Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норавшанӣ дар сафари Э. Раҳмон ба Маскав


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Русия, ки қарор буд 2-юми феврал сурат бигирад, зери суол қарор гирифтааст.

Манобеи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қаблан аз баргузории сафари кории президент Раҳмон ба Маскав ва дидору мулоқотҳои ӯ бо Дмитрий Медведев дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Паймони Амнияти дастаҷамъӣ дар ҳафтаи нахусти моҳи феврал хабар дода буданд. Ва гуфта мешуд, дар мулоқоти руасои ҷумҳурии ҳарду кишвар асноди батасвибрасида ба ҳангоми сафари Дмитрий Медведев дар Душанбе дар моҳи августи соли гузашта ва низ масоили дигари ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла масоили низомӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирад.

Манобеи вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъйид карданд, ки аснод барои ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Маскав рӯзи 4-уми феврал доир хоҳад шуд, таҳия кардаанд, вале омодасозии аснод барои сафари кории президент ба Маскавро тасдиқ накарданд. Ин манобеъ ба таври ошкоро лағви сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав ва далоили як чунин тасмим ва аз ҷониби кадом тараф сурат гирифтани онро такзиб ва ё таъйид накарданд.

Аммо коршиносон бо ишора ба вуқуи танишҳои лафзӣ миёни Тоҷикистону Русия ва ба хусус баъди ироаи нотаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба сӯҳбатҳои Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия дар Тошканд мегӯянд, ки сардии равобит миёни ин ду кишвар дигар ошкор шудааст.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ ба суоли радиои Озодӣ дар бораи лағви сафари президент Раҳмон ба Маскав ҷавоби мушаххас надод. Комил Магомедов, сухангӯи сафорати Русия дар Тоҷикистон, гуфт, ки ҳарчанд аз чунин сӯҳбатҳо бохабар аст, аммо ҳоло ҳеҷ санади расмӣ дар даст надорад, аз ин рӯ метавон гуфт, ки ин масъала дар ҳоли баррасист.

Аммо бо ин вуҷуд бархе аз коршиносон дидору мулоқотҳои руасои ҷумҳури Тоҷикистону Русия дар ҳошияи ҳамоиши Паймони амнияти дастаҷамъиро дар Маскав баъид намедонанд. Ҳамчунин як чунин эҳтимолҳо низ вуҷуд дорад, ки дар ин нишаст шояд сӯҳбатҳои сеҷониба миёни Тоҷикистону Русия ва Узбакистон доир шавад.

XS
SM
MD
LG