Мақомоти Русия хостори оғози фаврии музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон шудааст.
Хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 17-уми январ навишт, Вазорати умури хориҷии Русия аз омодагии Маскав барои мизбонии гуфтугӯҳо миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон хабар додааст. Дар ин эъломия омадааст, ки Русия ба таври ҷиддӣ хостори гуфтугӯҳои сулҳ аст, то ҳарчӣ зудтар ҷанг дар Афғонистон поён ёбад.
Русия дар ҳоле аз омодагии худ барои мизбонии гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон хабар додааст, ки давоми ду соли гузашта дар бархе аз расонаҳои ғарбӣ дар бораи кӯмаки низомии Маскав ба Толибон хабарҳо нашр шуда буд.
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, аз оғози фаврии гуфтугӯҳо миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ҳимоят мекунад. Русия ба ин бовар аст, ки вазъияти Афғонистон ба вазъи минтақа таъсири мустақим дорад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Олмон мегӯяд, як ҳайати дафтари Толибон дар Қатар барои анҷоми як силсила гуфтугӯ бо мақомҳои покистонӣ ба шаҳри Мари, воқеъ дар наздикии Исломобод, расидааст. Ин хабаргузорӣ менависад, ин ҳайати Толибон бо мақомҳои покистонӣ дар мавриди азсаргирии музокироти сулҳ, гуфтугӯ хоҳад кард.
Қарор аст, Сергей Ларов, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 18-уми январ дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он вазъи Афғонистон баррасӣ мешавад, ширкат кунад. Як ҳайати ин шӯро дар авоили ҳафтаи ҷорӣ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон дидор намуд.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз ин пешниҳоди Русия истиқбол кард. Исмоил Қосимёр, узв ва мушовири Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, рӯзи 18-уми январ дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, “умед дорем, шароитро тавре бисозанд, ки ба манфиат бошад. Рақобате, ки байни Русия ва Амрикост,ба ҳадди ақал бирасад, на инки бисёр шавад”.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 17-уми январ гуфтааст, ки бар пояи стратегияи нави кишвараш дар қиболи Афғонистон, ба гуфтугӯҳо бо Толибон наздиктар шудаанд. Хонум Никки Ҳейли дар ҳоле ин матлабро баён дошт, ки расонаҳо аз сафари ҳайати дафтари Толибон дар Қатар ба Покистон хабар доданд.
Хонум Ҳейли аз ҷумла гуфтааст, "сиёсати Амрико дар бораи Афғонистон муассир аст. Метавонем тағйироти чашмгирро бар асоси стратегияи нав бубинем. Мебинем ки ба гуфтугӯҳо бо Толибон нисбат ба гузашта наздиктар ҳастем."
Русия дар ҳоле аз омодагии худ барои мизбонии гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон хабар додааст, ки давоми ду соли гузашта дар бархе аз расонаҳои ғарбӣ дар бораи кумаки низомии Маскав ба Толибон хабарҳо нашр шуда буд.
Рӯзи 24-уми апрели соли гузашта Ҷон Николсон, фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, маълумот дар бораи ёрии Русия ба Толибон пайваста дастрас мешавад. Нашрияи Washington Post он замон навишт, Маскав интиқоли силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба Толибонро бо баҳонае афзоиш додааст, ки ин силоҳ алайҳи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” истифода мешавад.
Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия он замон изҳороти низомиёни Амрикоро бепоя хонд. Вай гуфта буд, “ҳеҷ далел вуҷуд надорад, ки суханони фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро собит кунад”.
Бори аввал нест, ки мақомоти амрикоӣ аз ирсоли силоҳҳои русӣ ба гурӯҳи Толион нигаронӣ мекунанд. Соли 2016 низ як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба оҷонсии Associated Press гуфта буд, Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кӯмак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ додааст. Баъзе мақомҳои Афғонистон низ охири соли гузашта гуфтанд, ки Толибон аз тариқи марзҳои баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия таъмин ва танкҳояшон таъмир мешавад.
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шудааст.