Созмони Freedom House мегӯяд, режимҳои худкома дар Шӯравии собиқ ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандииро поймол мекунанд.
Арч Паддингтон ва Кристофер Уолкер, муаллифони гузориши солонаи Freedom House дар бораи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар ҷаҳон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шурӯъ аз соли 2001 ва то соли сипаришуда ягона минтақае, ки озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ коҳиш ёфтаанд, кишварҳои собиқ шуравӣ, ба истиснои кишварҳои соҳили Балтиканд.
Муаллифон мегӯянд, ки ҳама сабабу далелҳои пойинравии озодиҳо дар ин минтақа рушан нест. Дар ҳамин ҳол Арч Паддингтон, раиси бахши пажуҳишҳои Хонаи Озодӣ ба се омили эҳтимолӣ ишора мекунад – аввалан, ба қудрати иқтисодӣ, ки режимҳои ғайридемократии кишварҳои соҳиби нафту газ - Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон соҳиб шудаанд, сониян – ба мероси Иттиҳоди Шӯравӣ ва саввум – ба таъсиру нуфузи Русия дар ин қаламрав.
Паддингтон меафзояд, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо барои баррасии вазъи озодиҳо дар кишварҳои собиқ шӯравӣ аз иқдомҳоеро пиёда карданд ва аммо кишварҳои дорои захоири бойи табиӣ ин талошҳоро нодида гирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, Ғарб ҳатто талош кард, ки бархе аз режимҳои помолкунандаи озодиҳоро қонунӣ гардонад ва яке аз ин гуна кишварҳо - Қазоқистон соли 2010 раёсати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бар дӯш хоҳад гирифт: “Ин қадами хело муҳим аст, ки ҳукми худкомаро дар садри созмони байнулмилале қарор медиҳад, ки вазифаи он, аз ҷумла назорати мутобиқати интихобот ба меъёрҳои байнулмилалист. Ва аммо маъракаҳои интихоботӣ дар Қазоқистон, воқеан, ҷавобгӯи ин меъёрҳо набуданд.”
Кристофер Уолкер, раиси созмони Freedom House мегӯяд, ки соли сипаришуда дар бештари кишварҳои собиқ шуравӣ фишору таъқиб боло рафта, мақомот аз чораҳои зидди озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ кор гирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир бештар ҳуқуқҳои сиёсии мардуми қаламрави Иттиҳоди шӯравии собиқ, ба ҷуз, кишварҳои соҳили Балтик, помол шуданд ва соҳибқудратони ин мамолик имконоти мухолифинро маҳдуд мекарданд. Ба гуфтаи Уолкер, он чиро, ки дар ин кишварҳо мегузарад, ба ҷуз забти комили қудрат наметавон дигар гуна арзёбӣ кард.
Дар гузоришҳои пешини Хонаи Озодӣ ишора шуда буд, ки дар кишварҳои аз захоири табиӣ бойи Шӯравии собиқ ҳамроҳ бо болоравии қимати нафту газ худкомагӣ низ афзоиш ёфт. Ва аммо коҳиши қимати нафт, ба гуфтаи Уолкер, нигарониҳоеро ба бор овард, ки кам шудани даромади хазина ба мавқеъи сиёсии раҳбарони ин кишварҳо чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт? Ба гуфтаи Кристофер Уолкер, замоне, ки қимати нафт афзоиш ёфт, кишварҳое чун Қазоқистон, Озарбойҷон ва Русия даромадҳои буҷа аз маводи сӯхтро барои хунсо кардани норозигиҳои афзояндаи мардум истифода бурданд ва ислоҳоти сиёсиву иҷтимоиро мавқуф гузоштанд.
“Агар шумо ба вазъи Қазоқистон ва, ба хусус Озарбойҷон ва Русия назар кунед, мебинед, дар аксари соҳаҳои зербиноӣ ки нозирон ба зарурати ислоҳот дар онҳо ишора кардаанд, суръат ниҳоят кунд шудааст. Баъзеҳо бар ин назаранд, даромади ҳангуфте, ки ба дасти ин кишварҳо уфтодааст, имкон додааст, ки ислоҳот дар сектори иҷтимоӣ , маориф ва ғайраро мутаваққиф кунанд”.
Дар гузориши Freedom House Тоҷикистон чун як соли пеш дар сафи кишварҳои ноозод ҷойгир шудааст. Гузоришҳои Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишварҳои мухталифи олам аз соли 1972 ба ин сӯ нашр мешаванд.