Бар асари ин таркишҳо бинои сеошёнаи рақами 64-и хиёбони Рудакӣ хисорот бардоштааст ва панҷараҳои ин бино рехтааст. Касе аз сокинони ин бино зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Ба гуфтаи бархе аз сокинони ин маҳалла, тахминан соати 7-и субҳ пайи ҳам се садои баланди таркиш паҳн шудааст.
Дар ҳоли ҳозир гурӯҳе аз кормандони вазоратҳои амният ва корҳои дохилии Тоҷикистон маҳалли ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки сарчашмаи инфиҷор балони газ будааст. Ин мақомоти умури дохила амали терористӣ будани ин ҳодисаро рад кардаанд.
Вале ҳамзамон намояндагони гуруҳи ОМОН-и вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, ҳини тафтиш аз маҳалли ҳодиса пораҳои норинҷаки дастӣ кашф шудааст, ки бо ин фарзияҳои дигари ҳодисаро наметавон рад кард.
Дар ду ҳафтаи ахир чунин ҳодиса дар маркази шаҳр бори дуввум аст, ки рух медиҳад, Ахиран, 19 январ, дар назди бинои дигари истиқоматӣ, воқеъ дар паҳлуи Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ), таркиш рух дод ва мақомоти амниятӣ дар натиҷаи таҳқиқ дар он ҷо низ пораҳои норинҷакро пайдо карда будаанд.