Бо вуҷуди кӯчакияш ин тазоҳурот бештар хислати таблиғотӣ касб кард ва овозаи он қавитар аз худаш буд, ҳарчанд ташкилкунандагонаш мегӯянд, навбати дигар раҳпаймоии онҳо ғулғулафкан хоҳад буд, зеро ақидаи онҳо на танҳо дар Аврупо, балки дар саросари ҷаҳон тарафдори зиёд дорад. Ин ақида ва эҳсосот дар ҳафтумин соли ҷанги ҷаҳонии зидди терроризм, ки аз рӯйдодҳои 11 сентябри соли 2001 шурӯъ шуд, дар афкори мардум мақоми аввал пайдо кардааст. Аммо як пажӯҳиши нави Маркази Геллап нишон медиҳад, ки Ғарб дар муносибаташ бо ҷаҳони ислом роҳи дурустеро дар пеш нагирифтааст.
Пажӯҳишгарони Маркази Геллап мегӯянд, сиёсатмардони Амрико ва мутафаккирони дигар аксаран вазъи феълии ҷаҳонро ба давраи ҷанги сард бо коммунизм шабоҳат медиҳанд ва роҳкорҳои ҳамсоне пешниҳод мекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, дар ниҳояти кор, ҳарду низоъ ба маънии муборизаи нуфуз ба дилҳо ва зеҳнҳост. Вале маркази Геллап мегӯяд, натиҷаҳои омӯзиши ҷаҳони ислом нишон медиҳанд, ки дар байни ин ду низоъ, яъне ҷанги зидди ваҳшатафканӣ ва ҷанги сард бо коммунизм, тафовутҳои муҳиме мавҷуд аст ва омезишу корбурди роҳкорҳои ҳамсон хатарнок мебошад.
Ба ақидаи ин сиёсатмадорон ва таҳлилгарон, агар либерализми ғарбӣ дар ҷаҳонбинии мусулмонон тасаллут пайдо кунад, тундгароии динӣ, ки ба оташи экстремизм рӯған мерезад, аз байн хоҳад рафт ва ин роҳи пирӯзӣ бар терроризм хоҳад буд. Пажӯҳишгаронин Маркази Геллап менависанд, барои дарки хатаре, ки ин пешниҳод эҷод мекунад, бояд аввал омилҳои тамоюл ба хушунатро таҳқиқ кард.
Пеш аз ҳама биниши тундгароёна танҳо хоси мусулмонон нест. Чунончи, 6 дарсади амрикоиён бар инанд, ки ҳадаф қарор додани ғайринизомиён комилан одилона аст, дар ҳоле ки теъдоди чунин ақидадорон дар Лубнон ва Эрон ҳамагӣ 2 ва дар Арабистони Саъудӣ 4 %-ро ташкил додааст.
Бо таҳқиқи афкори мардуме, ки аз 90 %-и мусулмонони ҷаҳон намояндагӣ мекунанд, маркази Геллап мегӯяд, бо вуҷуди эҳсосоти густардаи зиддиамрикоӣ дар кишварҳои мусулмон ақаллияти кӯчаке ҳамлаҳои 11 сентябрро кори дуруст шумурдааст. Муҳимтар аз ин дар миёни дараҷаи мазҳабгароӣ ва тамоюл ба экстремизм пайванде ба мушоҳида нарасидааст. Ва шумори тақрибан баробари чи радикалҳои сиёсатзада ва чи мусулмонони мӯътадил ба дини худ муносибати ҳамсон доранд. Натиҷаҳои пажӯҳиш баёнгари инанд, ки эҳсосоти зиддиамрикоӣ ва зиддиғарбии мусулмонон на бар пояи дин ё радикализми мазҳабии онҳо, балки бар пояи масъалаҳои муайян ба вуҷуд омадаанд. Дар ҳоле ки аксарияти онҳо ба Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё назари манфӣ дорад, айни ҳамин теъдод ба Фаронса ё Олмон мусбат менигаранд. Ҳам радикалҳо ва ҳам мӯътадилон тарафдори ҳамкории олами ислом бо кишварҳои ғарбиянд, вале ин ҳамкориро дар кӯмак ва сармоягузорӣ мебинанд, на дар ишғол ва хунрезӣ. Онҳо инчунин фанновариҳои ғарбӣ ва арзишҳои демократии ғарбӣ, ба монанди озодии матбуот ё ҳукумати бомасъулиятро хуш доранд, аммо таҳмил шудани фарҳанги бегонаро маъқул намедонанд. Биноан, ба таҳқиқи маркази геллап, ин барнома хатост, ки агар коммунизм ва Иттиҳоди шӯравиро шими ҷинсу маҷаллаи Плейбой шикаст додаанд, айни чунин пирӯзӣ дар низоъи нав низ ба даст хоҳад омад.
Дар давраи ҷанги сард, Ғарб ба мардум кӯмак кард, ҳукуматҳои мустабиди коммунистиро барканор кунад, вале дар ҷанги зидди террор Ғарб аз режимҳои нофораму номардумии кишварҳои мусулмон ҳимоят мекунад, то бо мадади онҳо зидди терроризм биҷангад. Кӯтоҳи сухан, ончи дар ҷанги сард натиҷаи мусбат дода буд, дар ҷанги нав метавонад, натиҷаи баракс хоҳад дод.