Маҷаллаи интернетии "Transitions Online" навиштааст, ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ саъй доранд, дар дили мардуми диндор ваҳму ҳарос ҷой дода, бо ин восита ҳукми худро тақвият бахшанд.
Ба навиштаи "Transitions Online", солҳои ахир баъзе ҳукуматҳои мамолики Осиёи Марказӣ тарзи пешбурди мубориза бо мардуми диндорро тағйир дода, мехоҳанд ба муҷозоти онҳо ҷомаи қонунӣ пӯшонанд.Игор Ротар - муаллифи бахши аввали силсилаи "Вазъи дин дар Осиёи Марказӣ" менависад: «Дар Осиёи Марказӣ маҳдудсозии майдони фаъолияти ҷамоаҳои мусулмонону насрониҳо бо ишора ба мубориза бо экстремизми исломӣ амалӣ мешавад.»
Дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Transitions Online" Феликс Корлей - муҳаррири хадамоти иттилоотии "Форум 18" гуфтааст, мақомоти Осиёи Марказӣ ҳар чӣ бештар кӯшиш доранд, ки барои муҷозоти мардуми диндор чорчӯби қонунӣ таҳия намоянд.
Узбакистон: Ин роҳро Узбакистон дар соли 1998 бо қабули қонуни манъи фаъолияти ҷамоаҳои динии бидуни сабти ном ихтиёр намуд. Акнун дар Узбакистон ҳар касе ки берун аз масҷидҳои расмӣ тоату ибодат мекунад, худро бо хатари ҳабси тӯлонӣ мувоҷеҳ менамояд. Амалан мақомоти Узбакистон метавонанд чойнӯшии одии мардуми мутадаййинро мавриди таъқиб қарор диҳанд. Тибқи гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи башар "Ҳуман Райтс Воч" камаш ҳафт ҳазор фарди диндор дар маҳбасҳои Узбакистон ба сар мебаранд. Аксари онҳо аъзои созмони манъшудаи "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва ба истилоҳ "Ваҳҳобиён" мебошанд. Вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар таъкид мекунанд, ки дар Узбакистон мардуми зиёде танҳо бо ҷурми ибодат дар хонаҳои хусусӣ зиндонӣ шудаанд ва онҳо бо гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҳеҷ иртиботе надоранд.
Қазоқистон: Ин ҷумҳурӣ ба Узбакистон пайравӣ намуда, соли 2005 бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ ба қонун дар бораи дин тағйиру илова ворид кард. Акнун дар Қазоқистон ҳам ҷамоаҳои динӣ бояд сабти ном шаванд. Вале ба фарқ аз Узбакистон Қазоқистон фаъолиятҳои мубашширонро манъ накардааст.
Тоҷикистон: Маҷаллаи "Transitions Online" навиштааст, ки Порлумони Тоҷикистон қонуни нав дар бораи динро баҳс дорад. Ба ақидаи Феликс Корлей - муҳаррири "Форум 18" агар қонун дар шакли феълӣ ба тасвиб расад, Тоҷикистон кишваре хоҳад буд, ки дар он таъқиби мардуми диндор беш аз ҳар кишвари дигари Осиёи Марказӣ имконпазир мешавад. Бар пояи ин санад, дар Тоҷикистон шумораи масҷидҳо маҳдуд ва сабти он ба қадри назаррас душвор хоҳад шуд:
•Масҷидҳои панҷвақта фақат дар деҳоте сабти ном мешавад, ки дар он аз 200 то 2000 нафар иқомат намояд;
•Барои бунёди масҷиди ҷомеъ деҳа бояд аз 20 то 30 ҳазор сокин дошта бошад.
Пажӯҳишгари ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода тахмин мекунад, ки агар қонун тасвиб шавад, аз 28 масҷиди ҷомеи пойтахти кишвар ҳамагӣ 16-тоаш ба гирифтани асноди сабти ном муваффақ мешавад. Аммо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки ахиран дар Душанбе мақомоти маҳаллӣ ду масҷидро тахриб намуданд.
Як мансабдори баландпояи тоҷик дар сӯҳбат бо Игор Ротар - муаллифи мақола дар маҷаллаи интернетии "Transitions Online" гуфтааст: «Мо дар байни ду оташ қарор дорем.» Ба гуфти ин мансабдор "дар Тоҷикистон фаъолиятҳои ҷумбишҳои ифротгарои исломӣ аз қабили Ҳизб-утТаҳрир тавсеа ёфтааст ва дар натиҷаи тарғиботи ин гурӯҳ имрӯз сеяки занони кишвар ҳиҷоб мепӯшанд".
Мансабдор афзудааст, "аъмоли ифротгароҳои исломӣ моро водор мекунад, ки назорати шадиди ҷамоаҳои мусулмононро роҳандозӣ намоем ва агар дар ин байн фаъолияти ҷамоаҳои насрониён тибқи қонуни дигар назорат шаваду масҷидҳо баста ва калисоҳо боз ифтитоҳ ёбад, кишвар бо ошӯби хунин рӯ ба рӯ мешавад."