Бино ба гузоришҳои хабаргузории давлатии «Синхуа», дар маҳаллҳои бумиёни Тибет дар вилоятҳои Сичуан ва Гансу, ки ҳамсояҳои Тибет мебошанд, “ошӯбҳо” сар задаанд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, дар ин ошӯбҳо идораҳои давлатӣ ва фурӯшгоҳҳо хисорот дидаанд. Нозирони мустақил низ мегӯянд, дар вилояти Қингай низ нооромиҳо мушоҳида шудааст.
Хабарнигорону сайёҳони хориҷӣ, ки аз Тибет меоянд, мегӯянд, давлати умии Чин ҷиҳати фурӯ нишондани ошӯбҳо ҳазорон сарбозро ба маҳаллҳои ноором мефиристад. Хабаргузории «Франс-Пресс» хабарнигори рӯзномаи олмонӣ «Ди Велт» Ҷорҷ Блумро иқтибос карда, навиштааст, ки мақомоти Чин ӯро ҳамин субҳ аз шаҳри Лҳаса - маркази Тибет рондаанд. Вай гуфтааст, ки корвони 200 мошини низомиро дидааст, ки зоҳиран 6 ҳазор сарбозро ба маҳалҳои ошӯбзада мебурданд.
Як хабарнигори «Би-Би-Си» аз ғарби Чин гузориш додааст, ки чаҳорсад мошини низомиро дидааст, ки ба сӯи Тибет ҳаракат мекарданд. Далай Лама, пешвои буддоиёни Тибет, имрӯз дар қароргоҳаш дар Дҳарамшалаи Ҳиндустон гуфт, ҳозир аст ба Пекин рафта, бо мақомоти Чин доир ба нооромиҳо гуфтӯгу кунад. Далай Лама пештар гуфта буд, ки эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Тибет як навъ баёни хашму норозигӣ аз сиёсатҳои давлати Чин аст.
Аммо пайравони Далай Лама зоҳиран талабҳои бештар доранд. Як рӯҳонии тибетӣ рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Гансуи Чин ба хабаргузории Ройтерс гуфт, «аввалин талаби мо ин аст, ки Далай Лама ба Тибет баргардад ва ин умеди ҳамаи мо мебошад». Вай афзуд, «мо хостори истиқлоли комили Тибет, озодӣ, баробарӣ, сулҳ ва хушбахтӣ ҳастем».
Дар Пекин сухангӯи вазири умури хориҷаи Чин пешниҳоди Далай Лама ҷиҳати музокиротро рад кард ва пешниҳоди ӯро саъйе барои истиқлолталабии Тибет номид. Пештар аз ин таҳҳавулот вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ки тарафдори музокироти мустақими мақомоти Чин бо Далай Лама мебошад. Попи Рум Бенедикти 16 ва нахуствазири Бритониё Гордон Бровн низ рӯзи чаҳоршанбе ба он раҳбарони ҷаҳонӣ пайвастанд, ки ба музокирот миёни Чин ва Далай Лама даъват мекунанд.