Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардии Маскаву Душанбе аз назари таҳлилгарони рус


Натиҷаи бадшавии тадриҷии равобити Маскаву Душанбе дар чанд моҳи охир ҳамин шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нахустин бор дар 16 соли раҳбариаш аз сафар ба Маскав ва ширкат дар нишастҳои минтақаии Евразэсу Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ даст кашид. Нашрияи русии "Коммерсант" бо чопи ин матлаб мегӯяд, адами тавофуқе бар сари бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон сарчашмаи аслии бадшавии тадриҷии ин равобит шудааст. Ва инак охирин изҳороти раисҷумҳури Русия дар Тошканд, ки тақозои ҳамоҳангии кишварҳои минтақаиро бо ҳамсояҳо зимни бунёди нирӯгоҳҳои барқӣ кардааст, ба назар мерасад, охирин чакраи таҳаммули мақомоти Тоҷикистон будааст.

Таҳлилгари минтақаӣ Аркадий Дубнов дар нашри рӯзи душанбеи "Время новостей", чопи Маскав мегӯяд, ки изҳороти Медведев дар ҷараёни мулоқоти ахираш бо раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон Ислом Каримов барои оқои Раҳмон таҳқиромез садо додаст. Аммо аз назари ӯ, мутаваққифшавии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав бо сабаби вуҷуди мушкили энержӣ дар ин кишвар як тасмими эҳсосотӣ будааст:

"Пеш аз ҳама ин намоишгари хусусияти эҳсосотӣ доштани тасмими мазкур аст ва аз сӯи дигар, бояд эътироф кард, ки изҳороти Медведев ҳам дар Тошканд хуб андешидашуда ва дар нисбати бӯҳрони обию энержии кишварҳои Осиёи Миёна одилона набуд. Маълум аст, ки Дмитрий Медведев шояд ҳанӯз дар ҷараёни кулли таърихи мушкилоти марбут ба бунёди нирӯгоҳи Роғун ва эътирозҳои Тошканд нисбати ин тарҳҳо набошад. Сарфи назар шудани ин масъала, ки Ӯзбакистон низ дар баробари масоили гидроэнергетикии минтақа масъулият дорад, намоишгари он буд, ки президенти Русия бидуни ҳушёриву андешамандӣ ба масъала муносибат кардааст".

Аркадий Дубнов афзуд, ки мутаассифона, Маскав роҳи "муқовимати камтарин"-ро интихоб карда ба дастёбӣ ба як шарики муҳими газӣ бартарӣ дод. Дар айни замон, мегӯяд вай, дар Тоҷикистон нисбати сӯҳбатҳои ахир дар Тошканд аз ҳад зиёд ҳассосият нишон дода, талош доранд, тавассути расонаҳои дохилӣ дар симои Маскаву Тошканд як душмани берунаро бикашанд, ки баъдан мешавад тамоми гуноҳи бӯҳрони энержиро ба ӯ бор кард.

Нашрияи "Коммерсант" аз қавли таҳлилгари Маркази Карнеги Алексей Малашенко мегӯяд, ки мақомоти Душанбе махсусан дар мавқеи муташанниҷшавии вазъ қарор гирифта, ба Маскав намоиш доданӣ ҳастанд, ки Маскав ҳоло бояд барои Тоҷикистон мубориза барад. Вай мегӯяд, ки дар дурнамо Тоҷикистон бо амрикоиҳо ҳамкорӣ хоҳад кард. Аз сӯи дигар, чиноиҳо ҳам дар Тоҷикистон фаъолона амал карда, тарҳҳои азими бунёди роҳҳоро ба роҳ мондаанд. Ва аз он ки дар пеш сафари Раҳмон ба Аврупо дар назар гирифта шудааст, Тоҷикистон намоиш доданист, ки Маскав танҳо шарики ин Душанбе буда наметавонад.

Павел Фелгенгауэр, як таҳлилгари дигар мегӯяд, бо вуҷуди ин ки Маскав чандин василаи фишор болои Душанберо дораду, ба вуҷуди онҳо таъкид мекунад, ба мисли хатари ҷорисозии низоми раводид ё шиддатёбии сиёсати муҳоҷират, аммо боз ҳам тарафҳо базудӣ бо роҳҳои дипломатӣ мушкили пешомадаро ҳаллу фасл хоҳанд кард:

"Фикр намекунам, ки дар ниҳоят муносиботи ду кишвар қатъ хоҳад шуд. Ин фақат як василаи фишор буд. Дар ниҳояти амр онҳо ба созиш хоҳанд расид. Барои мо лозим нест, ки бо Тоҷикистон то охир муноқиша кунем. Ин ҷо истгоҳи барои мо хеле муҳими "Окно" қарор дораду ҳеҷ кас намехоҳад, ки сарбозони Русия пойгоҳи низомии ин кишварро дар Тоҷикистон тарк карда худи ин пойгоҳро бубанданд".

Ба андешаи таҳлилгар Аркадий Дубнов, эҳтимолан яке аз манфиатҳое, ки Душанбе дар натиҷаи ин ҷанҷолҳо ба даст оварда метаавонад, ин аст, ки ниҳоятан бо Маскав як тавофуқи мушаххас дар заминаи пардохти ҳаққи иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон ва ё кӯмакҳои бештари иқтисодию тиҷоратӣ ҳосил хоҳад шуд. Ва аз ин ҷиҳат ҳам Душанбе далеле барои ҳақталабӣ дар баробари Маскав дорад, ки мавқеи онро дар баробари чунин баҳсу танишҳо тақвият мебахшад.
XS
SM
MD
LG