Раҳбари руҳонии Тибет ин нуктаро рузи сешанбе, 18 март дар пойгоҳи худ дар ғурбат дар шаҳраки Дарамсалаи Ҳиндустон изҳор дошт ва идомаи хушунатҳо дар Тибетро маҳкум кард. Вай ба ҳамватанонаш гуфт: "Ҷиноят содир накунед!".
Далай Лама руйдодҳои кишварашро худкушӣ номид ва изҳор дошт, ки ҳатто агар ҳазор нафар худро қурбон кунанд, он суде нахоҳад дошт. Вай ба мардуми Тибет гуфт, ки истиқлол масъалаи матраҳ нест.
Ин изҳороти Далай Лама дар ҳоле садо медиҳад, ки ба қавл аз мақомоти расмии Чин дар хушунатҳои Лҳаса 13 нафар шаҳрвандон кушта шудаанд. Тазоҳуркунандагони тибетӣ мағозаҳову мошинҳои чиниро ба оташ кашиданд ва мегуянд, Чин онҳоро ба мустамликаи худ даровардааст. Тибетиҳои табъидӣ мегуянд, ҳангоми саркубии тазоҳуркунандагон тавассути нируҳои амниятии Чин дастикам 80 тазоҳуркунанда кушта шудаанд. Дар манотиқи дигари Чин низ бо ширкати тибетиҳои маҳаллӣ чанд тазоҳурот баргузор шудааст.
Рузи сешанбе, 18 март Далай Лама иттиҳомотро дар ин бора, ки гуё вай хушунатҳоро таҳрик додааст, қотеъона рад кард. Далай Лама мегуяд, ки вай хостори додани худмухторият ба Тибет дар таркиби Чин аст, на хостори истиқлоли Тибет. Далай Лама соли 1989 барои мухолифати пайопаи худ бар зидди истифодаи ниру дар Тибет, ки хостори ҳокимияти мухтор аст, ба дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел ноил омадааст. Бо вуҷуди изҳороти Далай-Лама, Вен Ҷибао - нахуствазири Чин вайро барои ангезиш додани хушунатҳои ахири Тибет муттаҳам кард:
"Мо далоили кофӣ дар ихтиёр дорем, ки ин ҳодисаро дар Тибет дору дастаи Далай созмон додаанд, миёнҷигарӣ ва идора кардаанд. Беш аз пеш ошкор мешавад, ки иддаои пайдарпаи дору дастаи Далай гуё музокироти сулҳомез будааст, на таблиғи истиқлол дуруғе беш нест. Иддао дар ин бора, ки гуё ҳукумати Чин машғули аз байн бурдани ба истилоҳ фарҳанг аст, дуруғи маҳз мебошад".
Вен Ҷибао - нахуствазири Чин ҳамчунин изҳор дошт, тазоҳуркунандагон талош доштаанд, бозиҳои олимпии тобистонаи Пекинро ба ҳам бизананд. Ин дар ҳолест, ки як рузи пеш Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба ҳар гуна бойкоти бозиҳои олимпӣ мухолифат нишон доданд.
Маҳофили байналмилалӣ низ ба руйдодҳои ахири Тибет вокуниш нишон доданд. Бан Ки Мун аз ҷонибҳо хост хештандорӣ кунанд.
Чин мегуяд, ки Тибет аз нимаи қарни 13 ба таври расмӣ бахше аз қаламраваш дониста мешавад. Аммо Тибет дар соли 1912 истиқлоли худро эълон кард ва то соли 1951 ҳукумати мустақил дошт. Соли 1950 Чин ба он ҷо ниру фиристод ва ҳайатеро аз Тибет даъват кард, то дар бораи даромадан дар ихтиёроти Чин қарордод имзо кунанд. Соле баъд аз имзои ин қарордод Тибет ба Чин таслим шуд.