Эътирозгарон дар роҳи шаҳри Дҳарамсала, ки онҷо ҳукумати фирории Тибет қарор дорад, дастгир шудаанд. Гуфтамешавад, дарбайни онҳо 5 зан ва чанд шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд.
Ин раҳпаймоӣ ҳанӯз рӯзи душанбе чун як бахши намоишҳо барои истиқлоли Тибет шурӯъ шуда буд, ки ба солгарди навбатии фирори Далай Лама аз Тибет баъд аз ошӯби ноком алайҳи ҳукумати вақти Чин рост омад. Ҳар сол 10 март роҳибони буддоӣ дар кишварҳои гуногун солгарди ин ошӯби Тибет алайҳи забти ин минтақа аз сӯи Чинро (соли 1960) таҷлил мекунанд. Имсол ҳудуди 600 роҳиб дар хиёбонҳои Лҳаса, маркази Тибет, таҷаммуъ намуда, хостори истиқлоли минтақа шуданд. Ҳамчунин садҳо нафар дар канори бинои сафорати Чин дар Катманду, пойтахти Непал, бо талаби истиқлоли Тибет гирдиҳам омаданд. Дар ҳамин ҳол дар шимоли Ҳиндустон беш аз 100 паноҳандаи тибетӣ раҳпаймоии эътирозӣ сӯи марзи Тибетро шурӯъ карданд, ки, ба иттилоъи хабаргузориҳо, онҳо саркӯб шуданд.
Шоҳидони ҳодиса аз Лҳаса дар бораи истифода пулис аз гази ашковар, тирпарронӣ ва боздошти дасти кам 15 нафар хабар доданд.
Бунсан Лама, яке аз созмондиҳандагони раҳпаймоӣ, мегӯяд: «Мо барои он ҷамъ омадем, ки санаи фоҷиъавиро таҷлил кунем. 49 сол пеш Чин ба қаламрави Тибет ворид шуда онро забт ва ибодатгоҳҳои муқаддаси мо ва ҳуқуқҳоямонро поймол кард. Чин акнун Бозиҳои олимпӣ доир карданист. Мо инро беадолатӣ мешуморем ва ба он мухолифат мекунем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳиндустон дар гузашта бо мардуми Тибет ҳамдилӣ нишон медод. Вале солҳои ахир аз тарси ба ғазаби Пекин мувоҷеҳ шудан аз баргузории эътирозҳои густарда алайҳи Чин дар қаламрави худ ҷилавгирӣ мекунад.