Эътирози зарардидагони таркиш

Як гурӯҳе аз зарардидагони таркиш

Ҳудуди 25 зарардидаи таркиши ахир дар Душанбе дар назди бинои Ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо нишони эътироз ҷамъ омаданд.

Ба гуфтаи зарардидагон, пас аз таркиши манзили онҳо на мақомоти давлатӣ ва на масъулони ҳукумати ноҳия ба назди онҳо наомадаанд ва дасти ёрӣ дароз накардаанд. Як гурӯҳи осебдидагони беш аз 40 нафар дар калисои «СонМин» ном як созмони мазҳабии масеҳӣ паноҳ ёфтаанд. Адиба Мусулмонова, яке аз афроди норозӣ гуфт, ягон нафаре на аз ҳукумат на аз дигар созмоне аз ҳоли мо хабар нагирифт ва кумаке накард. Вай афзуд, то имрӯз мо бе хона тоқат кардем ва омада муроҷиат кардем, аммо ба мо гуфтанд, ки масъалаи хонаҳоятонро худатон ҳалл кунед.

Вале қисмати бештари онҳо се шаби гузаштаро дар зери ҳамон бинои тахрибшуда ба сар кардаанд. Онҳо намедонистаанд алъон дар куҷо хоб раванд. Мегӯянд, инфиҷор 23 оиларо аз хонаи истиқоматиаш маҳрум кардааст.

Раҳматулло Ғуломов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, ҳукумат ба онҳо ҷиҳати таъмини хурокворӣ кумак мерасонад, аммо имкони таъмини онҳо бо манзили зистро надорад. Вай гуфт, таъмири хонаҳо аз тарафи худи аҳолӣ бояд бошад. Вай афзуд, он чи ки аз тарафи фонди захиравии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ҳукумат кумак мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ба соҳибкорон муроҷиат кардааст ва онҳо зарадидагонро бо хурокворӣ ва либоси гарм кумак мерасонанд. Вай гуфт, ҳоло хонаи холӣ нест, ки зарардидагонро ҷойгир кунем, вале ин масъаларо кушиш мекунем ба зудӣ ҳал созем.

Ин зан дар натиҷаи таркиш бе хона мондааст

Аммо суханони раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт зарардидагони бинои тахрибшударо боз ҳам ба шӯр меовард. Онҳо мегуфтанд, дигар дар биное, ки тахриб шудааст, имкони зистан вуҷуд надорад, зеро эҳтимоли ҳар лаҳза фурӯ рехтани бинои тахрибшуда вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ҳануз муайян накардаанд, ки асли таркиши бинои мазкур дар чист: маводи мунфаҷира ё газ. Сокинони ин хонаи баландошёнаи тахрибшуда аслан намедонанд, ки бар асари чӣ манзили онҳо тахриб шудааст.