Ба қавли мақомоти раёсати умури дини Вазорати фарҳанг, фиристандагони ин китобҳо хостаанд, ки бидуни нишондоди суроғаи мушаххас адабиёти динии иборат аз тарҷума ва тафсири Қуръонро ба Тоҷикистон ворид намоянд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррароти расмӣ дар Тоҷикистон барои ворид намудани адабиёти мазҳабӣ созмонҳои динӣ бояд нахуст китобҳои худро бо шӯъбаи ташхис ва диншиносии вазорати фарҳанг мувофиқа кунанд ва барои ворид намудани он иҷоза гиранд.
Сардори шӯъбаи ташхиси дин дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, ин теъдод адабиёт ба ҷараёни аҳмадия марбут аст, ҷараёне, ки то ҳанӯз ба таври расмӣ дар Тоҷикистон сабтином нашудааст ва намоянда низ надорад. Абдурасул Шарипов, раҳбари хадамоти матбуотии гумруки Душанбе, низ мегӯяд, ҷараёни Аҳмадия аз Истамбули Туркиё мехост китоби «Сященный Коран» ва ё «Қуръони муқаддас»-ро ба Тоҷикистон ворид намояд. Ин китоб аз забони арабӣ ба забони англисӣ аз тарафи Муҳаммад Алӣ яке аз мубаллиғони барҷастаи ҷараёни аҳмадия баргардон шудааст ва сипас ба забони русӣ.
Вай мегӯяд, ба ҳангоми ташхис рӯшан шуд, ки тарҷума ва тафсири Қуръон ноқис аст ва бо мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти мардуми Тоҷикстон аз он пайравӣ мекунанд, дуруст намегирад: «Аз шаҳри Истамбул тавассути нақлиёти автомобилӣ ба маблағи 7 800 доллар ба суроғаи «Анҷумани аҳмадияи Душанбе» китоб ворид гардид.
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷеъ шудем, зеро фиристонандаи бор аз Истамбул маълум буд, аммо дарёфткунандаи он дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Додгоҳ пас аз санҷиш чунин қарор баровард, ки китоби динии «Священный Коран» ба миқдори 2 ҳазор нусха ба фоидаи давлат мусодира карда шавад».
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи муслмонони кишвар ва ҳоло узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҷараёни аҳмадияро яке аз ҷараёнҳои хатарзо барои мардуми кишвар медонад ва мегӯяд, ин ҷараён бо ҳадафи нифоқангезӣ миёни аҳли Ислом созмон ёфтааст. Вай меафзояд, «дар Тоҷикистон пайравони аҳмадия вуҷуд надоранд. Ин мазҳаб аслан дар Покистон асту қисман дар Ҳиндустон ва як маркази бузурги онҳо дар Инглистон. Метавонем бигӯем, ки ин мазҳабро муассисаҳои махсуси инглис эҷод кардаанд, ҳамчуноне ки баҳоияро. Инҳо бо иттифоқи ороъи ҷамъи уламои аҳли Ислом мусулмон ҳисоб намешаванд».
Ҷараёни Аҳмадия ҷараёни сиёсию мазҳабист, ки дар авохири қарни 19 дар Панҷоб (Покистони имрӯза) ташкил ёфтааст. Асосгузори ин ҷараёни мазҳабӣ Мирзо Ғулом Аҳмад мебошад. Ба ақидаи пайравони аҳмадия асосгузори ҷараёни онҳо охирин паёмбари худост, на Муҳаммад (с). Лигаи ҷаҳонии Ислом бо назардошти ин ақида аҳмадияро ҷараёни мухолиф ба Ислом эътироф кардааст ва пайравони онро ғайримусулмон.