар Масква кор меёбам ва пешатон кор мекунам. Зиёд ҳаваси зиёрати Хонаи Худоро доштам ва ба Бахтиёр гуфтам, ки меоям ва панҷ шаш моҳ кор мекунему якҷо Ҳаҷ меравем. Ӯ розӣ шуд ва ягон гапи дигар нагуфт.

-Замоне, ки бо шумо тамос мегирифт, бештар сари кадом мавзӯъ сӯҳбат мекард?

-Бовар кунед, рӯзам надоданд, ки дарду алами худамро бинолам. Ба маъное, ки Бахтиёр бачаи пургап набуд. Салом медод ва мегуфт, ки модарҷон саломатиатон чи хел аст. Аз фишорбаландиам мепурсид. Медонист, ки маро фишори хунам зуд-зуд баланд мешавад. Мепурсид, ки кор меравӣ ё не. Тамом, дигар дар ягон мавзӯи дигар гап намезад. Бачаи гапзанак набуд, табиатан камгап буд. Маро амният мепурсад ва дигару дигарҳо. Охир аз дасти як модари ғамдору аламзада чӣ меояд?

-Пас аз ин ҳодиса ягон дӯсташ телефонӣ бо шумо тамсо нагирифт?

-Намедонистам, ки дар Масква дӯстҳои ӯ кӣ буданд. Ҳамин рафиқҳои бо ӯ калоншуда меоянд ва хабар мегиранд. Ягон кор афтод, кӯмак мекунанд. Лекин дигар касе на телефон кард ва на ягон гап гуфт. Бачаи маро ҳама дар ҳамин маҳалла дӯст медорад.

-Дар он ҷо бо кӣ кор мекард ва дар бораи Сурия рафтанаш чӣ фикр доред? Ӯро кӣ ва чӣ гуна ба ин давлат бурд?

Дар Масква ӯ бо кӣ ҳамроҳ шуд ва чӣ гуна ӯро бурданд, намедонам. Ягон бор на аз сиёсат гап мезад ва на ҷангу ҷанҷол. Ягон бор мегуфт, ки ҳамин барои чӣ мо сурати Ҷаноби олиро дар хонаамон надорем. Масква як бори дигар худаш танҳо рафта омада буд ва дубори дигар бо худам рафта буд. Ӯ дар сохтмон кор мекард, ман дар хонаҳо. Мегуфт, ки ранги Тоҷикистон ягон давлати зебову тинҷ нест, оча. Озод ҳар ҷое хоҳӣ меравӣ меоӣ. Як бор ёд дорам, ки занг зад ва гуфт, ки ин бор агар оям, сурати Ҷаноби олиро портрет мекунам ва дар хонаамон мечаспонем. Мегуфт, ки ранги президенти худамон дигар президент нест.
Лекин аз он фарзанде, ки калон кардам, аз он фарзанде, ки тарбия кардам ва мешиносам, ҳеҷ гоҳ чунин кор намебаромад. Намедонам чӣ шуд. Дар Маскав сад намуд не, ҳазор намуд одам ҳаст. Бо кӣ хест, бо кӣ шишт ва чи кор кард, номаълум. Дар сохтмон кор мекард ва он қадар пул ҳам равон намекард. Дуборе, ки аз аз Русия омад, пули зиёд ҳам наовард. Мегуфт, ки модарҷон «кидат» шудем. Ҳозир ҳоли маро танҳо худаму Худо медонад. Вақте ягона умедат ҳамроҳат нест, дигар чӣ ҳол ҳам дошта метавонӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бахтиёр Шеров: Аз маҳаллаи нӯҳуми Кӯлоб то ҷанги Сурия