То ҳол ҳукумати Бритониё бо назардошти шариати Ислом барои сармоягузорон баргаҳои вом ё заёмҳо нашр намекард. Аммо чунин ба назар мерасад, ки вақтҳои ахир ин масъала дар Бритониё аҳамият пайдо кардааст. Акнун интизор меравад, ки Вазорати молияи ин кишвар дар бораи нашри чунин баргаҳо бо номи "сукук" тасмим бигирад.
Ин баргаҳои вом дар муқоиса бо баргаҳои маъмулии қарордодии Бритониё гирифтани баҳраро дар назар надорад, зеро Ислом гирифтани ҳар гуна баҳра ё суд аз қарзро ҳаром медонад. Баргаи вом бо номи "сукук" барои дороии мавҷуда, аз қабили бино ё замин ва амсоли он, ки ба иҷора дода мешавад, пешниҳод хоҳад шуд. Сармоягузорон даромадеро, ки аз ин дороиҳо ба даст меояд, мегиранд. Давид Барзилай - коршиноси аршади молӣ дар умури исломӣ дар ширкати Нортон Роузи Лондон мегуяд, чунин дороиҳо метавонад замин ё дороие аз қабили ҳавопаймо, киштӣ ё таҷҳизоте дар муассисае бошад.
Давид Базилай мегуяд, интишордиҳандагони баргаи воми исломии Бритониё ё "сукук" ба сармоягузорон чунин ваъда додаанд:
"Он маблағе, ки шумо чун сармоягузор ба мо барои харидории дороӣ пардохт мекунед, мо онро дар иқтисод, дар тиҷорат истифода мекунем ва онро бо назардошти мизони саҳмияи шумо дар он дороӣ ба шумо бармегардонем".
Тасмими ҳукумати Бритониё шояд рузи чаҳоршанбе эълон шавад, яъне баъд аз он ки Алистейр Дарлинг -вазири молия лоиҳаи будҷаи солонаро ба порламон ироа мекунад. Агар аз ин нақша ҷонибдорӣ ба амал ояд, Бритониё нахустин кишвари ғайриисломӣ хоҳад буд, ки "сукук" ё баргаҳои воми исломӣ нашр хоҳад кард.
Аммо дар Ғарб намунаҳои дигар низ мушоҳида мешавад. Масалан, иёлати федеролии Саксон-Анҳолти Олмон соли 2004 баргаҳоеро аз ин қабил мунташир сохта буд. Соли гузашта ширкати Форд дороиҳои ёрирасон ё хоҷагиҳои ёрирасони худро бар асоси қарордоде ба фуруш гузошт ва ин ин қарордод аз ҳисоби "сукук" сармоягузорӣ мешуд.
Вазири қаблии иқтисод ва вазири кунунии иқтисоди Бритониё бар ин ақидаанд, ки чунин тасмим метавонад ба пешрафти иқтисодӣ кумак кунад. Ин тасмим ҳамчунин ба мусулмонони Бритониё имкон хоҳад дод, ки онҳо ба хадамоти молии ин кишвар дастрасӣ пайдо кунанд. Аз суи дигар, чунин тасмим метавонад Лондонро ба яке аз марказҳои сармояҳои исломӣ дар ҷаҳон табдил диҳад.
Аз ҳоло мусулмонони Бритониё бо назардошти шариат ба хадамоти густардаи бонкӣ дастрасӣ доранд. Онҳо ба ҷуз аз ҳисобҳои бонкӣ барои харидории манзил ё хона, барои кудаконашон низ ҳисобҳое доранд. Ба ин далел, ҳукумати Бритониё дар шаш соли ахир саъй кардааст, сармояи ҷаҳони Ислом дар бонкҳои Бритониё афзоиш ёбад ва гардиш дошта бошад.
Аммо чунин кор мухолифони худро низ дорад. Масалан, дар сурати расмӣ шудани "сукук" ширкатҳову тоҷирони Ховари Миёна метавонанд биноҳои давлатиро низ харидорӣ кунанд. Ба ин далел баъзе коршиносон мегуянд, ки бо назардошти чунин ҷанбаҳо ҳатмӣ нест, ки шариати молии исломӣ дар Бритониё ба таври комил иҷоза дода шавад.