Аввалин тазод ин аст, ки бархилофи Тоҷикистон, дар Туркия, мушкили ҳиҷобро як масъалаи сиёсӣ мешуморанд. Тавре медонем, мақомоти Тоҷикистон ҳатто иттиҳомеро ба миён мегузоранд, ки гӯё касе ё гурӯҳе мехоҳад, ин масъалаи, ба гуфтаи онҳо сода ва ночизро ба як масъалаи сиёсӣ табдил диҳанд. Эрдуғон ошкоро мегӯяд, ин як масъалаи амиқан сиёсист, ки бо вуҷуди духӯрагияш дар робита ба низоми кишвар, наметавон аз он фирор кард. Дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Файнаншл Таймс", Эрдуғон гуфт, "ҳуқуқ ба таҳсили олӣ набояд ба сарулибоси духтарон вобаста бошад. Чунин мушкиле дар ҷомеаи ғарбӣ мавҷуд нест, вале дар Туркия ҳаст ва ин вазифаи аввалиндараҷаи сиёсатмадорон аст, ки ин мушкилро ҳал кунанд."
Тазоди дуввум. Онгуна ки манъи ҳиҷоб дар донишгоҳҳои Тоҷикистон эътирозҳоро ба миён овард, эълони Эрдуғон дар бораи зарурати лағви чунин мамнӯъият низ мояи норозигиҳо шуд. Мухолифони ӯ мегӯянд, агар ин тағйир ба амал ояд, фардояш ба ҳамаи занону духтарон фишор хоҳанд овард, ки танҳо бо ҳиҷоб ба кӯча бароянд. "Ин хилофи асли дунявият аст," мегӯянд онҳо, вале Эрдуғон посух медиҳад, "мо дар бораи озодиҳо ҳарф мезанем."
Тазоди савум. Ҳизби Адолат ва тараққии Эрдуғон, решаҳои исломӣ дорад, дар порлумон аксариятро ташкил медиҳад ва тавонист ба курсии раёсатҷумҳурии Туркия намояндаи худро биншонад. Дар Тоҷикистон ҳизби Халқию демократӣ ҳоким аст, ки решаҳои коммунистӣ дорад ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумони тоҷик соҳиби ҳамагӣ ду курсист. Аммо коршиноси умури озодии дин дар Тоҷикистон, Фаррух Умаров мегӯяд, вижагиҳои дигаре низ дар миён аст: "Бо таваҷҷӯҳ ба ҳувияти милли тоҷикон масъалаи дигар ин аст, ки Вазорати маорифи кишвар зидди рӯмолу рӯсарии миллӣ нест, балки тавре вазири маориф мегӯяд, зидди ҳиҷоби бегона ва арабист, ки аз он бӯи режимҳои теократӣ меояд. Ба духтарон иҷоза шудааст, ки бо рӯмол ё рӯсарии тоҷикӣ ба мактабу донишгоҳҳо ворид шаванд."
Фаррух Умаров коршиноси умури озодии дин дар Тоҷикистон. Вале сарвазири Туркия масъаларо на динӣ, балки тавре гуфтем сиёсӣ мешуморад ва мегӯяд, либоси инсон ҷузве аз озодиҳои хусусист. Вай меафзояд, ҳарду сарқонуни ахирии Туркия, яке дар соли 1960 ва дигаре дар соли 1980 пас аз табаддулоти низомиён ва аз тарафи онҳо қабул шуда, чунин ҳақро аз мардум гирифтаанд ва ин хилофи ҷомеаи шаҳрвандист.
Ҳамсӯҳбати мо, Фаррух Умаров мегӯяд, Эрудғон, ки ҳизбаш бо шиорҳои ҳифзи дунявияти Туркия ба қудрат расида буд, ҳоло симои аслии худро нишон медиҳад. Аммо Эрдуғон бар ин аст, ки дархости лағви мамнӯъияти ҳиҷоб як пешниҳод ба қонуни асосӣ хоҳад буд ва қабул ё рад шудани он ба намоиши иродаи мардум дар назархоҳии умумӣ бастагӣ хоҳад дошт.