Изҳороти Русия баъди се рӯзи танише дар равобити ин ду ҷониб садо дод ва нуқтаи авҷи он рӯзи чоршанбе ба гӯш расид, вақте намояндаи «Газпром» гуфт, бо сабаби пардохт нашудани 600 миллион доллар қарзи Украина, содироти газ ба ин кишвар то 50 фоиз коҳиш дода мешавад.
Дар ин робита Зиновий Фритс, корманди бахши украинии радиои Озодӣ, гуфт, ба эҳтимоли ғолиб, «Газпром» бо ин сабаб чунин тасмимро гирифт, ки Украина дар симои нахуствазир Юлия Тимошенко намоиш дод, ки Украина бо шантажи Русия розӣ шуданӣ нест. Ва Русия ҳам ночор шуд, зеро ихтилоф бо Украина метавонад барои интиқоли гази Русия мушкилоти фаннӣ ба бор орад. Ба гуфтаи ӯ, ин қазияро метавон чун пирӯзии Юлия Тимошенко арзёбӣ кард.
Зиновий Фритс дар мавриди қарзи Украина афзуд, Юлия Тимошенко ба таври равшан гуфт, ки Украина қарзашро пурра пардохт хоҳад кард. Вай иброз дошт, ки нуқтаи авҷи фишорҳо болои Украина дар ин се рӯзи ахир аллакай пушти сар шудааст ва газ дубора ба Украина интиқол меёбад. Дар ин баҳсҳо Русия чунин вокуниши Иттиҳоди Аврупо ва ИМА-ро интизор набуд. Онҳо ба Русия нишон доданд, ки ин роҳе нест, ки Русияро ба соҳили умед мерасонад. Иттиҳоди Аврупо тамоми маълумотро роҷеъ ба мушкилоти гази миёни Русияву Украина дар даст дорад. Ва, ба эҳтимоли зиёд, Украина ба Иттиҳоди Аврупо тамоми далелҳои зарурӣ дар ин қазияро пешниҳод кардааст, ки ба манфиати Русия нест.