Ба гуфтаи ӯ, сарвазири Чин Вен Ҷибао дар сӯҳбати телефонӣ бо Браун имрӯз ин омодагиро тасдиқ кардааст. Попи Рум, Бенедикти Шонздаҳ низ аз авзоъ дар Тибет изҳори нигаронӣ карда, хостори амну оромӣ дар ин минтақа шудааст.
Дар ин байн Пекин ба Тибет нерӯҳои зиёдтаре фиристода назорат бар онро тақвият медиҳад. Артиш ва полиси Чин манзили гумонбаршудагони ширкат дар беназмиҳои ахири Тибетро кофтуков ва онҳоро боздошт мекунанд. Вуруди хабарнигорони хориҷӣ ба Тибет мамнӯъ буда, ба маълумоте, ки аз манбеъи гуногун мерасад, эътироз ва хушунатҳо дар Тибет дар шакли пароканда идома доранд.
Ба қавли сарвазири Бритониё Гордон Браун ҳамтои чиноии ӯ, Вен Ҷибао гуфтааст, дар андешаи ташкили гуфтушунид бо Далай Лама, раҳбари маънавии тибетиҳост. Ин иттилоъ дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз пеш мақомоти Чин Далай Ламаро ба даст доштан дар ошӯбҳои ахири Тибет айбдор карданд ва ӯро "гурге дар либоси роҳиб" номиданд. Аммо худи Далай Лама бори дигар мухолифаташро ба зӯроварӣ таъкид кард ва хостори гуфтушуниди мустақим бо мақомоти Чин шуд.
Пекин мегӯяд, авзоъ дар Тибет ба эътидол омадааст ва машъали олимпӣ аз масири тарҳрезишуда, яъне ба воситаи Тибет оташи олимпиро ба Пекин хоҳад овард. Ноиби раиси иҷроии Кумитаи олимпии Чин, Ҷянг Ксяою дар нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт: "Чунин эътирозҳои ихлолгарона амалан хилофи оини олимпист ва ба ҳамаи мухлисони Олимпиада зарба мезананд. Онҳо инчунин рушди сулҳи ҷаҳониро халалдор мекунанд. Ба бовари ман, чунин аъмол ба дили инсонҳо наменишинад ва ҳатман шикаст мехӯрад."
Бархилофи эъломияҳои ҳукумати Чин аз эҳёи эътидол, шабакаҳои телевизионӣ як навореро намоиш доданд, ки дар шаҳре дар вилояти Гансу, дар ҳамсоягӣ бо Тибет садҳо тибетии савори асп бинои ҳукумати маҳаллиро муҳосира карданд ва парчами Чинро поин оварда, дар ҷои он парчами Тибетро барафроштанд.
Ошӯбҳои Гансу то омадани нерӯҳои чиноӣ, ду соат идома доштаанд. Хабаргузории давлатии Чин иттилоъ дод, ки зиёда аз 160 ширкаткунадаи нооромиҳои Тибет худро ба ҳукумат таслим кардаанд, то аз ҷазои сахт раҳо гарданд. Ҳукумати Чин гуфтааст, чунин афродро хоҳад бахшид, аммо идомадиҳандагони эътироз ҷазои сахт хоҳанд дид.
Тензин Такла, ёвари Далай Лама гуфт, тибетиҳо талаби истиқлолият накардаанд, балки ҳамоно хостори Роҳи васат, яъне мухторият дар ҳайати Чинанд. Аммо иттилоъ мерасад, ки ин мавзеъгирии Далай Лама дар миёни аъзои ҳукумати фирории Тибет ва дигар ташкилоти тибетиҳо пуштибонии кам ёфтааст. Далай Лама дар посух гуфтааст, агар мардум хостори идомаи зӯроварист ва агар раҳбарияти Тибет мехоҳад, силоҳ ба даст бигирад, вай аз мақоми пешвои муборизаи тибетиҳо канор хоҳад рафт.
Ин изҳороти Далай Лама пас аз мулоқоти ӯ бо сарони Кунгураи ҷавонони Тибет садо дод, ки ба бознигарии роҳи баргузидаи тибетиҳо дар 72 соли охир, идомаи эътирозҳои густарда ва таҳрими Бозиҳои олимпии моҳи августи Пекин даъват мекунад. Бархе аз созмонҳои дигар, ба монанди Хабарнигорон бидуни марз низ аз андешаи таҳрими бозиҳои олимпии Чин пуштибонӣ кардаанд.