Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаллон: «Аз мавҷудияти пойгоҳи Айнӣ хабар надорам»

Уиллям Фаллон: «Мо дар ҷустуҷӯи пойгоҳҳои низомӣ нестем...»

Ин сафари дувуми Уиллям Феллон, Сарфармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, дар ним соли ахир аст, ки мебоист авохири моҳи гузашта ё 1-уми ноябр баргузор мешуд. Маҳз ба таъхир уфтодани ин сафарро бархе аз коршиносон фишори Маскав ба Душанбе дар посух ба қаробатҷӯиҳои низомиаш бо Амрико арзёбӣ карданд.

Коршиносон мегӯянд, баъди хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Узбакистон ва ташаннуҷи афзояндаи вазъ дар Афғонистон барои кумак ба нерӯҳои байнулмилал Амрико дар минтақа ба як пойгоҳи низомие зарурат дорад ва Тоҷикистон дар қиёс бо Покистони ноамн, Эрони ба Амрико мухолиф, Туркманистони бетарафу Узбакистони аз мусоидат ба Вашингтон рӯтофта барои амрикоиҳо ҷиҳати боз кардани пойгоҳ мусоидтарин кишвар аст.

Ва вақте сухан дар ин маврид меравад, коршиносон пойгоҳи низомии Айнии Тоҷикистонро зикр мекунанд. Аммо Уилям Феллон гуфт, ӯ ҳатто аз мавҷудияти ин пойгоҳи низомӣ хабар надорад. Ӯ ҳамчунин гуфт:

У. Фаллон: «Ман ҳатто аз мавҷудияти пойгоҳи Айнӣ хабар надораӣ»

Ин сафари дувуми Уилям Феллон, Сарфармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, дар ним соли ахир аст, ки мебоист авохири моҳи гузашта ё 1-уми ноябр баргузор мешуд. Маҳз ба таъхир уфтодани ин сафарро бархе аз коршиносон фишори Маскав ба Душанбе дар посух ба қаробатҷӯиҳои низомиаш бо Амрико арзёбӣ карданд.

Коршиносон мегӯянд, баъди хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Узбакистон ва ташаннуҷи афзояндаи вазъ дар Афғонистон барои кумак ба нерӯҳои байнулмилал Амрико дар минтақа ба як пойгоҳи низомие зарурат дорад ва Тоҷикистон дар қиёс бо Покистони ноамн, Эрони ба Амрико мухолиф, Туркманистони бетарафу Узбакистони аз мусоидат ба Вашингтон рӯтофта барои амрикоиҳо ҷиҳати боз кардани пойгоҳ мусоидтарин кишвар аст.

Ва вақте сухан дар ин маврид меравад, коршиносон пойгоҳи низомии Айнии Тоҷикистонро зикр мекунанд. Аммо Уилям Феллон гуфт, ӯ ҳатто аз мавҷудияти ин пойгоҳи низомӣ хабар надорад. Ӯ ҳамчунин гуфт: «Мо дар ҷустуҷӯи пойгоҳҳои низомӣ нестем, мо дар пайи ҳамкориҳои бештари кишварҳои минтақа ҳастем».

Фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 15-километрии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз сӯи Вазорати дифоъи Ҳиндустон тармим шуд ва расонаҳои ин кишвар чандин маротиба хабар пахш карданд, ки Деҳлӣ иҷозаи истифодаи ин пойгоҳро пайдо кардааст. Аммо Тоҷикистон бо такзиби ин гуна ахбор иддаъо кардааст, ки соҳиби фурудгоҳ фақат худаш хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи наздик ба Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки Тоҷикистон ин пойгоҳро ба Русия низ нахоҳад дод. Дар чунин вазъ дар баробари коҳиши амният дар Афғонистон ва дар доираи мубориза алайҳи терроризм эҳтимоли иҷозаи парвоз пайдо кардани ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ё нерӯҳои байнулмилалӣ низ иттифоқ меафтад.

Ба гуфтаи коршиносон, 2-3 сол қабл Тоҷикистон метавонист чунин масъалаҳоро бо Амрико ё ягон кишвари дигар озодтар матраҳ кунад, аммо ҳоло вазъи геополитикии ҷаҳон тағйир хӯрдааст.

Абдуллоҳи Ҳаким, коршинос дар умури сиёсӣ, гуфт, ки кишварҳои дигари дар Тоҷикистон манфиатдор, бахусус Русияву Эрон, ба ҳузури низомии Амрико дар минтақа ҳассосияти бештар нишон медиҳанд. Ин сиёсатшинос мегӯяд, ки ин ҳассосияти як ё ду соли пеш нест, балки ин ишораи возеҳи қудратҳои бузург ба кишварҳои хурд ба маънии, ба истилоҳ, «бо моӣ ё алайҳи мо»: «Кишварҳои хурд, ки аз бозиҳои бузурги геополитикӣ осебпазиранд, акнун маҷбуранд мулоҳизаҳои бештар кунанд ва ё мавқеъҳои худро мушаххастар созанд, чунки абарқудратҳо инро ба таври ноаён аз онҳо мехоҳанд».

Аммо коршиносон зарфиятҳои бузурги ҳамкориҳои ҳамкориҳои низомии Амрикову Тоҷикистонро низ зикр мекунанд, ки метавонанд дар мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводди мухаддир ва низ мусоидат ба амнияти минтақа, бахусус Афғонистон, идома ёбад. Онҳо мегӯянд, Амрико то ҳол барои ба по хестани нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва таҳкими марзҳояш бо Афғонистон кумаки зиёд расонидааст. Танҳо барои сохтани пули бузурги Панҷи Поён - Бандари Шерхон, ки Афғонистону Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, ИМА 49 миллион доллар тахсис додааст.

Тибқи иттилоъи сафорати Амрико дар Душанбе, дар соли равон ин кишвар ҳамчунин ба ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ҳудуди 30 миллион доллар, барои рушди демократия 6 миллион доллар ва тараққии иқтисод дар ин кишвар 9 миллион доллар кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG