Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Олмон аз исломгароёни Узбакистон


Вазири умури дохилии Олмон Волфганг Шойбле гуфт

Ин изҳороти Шойбле ба думболи боздошти се нафар бо иттиҳоми тарҳрезии бомбгузорӣ дар фурудгоҳҳои низомиву ғайринизомӣ ва тарабхонаҳову дискотекаҳо садо дод. Шойбле гуфт, ду олмонӣ ва як шаҳрванди Туркия ба ин ҳамла аз сӯи як шабакаи байналмилалии террористӣ дастур гирифтаанд.

Додситони кулли Олмон Моника Ҳармс гуфт, гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ мусалмонони суннимазҳабро фаро гирифта, асосан дар Осиёи Марказӣ фаъолият мекард, вале акнун доманаи фаъолияташро ба қисматҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла ба Аврупо густариш додааст. Хонум Ҳармс гуфт, ки ин гурӯҳ аз ҷумла як шӯъбаи худро дар Олмон таъсис кардааст.

Гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ созмони чандон ошное набуда, бори аввал аз худ се сол пеш дар бомбгузориҳои пурқурбонии моҳҳои март ва апрели соли 2004 дар шаҳрҳои Тошканду Бухорои Узбакистон, ки мунҷар ба ҳалокати 47 нафар шуд, дарак додааст. Мақомоти Узбакистон он замон гурӯҳҳои масдудшудаи Ҳизб-ут-таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистонро дар тарҳрезӣ ва иҷрои он ҳамлаҳо айбдор мекард, вале гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ тавассути интернет масъулияти он бомбгузориҳоро бар дӯш гирифт.

Бори дигар исми ин гурӯҳ дар моҳи июли соли 2004, дар пайи силсилаи таркишҳо алайҳи сохтмонҳои сафоратхонаҳои Амрикову Исроил ва бинои додситонии кулли Узбакистон дар Тошканд ба забонҳо омад. Дар асари он силсилаи ҳамалот, ду нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Ба думболи он, Вазорати хориҷаи Амрико ин гурӯҳро дар шумули гурӯҳҳои шинохташудаи террористии ҷаҳон ворид кард.

Ҷиҳоди исломӣ як гурӯҳи ҷудошуда аз Ҳаракати исломии Узбакистон дониста мешавад. Ин ҳаракат режимҳои худкомаи ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказиро ҳадафи худ қарор дода ва мехоҳад дар ин қаламрав давлати исломӣ барпо кунад. Таъқиби аъзои ин созмон аз Узбакистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро маҷбур ба фирор ба Афғонистону Покистон кард. Зербинои Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҷараёни маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон тахрибу пароканда карда шуд ва аъзои боқимондаи ин созмон феълан дар манотиқи марзии байни Афғонистону Покистон паноҳ бурдаанд.

Гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ аҳдоф ва барномаи худро то кунун дар ҳеҷ куҷо нашр накардааст. Аз соли 2004 ба ин сӯ, ин гурӯҳ масъулияти анҷоми ҳеҷ як ҳамлаи дигари террористиро низ бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо бархе аз коршиносони масоили амниятӣ эҳтимоли дар тарҳрезии ҳамалот дар Олмон даст доштани ин гурӯҳро хабари ғайриинтизор намеҳисобанд.

Ва аммо гурӯҳи дигари коршиносон ҳатто вуҷуди чунин гурӯҳро дар гузашта зери шубҳа қарор дода мегуфтанд, ин ҳам ҷузъе аз тактикаи дурӯғпарокании давлати Узбакистон аст, ки мехоҳад бо ҳамин роҳу шева таъқиби шадиди алайҳи мусалмонон ба роҳ андохтаашро ҳақ барорад.
XS
SM
MD
LG