Шодиҷони 18-сола дар Нангарҳори Афғонистон чӣ мекобад?

Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар минтақаи Ачини вилояти Нангарҳори Афғонистон ҳузури густурда доранд. Акс аз бойгонӣ

Волидайни як сокини 18-солаи шаҳри Кӯлоб аз мақомот хостаанд, ки фарзандашонро аз сафи ҷангиёни ДИИШ дар Нангарҳори Афғонистон ба ватан баргардонанд. Вилояти Нангарҳор яке аз пойгоҳҳои муҳими гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон ба шумор меравад.

Масъулони додситонии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, узвияти Шодиҷон Боев ба ДИИШ дар Афғонистон тасдиқ шудааст ва феълан бо иттиҳоми “зархаридӣ” нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парванде, ки дар сурати бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргаштани муттаҳам, мақомот ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунанд.

Шодиҷон Боев аввалин сокини Кӯлоб аст, ки мақомот расман тасдиқ мекунад, ки дар Афғонистон ба сафи гуруҳи “Давлатӣ исломӣ” пайвастааст.

Хушвахт Машрабзода, додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 23-уми дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки воқеан, падари ин ҷавон аз ҳузури писараш дар сафи ДИИШ ба онҳо хабар дод ва хоҳиш кард, то дар баргардониданаш кӯмак расонанд.

Ӯ гуфт, таҳқиқ нишон дод, ки Шодиҷон Боев аз Русия ба Туркия аз он ҷо ба Эрон ва аз тариқи ин кишвар вориди хоки Афғонистон шудааст. Масире, ки бар асоси хабарҳои як соли ахир ҷавонони тоҷик барои пайвастан ба сафи гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Афғонистон аз он истифода мекунанд.

Ин масъули додситонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, агар иддаои волидайнаш дар бораи пушаймонии ин ҷавон дуруст бошад ва худи ӯ бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргардад, парвандаи ӯ ба шакли дигар баррасӣ мешавад. "Падараш ба мо муроҷиат кард, ки писари 18-солаам аз Афғонистон ба ман тамос гирифта, гуфт, ки маро омада баред",-гуфт Хушвақт Машрабзода.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Шодиҷон Боев соли 2016 замоне дар синф 10-ум мехонд, мактабро тарк кард ва барои кор ба Русия рафт. Он ҷо бо бародарони модараш дар сохтмоне машғули кор будааст. Фирӯза Мараҳимова, модари Шодиҷон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш рӯзи 2-юми декабр аз марзи Эрон ба хоки Афғонистон ворид шуда, ҳудуди як моҳ аст, ки дар шаҳри Ҷалолобод қарор дорад.

Ҷангиёни тоҷик дар сафҳои ДИИШ, ки аз сӯи мақомот мавриди пайгард қарор доранд.

Хонум Мараҳимова гуфт, ки ӯ 14 сол дошт, ки хонаводааш ӯро ба шавҳар доданд ва Шодиҷон Боев писари бузурги хонадон ба ҳисоб меравад ва бинобар ҷудо шудан аз шавҳар, дар моҳи декабр писараш мактабро гузошта ба назди тағоҳояш барои кору зиндагӣ рафт. Модар мӯътақид аст, ки писари ӯро касе фиреб дода, ба Афғонистон бурдааст. Иддаое, ки аксари пайвандони ҷангиёни тоҷики ДИИШ мекунанд.

“Дар Русия дар кадом ресторан кор мекард ва ба мо аксҳо равон менамуд. Медидам, аммо дилам доим хавотир буд. Ба ман гуфт, ки оча ман зиқ шудам ва 4-уми декабр маошамро гирифта, ба Тоҷикистон меоям. Аммо дар 2-уми декабр ӯро гирифта ба Эрон меоранд ва дар онҷо паспорташро даронда, ба Афғонистон мебаранд”,-гуфт модари Шодиҷон Боеви 18-сола.

Ба гуфтаи модар, бори охири писараш аз Афғонистон тамоси кӯтоҳе гирифта, хоҳиш кардааст, то ӯро наҷот диҳанд. Аз ин пеш ба гуфтаи Фирӯза Мараҳимова, писараш бо ӯ аз Туркия тамос гирифта буд ва гуфт, он ҷо кор пайдо кардааст. Ҳатто аз он ҷо ба модараш пешниҳод мекунад, ки ба як тоҷири афғон, ки тиҷорати бузурге дар Афғонистон дорад, издивоҷ кунад. Аммо ин зан мегӯяд, хоҳиши писарашро рад карда ва гуфта буд, ки ба ватан баргардад.

Зимнан, ин аввалин сокини Кӯлоб аст, ки мақомот расман тасдиқ мекунад, ки дар Афғонистон ба сафи гуруҳи “Давлатӣ исломӣ” пайвастааст. То як соли пеш пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи тундрави “Давлатӣ исломӣ”дар Сурия ва Ироқ ба назар мерасид. Ҳоло пас аз ҷойи пой ёфтани ин гурӯҳи тундрав дар Афғонистон ва шикасташ дар Ховари Миёна, далелҳои пайвастани бархе ҷавонон ба ин гурӯҳ дар кишвари ҳамосяи Тоҷикистон ба назар мерасад.