Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе гуфт, агар айбномаи додситонии пойтахт тасдиқ шавад, ин ширкат хисороти ворида аз таркишро бармегардонад.
Оқои Муҳаббатов мегӯяд, бар асари беаҳамиятии кормандони «Душанбегаз» ҳафтаи сипаришуда дар бинои рақами 15 -и кӯчаи Неъмат Қаробоев ғайримунтазира таркиши гази табиӣ рух додааст.
Додситонӣ ҳоло масъалаи ҷуброни хисорот ба зарардидагони ин таркишро баррасӣ дорад ва дар сурати исбот шудани айби муттаҳамин, онҳо аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум ва ширкати «Душанбегаз» низ масъул хоҳад буд, ки хисороти ворида ба сокинони ин маҳалро пардохт кунад. Ба гуфтаи Қурбоналӣ Муҳаббатов, феълан, парванда алайҳи кормандони ширкати «Душанбегаз» боз гардидааст.
Саъдулло Хайруллоев, сардори ширкати «Душанбегаз» низ мегӯяд, ҳоло чор корманди ин ширкат дар ноҳияи Фирдавсӣ дар бозпурсии мақомоти додситонии шаҳр қарор доранд. Аммо вай иддаъои Қурбоналӣ Муҳаббатовро дар нисбати ин кормандони ширкати «Душанбегаз», ки гӯиё бо айби эшон таркиши гази сар задааст, комилан намепазирад. Оқои Хайруллоев мегӯяд, фақат додгоҳ метавонад дастандаркорои ин ҳодисаро мушаххас кунад.
Раҳбари «Душанбегаз» ҳамчунин ба ин нукта ишора мекунад, ки ширкати мазкур наметавонад хисороти ин маҳалли инфиҷоршударо баргардонад. Ба гуфтаи вай, ширкати «Душанбегаз» дар ҳоли муфлисшавист ва танҳо дар даҳ моҳи сипаришуда сокинони пойтахт аз ин ширкат беш аз 1 миллион сомонӣ, муодили 300 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор мондаанд.
Дар таркиши рӯзи 7 декабр дар яке аз кӯчаҳои Неъмат Қаробоев 7 нафар ҷароҳат бардоштанд. Он ҳангом низ фарзияи аслии мақомот дар мавриди ин таркиш газ буд.