Дурнамои норӯшани Роғун

Дар ҳоле ки Тоҷикистон барои нерӯгоҳи Роғун сармоягузор мекобад, кишварҳои ҳамсоя барои бениёзии худ дар ин замина талошҳое ба харҷ медиҳанд.

Сафорати Чин дар Душанбе мегӯяд, ин кишвар дар минтақаи ҷанубии худ дар минтақаи Седара бузургтарин истгоҳи барқӣ дар ҷаҳонро сохтааст. Ба қавли коршиносони масоили энержии минтақа, агар Тоҷикистон ҳамчунон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба таъхир роҳ диҳад, дар ояндаи наздик аз аксари харидорони энержии худ маҳрум хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ харидорони аслии барқи Тоҷикистон давлати Эрон, Қазоқистон, Покистон, Узбакистон, Чин ва Афғонистон мебошанд.

Дар расидагӣ ба ин суол, ки агар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба дарозо кашида шавад, Тоҷикистон аз харидорони худ маҳрум хоҳад шуд, Рашид Гулов, сармуҳандиси ширкати Барқи тоҷик, мегӯяд: «Чин ин нерӯгоҳро барои бароварда сохтани талаботи кишвари худ бунёд кардааст. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон, махсусан, ба сохтмони Роғун ҳич таъсири манфӣ надорад». Мақомоти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ниёзмандӣ ба Роғун ҳамоно боқӣ мемонад. Ба гуфтаи онҳо, дар паси ин нерӯгоҳ кишварҳои манфиатдоре чун Покистону Эрону Афғонистон меистанд ва онҳо талош хоҳанд кард, ки ҳарчи зуд сохтмони ин нерӯгоҳ анҷом ёбад.

Вале иддае аз коршиносон ин ақидаро ҷонибдорӣ намекунанд. Далели раднопазири эшон ин аст, ки дар се моҳи қабл сафири Покистон дар Душанбе ба забони ҳол омад ва гуфт, ки ҳарчанд кишвараш барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ дорад, аммо дар консорсиюми сохтмони он ширкат намекунад. Ғуломиддин Сайфиддинов, коршинос дар умури энержӣ, мегӯяд, ин тақдири норӯшани Роғун ва баҳсҳои ҳалнашудаи миёни Тоҷикистону Узбакистон ва Русия низ як андоза кишварҳои рӯ ба Роғунро андаке дилсард кардааст ва онҳо роҳҳои дигари ҳалли ин мушкилро ҷӯё ҳастанд.

Коршиносон мегӯянд, кашолкорӣ дар кори сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо кишварҳои харидори барқ, балки давлат ва созмонҳои сармоягузорро низ аз худ дур мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли бештар аз 15 сол натавонист барои пружаи нерӯгоҳи Роғун сармоягузор пайдо кунад. Соли 1994 тибқи як созишнома нерӯгоҳи Роғун миёни Русияву Тоҷикистон 50 ба 50 тақсим шуд. Баъдан соли 2004 Русияву Тоҷикистон боз созиш карданд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ширкати РусАли Русия идома хоҳад дод. Ин созишнома бо РусАлро Тоҷикистон дар соли 2007 якҷониба лағв кард ва эълом дошт, ки нерӯгоҳи Роғунро бо сармояи дохилӣ ва тариқи консорсиум идома хоҳад дод.

Коршиносон мегӯянд, кишварҳои мафиатдори нерӯгоҳи Роғун ба сохтмони он сармоягузорӣ нахоҳанд кард, то замоне ки Тоҷикистон баҳсҳояшро бо Русия сари ин нерӯгоҳ ба анҷом нарасонад. Баҳси дигар бо Ӯзбакистон аст, ки мегӯяд дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун миллионҳо нафар аз сокинони кишварҳои поёноб беоб мемонанд ва садҳо ҳазорон киштзорҳои худро аз даст медиҳанд.