Тавре маълум мешавад, сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба ҳар ҳол ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
Қарор аст ӯ дар мулоқоти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва созмони Ҳамкориҳои Авруосиё ширкат кунад, вале дидор ва гуфтушунидаш бо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев баргузор нахоҳад шуд.
Зоҳиран гӯё ҳама чиз ба ҷои худ баргашт, вале моҷарои дипломатӣ низ ба ҳамаи ҷузъиёташ сурат гирифт.
Дар пасманзари он интизор меравад, ҳар сухани Раҳмон дар мулоқотҳои Маскав таври дигар садо хоҳад дод. Ҷолиб аст, ки коршиносони рус ҳарчанд рафтори раҳбари Тоҷикистонро як "нози дипломатӣ" номиданд, бештар аз мавзеъгирии Русия дар баҳси Тоҷикистону Узбакистон интиқод карданд. Онҳо ҳамчунин тахмин заданд, ки Душанбе бо пайти муносиб мехоҳад, гардиши геополитикие анҷом диҳад ва ба Ғарбу Амрико рӯ орад.
Коршиносони умури сиёсӣ ва расонаҳои хабарии Русия, ки дар оғоз лағви сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскавро "итоби кӯдакона", "рашки Душанбе аз наздикии Маскаву Тошканд" ва "нози дипломатӣ" меномиданд, акнун аз чархиши эҳтимолӣ дар сиёсати берунаи Тоҷикистон дар баробари Русия ҳушдор медиҳанд. Аксари онҳо иқрор мекунад, ки Маскав намебоист, танҳо аз як тарафи ихтилофи обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекард, зеро бо ин кор Маскав нақши доварро дар ин ихтилофот аз даст медиҳад.
Андрей Грозин, корманди Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав, навиштааст, ки акнун Тоҷикистону Узбакистон ба сабки "сих кардану пучидан" ё агар тоҷикӣ гӯем, "сӯз додану аз оринҷ гирифтан" байни Русияву Амрико чапғалат мезананд, то аз ҳарду тараф манфиат бинад. Аммо, меафзояд Грозин, давраи чунин ба истилоҳ сиёсати чандқутба гузаштааст ва ҳоло ҳар яке аз марказҳо қудрат бартарӣ ба он медиҳанд, ки тамаркуз ва майл танҳо ба онҳо бошад. Вай мегӯяд: "Тоҷикистон ҳанӯз ба истифода аз сиёсати берунаи чандқутба, онгуна ки Қазоқистон комёбона ба кор мебарад ё Туркманистон, шурӯъ накарда, метавон гуфт, дер мондааст."
Грозин бар ин аст, ки Тоҷикистон чунин сиёсатро аз президенти Узбакистон Ислом Каримов омӯхт. Шореҳи "Время новостей", Аркадий Дубнов низ ҳодисаи ахири байни Душанбе ва Маскавро бо хуруҷи Узбакистон аз Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё қиёс мекунад. Вай менависад, меҳрубониҳои президент Медведев дар Узбакистон таҳти таъсири ҳамин иқдоми эътирозгунаи Тошканд ба миён омад ва акнун Душанбе низ мехоҳад, аз айни шева истифода кунад. "Дар натиҷа муносибатҳои Маскав дар Осиёи Марказӣ хеле печидатар мешаванд, аз ҷумла нақши миёнаравии ӯ дар баҳси Тоҷикистону Узбакистон, мегӯяд Алексей Малашенко аз Маркази Карнегӣ дар Маскав ва меафзояд: "Ончӣ ҳоло ба амал меояд, нишон медиҳад, ки Маскав қобилияти чунин миёнаравиро аз даст додааст. Ва Маскав ҳамеша зери фишори Узбакистону Тоҷикистон буда, наметавонад як мавзеъи бетарафонае бигирад, то ҳамаи ин баҳсҳоро ҳал кунад ва яке аз сабабҳояш беҳунарии худи Маскав аст."
Коршиносони ғарбӣ ҳам бар инанд, ки бар асари бӯҳрони молиявии ҷаҳон Маскав дар байни манофеъи миллии иқтисодии хеш, яъне гази Узбакистон ва суди геополитикӣ, яъне Тоҷикистон дармондааст. Метю Клементс, сардабири бахши Авруосиё дар Маркази Jane's Information Group дар Лондон мегӯяд, аз ҳар лиҳоз баҳси Узбакистону Тоҷикистон ба манфиати Русия нест, зеро имкониятҳои Маскавро дар минтақа заъиф мегардонад. Клементс меафзояд, "Русия ин минтақаро муҳим медонад ва ҳамеша талош кардааст, дар чунин ҳолатҳо дар миёна қарор гирад ва равобити пойдоре бо ҳар яке аз ин кишварҳо дошта бошад. Изҳороти ахири он ба андозаи кофӣ бетарафона буд ва ҳадаф дошт, гуфта шавад, ки ҳамаи нигарониҳо ва ҳамаи кишварҳоро бояд дар назар дошт."
Ҳамсӯҳбати аввалаи мо, Андрей Грозин, корманди Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав, иқрор мекунад, ки гашти ахири сиёсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пойфишории Тошканд сари мавзеъи худ, кори Маскавро мушкил мекунанд. Аммо мегӯяд Грозин, фикр намекунад, ки изҳороти Медведев дар Узбакистон тасодуфӣ буд. Вай онро як амали ҳисобшуда меномад ва мегӯяд, Кремлин пайомадҳоро ҳам баршумурдааст ва акнун бояд посухи онро шунид. Вай мегӯяд: "Вокуниши Маскав метавонад гуногунхислат бошад. Он метавонад тезутунд ва ба самти муборизаву рӯёрӯӣ бошад, бо истифода аз шеваҳои марбута. Ва ё метавонад ҳамчунин ботаҳаммулона, бо дарназардошти манфиатҳои худи Тоҷикистон ва дигар марказҳои қудрати ҷаҳоние бошад, ки дар сарзамини тоҷик ҳузур доранд."
Ба ақидаи ҷаноби Грозин, нахустин аломатҳои ин вокуниш дар мулоқотҳои Маскав падид хоҳад омад, ки интихоби Русияро аз ин ду шева нишон хоҳанд дод. Вале ҳам ӯ ва ҳам Алексей Малашенко аз Маркази Карнегӣ бар инанд, ки камтарин "беэҳтиётӣ ва заъфи Маскав" метавонад, Тоҷикистонро ба канори қудратҳои дигаре тела диҳад, ки ба ҳалли одилонаи қазияи обу энержӣ дар минтақа қодир хоҳанд буд. Ин ду коршинос Амрико, Аврупо, Чин ва Эронро дар ин қатор ном гирифтанд.