Аввалин мурофиаи Салимҷон Иномзода (аз рӯи шиноснома - Азметов) рӯзи 8 январ дар додгоҳи ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ҳафт моҳ баъди боздошти хабарнигор баргузор шуд.
Пайвандонаш гуфтанд, ки мурофиа кушода сурат гирифт ва фарзандонаш дар толор ҳузур доштанд, вале онҳо аз додани ҷузъиёти рӯзи аввали мурофиа худдорӣ мекунанд.
Иномзода бар асоси моддаи 244 иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Узбекистон дар бораи “истеҳсол, нигаҳдорӣ ва паҳн кардани маводи дорои хатар ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ” ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Иномзодаро баъди нашри суруди Афзалшоҳ Шодиев дар бораи "Самарқанду Бухоро" ба саҳифаи фейсбукии "Тоҷикони Узбекистон" дар моҳи июли соли 2024 ба ҷавобгарӣ кашиданд ва аз ҷумла, дар бораи чӣ гуна ба ин саҳифа роҳ ёфтани ин суруд суол карданд.
Мақомоти тафтишотӣ парвандаро шарҳ намедиҳанд.
Эркин Рӯзиев, яке аз шоҳидони парванда гуфт, додгоҳ иштироки шоҳидонро ҳам дар рӯзи аввали мурофиа таъмин кардааст.
Гуруҳи "Тоҷикони Узбекистон" як гурӯҳи фарҳангӣ дар Фейсбук аст ва асосан матолиби фарҳангӣ дар бораи тоҷикони Узбекистон ва ё робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон нашр мекунад ва 15 ҳазор узв дорад.
Радиои Озодлик менависад, дар Узбекистон соли 2023 чил хабарнигор ва блогери маҳаллӣ дар номае ба президент Шавкат Мирзиёев аз сензура ва таъқиби афзоянда шикоят карда хостори ислоҳи вазъ шуданд. Созмони байнамилалии "Гузоришгарони бидуни марз" соли 2024 гуфт, нишондодҳои озодии баён дар Узбекистон ин кишвар дар давоми як соли гузашта бадтар шуда, аз ҷои 137-ум ба 148-ум фаромадааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Иномзодаро ба боздоштгоҳи "Тоштурма" интиқол доданд. Мақомоти Узбекистон парвандаро шарҳ намедиҳандОзодии шартии Эркин Рӯзиев; Салим Иномзода дар ҳабс мемонад