Ба нишони майли нави Узбакистон ба Ғарб, Тошканд аломат медиҳад, ки ба бозгашти амрикоиён мухолифат надорад.
Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз пойгоҳи Қаршӣ-Хонободи Узбакистон истифода мекарданд, аммо президенти Узбакистон Ислом Каримов дар авҷи интиқоди Ғарб аз амалкарди ҳукуматаш дар рӯйдодҳои соли 2005-и Андиҷон, амрикоиҳоро аз кишвараш берун ронд.
Акнун зоҳиран нерӯҳои Амрико метавонанд ба пойгоҳи Узбакистон дар марзи Афғонистон баргарданд. Оё метавон гуфт, ки Ғарб садҳо қурбонии Андиҷон ва бархӯрдҳои худ бо Тошкандро фаромӯш кардааст?
Фиристодаи Паймони Атлантики Шимолӣ дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Роберт Симмонс гуфт, Узбакистон дар андешаи ин аст, ки ба аъзои бештари НАТО иҷозаи истифода аз пойгоҳи ҳарбии худро дар марз бо Афғонистон диҳад.
Дар ҳоли ҳозир танҳо Олмон имтиёзи истифода аз ин пойгоҳро дорад, вале дар нишасти хабарӣ дар Маскав, Симмонс гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар роҳ ба суи Узбакистонанд: "Фаҳмиши ман ин аст, ки Узбакистон ба кишварҳои дигари ҳампаймони Олмон иҷоза медиҳад, ки иншоотеро дар Узбакистон мавриди истифода қарор диҳанд. Мо аз ин истиқбол мекунем. Ва шояд бинбар ин, ҳарчанд ман аз ҷузъиёташ хабар надорам, кишварҳои дигари узв, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида аз нав метавонанд аз иншоот дар Узбакистон истифода кунанд. Ба ин тарти бо хушбинӣ аз он ки ҳампаймонҳои дигари мо низ метавонанд, аз ин иншоот кор гиранд, фаъолияти мо дар Афғонистон пуштибонии бештаре пайдо мекунад."
Агар ин гуфтаҳои Роберт Симмонс, намояндаи Паймони Атлантики Шимолӣ дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ҳақиқат дошта бошанд, мо шоҳиди як чархиши муҳими геополитикӣ дар минтақа мебошем. Бозгашти Иёлоти Муттаҳида ба Узбакистон таносуби умумиро дар ин ҷо куллан тағйир надиҳад ҳам, мувозанати дигареро ба вуҷуд хоҳад овард.
Суханони Симмонс, ба ақидаи коршиносон аз он лиҳоз ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки чанде пеш, авохири моҳи январ, фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, адмирал Вилём Фаллун дар Тошканд бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мулоқот карда буд. Аз мавзӯъ ва натиҷаҳои ин мулоқот хабаре нашр нашудааст.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тошканд, Моллӣ Стефансон, хабари бозгашти нерӯҳои амрикоиро ба Узбакистон рад карда, онро як суитафоҳум меномад. Хонуми Стефансон мегӯяд, "Иёлоти Муттаҳида бо Узбакистон созиши дуҷониби дастрасӣ ба иншооти ҳарбии Узбакистонро надорад. Аммо ба таври алоҳида ва аҳёнан ҳарбиёни эъзомии амрикоӣ аз пули ҳавоии нерӯаҳои Олмон аз Тирмиз ба Афғонистон истифода мекунанд. Вале дар Тирмиз ё Қаршӣ ё ҳар ҷои дигари Узбакистон нерӯҳои Амрико пойгоҳ надоранд."
Муамморо як изҳороти мақомоти Тошканд метавонист рушан кунад, лекин ҳам дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Узбакистон ва ҳам Вазорати дифоъи он аз шарҳи ин баёнияҳо худдорӣ карданд.
Узбакистон дар соли 2001 баъд аз оғози амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон ба Иёлоти Муттаҳида иҷоза дод, дар Хонободи Қаршӣ пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад. Баъд аз саркӯби хунини тазоҳуркунандагони Андиҷон дар соли 2005 ва мавҷи интиқоди Амрикову Ғарб, Ислом Каримов нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро аз кишвараш ихроҷ кард ва рӯ ба Русияву Чин овард.
Дар ҳоле ки Тошканд, қаблан Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои ҳамсудро танқид мекард, ба узви фаъоли он табдил ёфт. Сухангӯи ин паймон, Виталий Стругаветс мегӯяд, Тошканд дар бораи тасмими иҷозаи вуруди амрикоиҳо ба Узбакистон аъзои ин паймонро дар ҷараён нагузоштааст ва ба эҳтимоли ӯ Симмонс иштибоҳ мекунад. Стругаветс мегӯяд, Симмонс Хонобод ва Тирмизро бо ҳам омехтааст ва меафзояд, аслан иштибоҳи Симмонс, як иштибоҳи махсус ва тарҳрезишуда мебошад.
Дар ҳоле ки бархе аз нашрияҳои Русия бозгашти эҳтимолии нерӯҳои Амрико ба Узбакистонро комёбии нави сиёсати бисёртарафаи хориҷии Тошканд меноманд, нашрияҳои дигар менависанд, ин хабар, агар дуруст бошад, метавонад, ба равобити Тошканду Маскав зарба занад.