Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Газ чанд пул?


Ширкатҳои «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» ҷиҳати афзоиши интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба тавофуқ расида, аммо таъйини қимати газро ба таъхир гузоштаанд.

Тибқи иттилоъи расонаҳои Ӯзбакистон, акнун Тоҷикистон аз ин кишвар 1 млрд метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард, аммо ба далели ҳанӯз муайян нашудани қимати гази содиротии ин кишвар таъйини нарх ба моҳи январи соли оянда мавқуф гузошта шудааст.

Тоҷикистон аз Ӯзбакистон соли равон 700 млн метрии мукааб газ ворид ва ба ҳар ҳазор метри мукааб сад доллари амрикоӣ пардохт кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2006 ҳар ҳазор метри мукааби гази Ӯзбакистонро Тоҷикистон ба 55 доллар харидорӣ мекард.

Гуфтугузорҳо рӯйи боло бурдани нархи газ дар Осиёи Марказӣ баъди он сурат гирифтанд, ки кишвари Туркманистон барои ширкати Газпроми Русия қимати 1 ҳазор метри мукааби газро аз 100 ба 140 доллар афзуд. Ҷониби Ӯзбакистон низ ба харидори асосии газаш, яъне ширкати Русия паём фиристодааст, ки рӯйи қимати газаш таҷдиди назар хоҳад кард.

Ӯзбакистон барои Қирғизистон - харидори дигари газаш дар таъйини нарх ҳамеша гузашт мекунад, аммо Тоҷикистон гази ин кишварро бо нархе мехарад, ки барои Газпроми Русия таъин шудааст.

Тавре дар идораи Тоҷикгаз ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ҳайъати ин ниҳод таҳти раҳбарии муовини раиси Тоҷикгаз ба Тошканд ҷиҳати баррасии афзоиши ҳаҷм ва арзонтар харидани газ сафар кард ва дар мавриди нарх ба тавофуқ нарасида, ба Душанбе бозгашт.

Аммо охири ин ҳафта як ҳайати дигар таҳти сарварии раиси «Тоҷикгаз» ба Тошканд сафар кардааст. Қарор аст, ин ҳайат рузи душанбе, 10 декабр бо ҳамтоёни ӯзбаки худ мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG