Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии осебдидагони таркиш дар Душанбе


Як гурӯҳи зарардигони таркиш
Як гурӯҳи зарардигони таркиш

25 нафар сокинони бинои дар натиҷаи таркиш харобшуда бо нишони эътироз дар назди ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷамъ омаданд.

Инҳо афроди осебдидае мебошанд, ки дар натиҷаи як таркиш, ки рӯзи 7 декабр дар бинои рақами 15, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ба вуқуъ пайваста буд, манзили зисти онҳо ғайри қобили истифода шуд. Дар натиҷаи ин таркиш шаш нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд ва 8 хонаи ин бинои чаҳорошёна валангор шуда, сокинони онҳо бехонаву дар гаштанд.

Гирдиҳамомадагон дар назди ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба хабарнигори родиёи Озодӣ гуфтанд, ки пас аз таркиш то имрӯз на ҳукумати кишвар ва на ягон созмони хайрия ба доди онҳо нарасидааст, дар ҳоле, ки онҳо дар ин сардии зимистон бехонумон гаштаанд ва дар кӯча мондаанд.

Ба нақли осебдидагон, якчанд оила аз ноилоҷӣ дар як ҳуҷраи камзарардидаи ҳамин бино дар шароити сангин то ҳол ба сар мебаранд. Даҳҳо нафари дигарро як созмони мазҳабии масеҳӣ таҳти унвони «СонМин» дар калисои худ паноҳ додааст.

XS
SM
MD
LG