Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти донишҷӯи тоҷики академияи ФСБ дар роҳ ба Туркия


Наврӯз Сангов дар Боку боздошт шуд. Ӯ нияти сафар ба Туркияро дошт
Наврӯз Сангов дар Боку боздошт шуд. Ӯ нияти сафар ба Туркияро дошт

Донишҷӯи тоҷики Академияи ФСБ (Хадамоти федеролии амнияти Русия) аз сӯи мақомот дар Тоҷикистон ба тундгароӣ ва талоши пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешавад. Наврӯз Сангови 23-сола, ки муҳассили соли панҷуми ин муассисаи олӣ дар шаҳри Маскав мебошад, моҳи ноябр дар Озарбойҷон боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 22-уми январ гуфт, парвандаи ин ҷавон ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва ӯ танҳо барои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ гумонбар мешавад. Дар шарҳи қазияи Наврӯз

Кадом нафаре бачаи маро бероҳа кардааст. Худаш гуфт, ки барои табобат ба Туркия рафтанӣ буд. Гуфт, ки дарди меъда ва сар ӯро азоб медод. Чанд бор раҳбарашон гуфтааст, ки ҷавобаш диҳад, вале ҷавобаш надодааст

Сангов ӯ гуфт:

Пас аз нопадид шуданаш аз донишгоҳ мақомоти Тоҷикистонро низ огоҳ карданд. Қариб пас аз як моҳ ӯро дар фурудгоҳи Боку, вақте мехост ба Истанбул парвоз кунад, боздошт карданд,” - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Мақомот ҷузъиёти дигари боздошти Наврӯз Санговро ошкор намекунанд, вале мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ӯ ба хотири рафтан ба Сурия мехост Туркия биравад.

Вале худи Наврӯз Сангов ба хешовандонаш гуфтааст, ки аз рӯи иттиҳоми ворида худро бегуноҳ меҳисобад ва нияти ӯ ин набуд, ки ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯ бипайвандад.

"Барои табобат ба Туркия рафтанӣ буд"

Пайвандонаш мегӯянд, Наврӯз тобистони имсол барои таҷрибаомӯзӣ ба ватан омада, дар яке аз шӯъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ коромӯзӣ карда буд. Онҳо мегӯянд, Наврӯз бо баҳои аъло мехонд ва қарор буд, соли оянда баргашта дар ниҳоди амниятии Тоҷикистон кор кунад.

Ниҳолбӣ Раҳимова, модари Наврӯз рӯзи 22-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо писараш дар боздоштгоҳ мулоқот кардааст ва ӯ танҳо гуфтааст, “ҳамааш хуб мешавад”.

“Кадом нафаре бачаи маро бероҳа кардааст. Худаш гуфт, ки барои табобат ба Туркия рафтанӣ буд. Гуфт, ки дарди меъда ва сар ӯро азоб медод. Чанд бор раҳбарашон гуфтааст, ки ҷавобаш диҳад, вале ҷавобаш надодааст. Баъд бачаи беақл ҳамин корро кардааст. Гуфт, ки “ба Худо, он тарафҳо рафтанӣ” набуд, балки ба Туркия барои табобат мерафт. Тобистон дар ҳамин Тоҷикистон табобат гирифта буд”, - гуфт ӯ.

Ниҳолбӣ Раҳимова мегӯяд, аз чанд вакили дифоъ хоҳиш карданд, то ҳуқуқи писарашро ҳимоят кунанд, вале вакилон бо далелҳои номаълум нахостанд аз ҳуқуқи писараш ҳимоят кунанд.

"Ҳамаро ҳайрон кард"

Шариф Сангов, бародари Наврӯз низ рӯзи 22-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тарки таҳсил кардани бародараш ва сафари ӯ ба Озарбойҷон ҳамаро ҳайрон кард. “Орзуи ӯ кор дар ниҳодҳои қудратӣ буд. Ҳеҷ гоҳ фикри дигар надошт. Бо баҳои бисёр хуб мехонд ва мо умед доштем, ки соли дигар омада дар Тоҷикистон кор мекунад,” - гуфт ӯ.

Маълум нест, ки Наврӯз Сангов ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар кадом ниҳоди Тоҷикистон таҷриба омӯхтаст. Парванда ҳанӯз дар дасти тафтишот аст ва маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии ин ҷавон кай баргузор мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG