Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ю.Тимошенко: Укроинро эҳё мекунам


Юлия Тимошенко, сиёсатмадори укроинӣ
Юлия Тимошенко, сиёсатмадори укроинӣ

"Ман ҷӯёи қудрат нестам. Ман фақат он навъи сиёсатеро пешниҳод мекунам, ки кишвари маро эҳё карда метавонад", - бо ин иқтибос шурӯъ мешавад мусоҳибаи яке аз шахсиятҳои зиддунақизи сиёсати Украина - Юлия Тимошенко дар сомонаи интернетии ӯ.

Аммо тамоми зиндагӣ ва корномаи вай аз муборизаи шадид ва бетанаффус барои қудрат шаҳодат медиҳад. Хонум Тимошенко 47 сол дошта, дар Днепропетровск ба дунё омадааст. Дар ҳамон ҷо вай донишгоҳи давлатиро аз рӯи ихтисоси иқтисодшинос-кибернетик хатм кард. Фаъолияти кории Юлия Тимошенко ба миёнаҳои солҳои 80-уми қарни гузашта аз ифтитоҳи тиҷорати оилавии мавсум ба видеосалон шурӯъ шуд. Аммо дар фурсати кӯтоҳ, соли 1991 вай раҳбар ва моликдори ширкати "Бензини украинӣ" шуд, ки баъдан роҳро барои таъсиси шиткари азими "Системаҳои воҳиди энергетикии Украина" ҳамвор кард.

Худи вай ин давраи фаъолияташро чун як марҳилаи пурмаҳсули тиҷоративу сиёсӣ барои худ арзёбӣ мекунад. Таҷрибаи кор дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва арзаи моли ин ширкат ба бозори Русия, дар шароити мушкилоти шадиди иқтисодӣ, мегӯяд Тимошенко, ӯро дар баробари ду интихоб қарор дод: бояд роҳи начандон осони тиҷоратро бо гурӯҳҳои олуда ба ҷиноят ва фасод идома медодам ва ё ба сиёсат рафта зидди ин ҳама мубориза мебурдам.

Карераи сиёсии Тимошенко соли 1996 аз узвият дар парлумони Украина шурӯъ шуд ва баъдан, дар аҳди раисҷумҳурии пешини ин кишвар Леонид Кучма охири соли 1999 - вай муовини нахуствазири Украина дар масоили энергетикӣ таъйин мешавад. Тимошенко дар сайти интернетии худ мегӯяд, яке аз ҳадафҳои аслиаш дар ин мақом мубориза бо ришвату фасод ва тиҷорати сиёҳи риштаи энергетикӣ буд, аммо ин ҳама талошҳои вай на ба ҳама писанд буд ва баъди як сол - моҳи январи 2001 вай аз мақом барканор мешавад. Баъди як моҳ бо тақозои додситонии кулли Украина Тимошенко боздошт мешавад, аммо баъди як моҳ, бо сабаби беасос будани иттиҳомоти алайҳи вай, ба озодӣ мебарояд.

Ирена Халупа, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари бахши украинии радиои Озодӣ, мегӯяд, барои ҳеҷ кас пинҳон нест, ки Юлия Тимошенко ба зиндон андохта шуда буд. Режими Кучма ӯро зиндонӣ карда буд. Вай меафзояд, ҳоло ман гуфта наметавонам, ки вай воқеан ҳам гунаҳгор буд ё на, чунки ҳеҷ гоҳ ӯро ба додгоҳ накашонданд, ва ӯ ҳамеша ба бегуноҳии худ исрор варзидааст. Ҷорҷ Сорос, яке аз маъруфтарин соҳбикорони башардӯсти Амрико гуфтааст, Тимошенко "як браконер ё шикорчии дуздакиеро мемонад, ки дар натиҷа худ ба ҳомиёни ҷонварон дар бешазор табдил шудааст".

Тимошенко ба яке аз раҳбарони муҳими нирӯҳои мухолифини кишвар табдил мешавад ва муборизаро зидди режими Леонид Кучма, раисҷумҳурии вақти ин кишвар шурӯъ мекунад. Соли 2004 Тимошенко қарор мекунад бо ҳизби "Украинаи мо"-и Виктор Юшенко зидди тақаллуби натиҷаҳои давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар муттаҳид мешаванд ва дар натиҷаи он чи ки чун инқилоби норанҷӣ маъруф аст, ниҳоят пирӯз мешаванд. Виктор Юшенко раисҷумҳурӣ ва Юлия Тимошенко нахуствазири кишвар мешавад.

Аммо раҳбарии Тимошенко дар ин мақом ҳамагӣ 7 моҳ идома мекунад ва дар пайи бӯҳрони идомаёбандаи сиёсӣ аз мақом меравад. Ва баъди танаффуси дусола инак Тимошенко дубора, дар пайи интихоботи парлумонии кишвар дар натиҷаи созиши нав бо ҳизби раиси ҷумҳурӣ Виктор Юшенко ва ташкили аксарият дар парлумон ҷӯёи курсии нахуствазири Украина аст. Таҳлилгарон ба шахсияти Тимошенко бо гунаҳои мухталиф баҳо медиҳанд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо инкор намекунад, ки ӯ як зани боақлу ҳуш ва як лидери қавӣ мебошад. Иҷрокунандаи раҳбари бахши украинии радиои Озодӣ Ирена Халупа мегӯяд, Юлия Тимошенко зани фавқулодда оқил аст. Дар бораи ӯ мегӯянд, ки ақли вай бо ҳуснаш дар ҷанг аст. Вай яке аз шахсиятҳои зидду нақиз аст ва агар як бахш ӯро дӯст доранд, бахши дигар ӯро комилан қабул надоранд.

Таҳлилгари украинӣ Кост Бондаренко мегӯяд, Тимошенко шояд танҳо нафаре бошад, ки ҳамеша мантиқӣ кор карда, барои ҳар амал ва иқдоми худ далелҳои возеҳу рӯшан дорад. Хонум Халупа мегӯяд, Тимошенко ҳамеша дар ба ҳадафи худ мерасад, ва агар ҳатто дар ҳолатҳое ноком шуд, ин нокомиҳояшро ба манфиати худ мегардонад. Вай меафзояд, Тимошенко раҳбарест, ки стратегӣ фикр мекунад ва ҳамеша ба ҳадаф мерасад. Аммо вай, ба андешаи ин таҳлилгар, ба чанд иқдоме даст задааст, ки на ҳамеша қобили қабул будааст.

Ба гуфтаи Кост Бондаренко, хонум Тимошенко пеш аз ҳама тоҷир аст ва ӯ сиёсатро ҳамчун як бизнес арзёбӣ мекунад. Дигар ин ки вай ҳадду ҳудудро намедонад. Вақте ба як ҳадаф мерасад, баъдан аз худ меравад ва дар ин ҷо ба иштибоҳҳо роҳ медиҳад. Масалан, вақте ки вай соли 2005 нахуствазир шуд, вай ба таври рӯшан бо раиси ҷумҳурӣ вориди рақобат шуд. Вай ҳамеша нақши худро болотар аз манфиатҳои гурӯҳӣ мемонад. Як таҳлилгари укринӣ дар бораи вай гуфтааст, ки агар имсол Тимошенко раҳбари Украина шавад, пас соли дигар ва раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ мешавад.

Оқои Бондаренко афзуд, Тимошенко тавони ташкили гурӯҳи қавии сиёсиро дорад, аммо дар сари ин нирӯ худи вай қарор мегирад, ки тамоми фаъолиятҳои он баъдан танҳо барои манофеи ӯ нигаронида хоҳад шуд. Ин сиёсатшинос мегӯяд, ҳоло Тимошенко бо сабақ аз соли 2005 талош хоҳад кард, ки ба иштибоҳҳои гузаштаи худ роҳ надода бештар кори амалӣ нишон диҳад, ва ин кори вай бояд муассир бошад. Аз ҷумла, ӯ акнун ба як қатор ислоҳот даст мезанад, ки тавони иҷрои онҳоро раиси ҷумҳурӣ Юшенко надорад, мегӯяд таҳлилгар.

XS
SM
MD
LG