Ислом бо нуфус насрониҳои католикро гузашт

Имрӯз Ватикан иқрор кард, ки солҳои ахир теъдоди мусалмонҳо назар ба католикҳо бештар шудааст.

Дар солномаи ахири Ватикан гуфта шудааст, ки айни ҳол пайравони дини ислом беш аз 19 дарсади аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, дар ҳоле, ки теъдоди католикҳо камтар аз 17,5 дар сад аст. Ба истилоҳи дигар, аз 6,5 миллиард аҳолии Замин 1 миллиарду 250 миллион нафарашон пайравони дини исломанд. Ва 1 миллиарду 130 миллион сокинони сайёра худро католик мехонанд.

Гуфта мешавад, ки то солҳои ахир дини католикӣ сернуфустарин мазҳаби олам маҳсуб мешуд. Кардинал Виторио Форметтӣ, мураттиби солномаи Ватикан, сабаби афзоиши теъдоди мусалмонҳоро дар мизони таваллуд дар хонаводаҳо мебинад. Ба гуфтаи ӯ, оилаҳои мусалмонҳо серфарзанданд ва аммо аксари насрониҳо, аз ҷумла католикҳо, чун пештара бо як ё ду тифл қаноат мекунанд. Бо вуҷуди ин, омадааст дар солномаи Ватикан, теъдоди умумии насрониҳо ба шумули протестантҳо, пайравони калисои оротодокс ё православӣ ва калисои англиканӣ назар ба мусалмонҳо бештар аст ва онҳо 2 миллиарду 150 миллион нафар ваё тақрибан сеяки аҳолии сайёраро ташкил додаанд.

Арқом дар бораи афзоиши теъдоди мусалмонҳо аз сӯи Ватикан дар ҳоле нашр шуд, ки қарор аст, аввалҳои моҳи ноябр дар Рум нахустин форуми католикҳову ислом баргузор шавад. Баргузории ин форум посух ба даъвати раҳбарони исломӣ аз Ватикан барои музокироти миёни ду мазҳаб баъд аз як суханронии баҳсбарангези Бенедикти 16 дар ду соли пеш аст.

Он вақт Попи Рум дар шаҳри Регенсбурги Олмон дини исломро бо хушунат рабт дод ва ин боиси қаҳру ғазаби мусалмонҳо дар кишварҳои гуногуни олам шуд. Баъдан, Ватикан изҳор дошт, ки гуфтаҳои Бенедикти 16 нодуруст ташреҳ шудаанд ва худи Попи Рум зимни сафар ба Туркия дар яке аз масоҷиди маъруфи Стамбул ҳамроҳ бо имоми ин масҷид намоз гузошт. Як сол баъд шоҳзодаи Урдун Ғозӣ ибни Муҳаммад ибни Талол ҳамроҳ бо 138 донишманди илми фиқҳ аз 43 кишвари олам унвонии Попи Рум як номаи саргушода ирсол карданд ва изҳор намуданд, ки сарнавишти сулҳи оромӣ дар сайёра ба гуфтугӯи миёни ин ду мазҳаб марбут аст.

Кардинал Форметтӣ, мураттиби солномаи Ватикан гуфтааст, ки иттилоъ дар бораи теъдоди мусалмонҳоро Созмони Миллали Муттаҳид нашр кардааст ва аммо омори Ватикан дар бораи шумораи умумии католикҳо бар пояи пурсиши епархия ваё намояндагиҳои Калисои Рум дар сартосари олам аст. Ӯ меафзояд, ки чун пештара теъдоди католикҳо дар Амрикои Лотин хело зиёд аст ва дар қитъаи Амрико дар маҷмӯъ тақрибан нисфи католикҳои олам ба сар мебаранд. Ба гуфтаи кардинал, теъдоди пайравони ин дин дар қораи Осиё низ рӯ ба афзоиш аст.

Виторио Форметтӣ Африқоро чун “захираи бузург” барои афзоиши теъдоди католикҳо арзёбӣ кардааст. Ва аммо дар ин маврид вазъ Аврупо ва Амрикои Шимолӣ, ба гуфтаи Форетӣ, хеле табоҳ аст. Кардинал ҳамчунин дар бораи коҳиши ҷиддии роҳибаҳо хабар додааст. Теъдоди муҳассилини макотиби католикӣ аз ҳама бештар дар Гвадалаҳараи Мексика ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди камтарини ин муҳассилин дар Фаронса, Ҳуланд ва Белгия ба сар мебаранд.